Ба туфайли ислоҳоти соҳаи таълим дохилшавии ҷавонони мамлакати мо ба донишгоҳҳои бонуфузтарини олам беш аз пеш меафзояд.
Амирбек Бахшуллоев аз ҷумлаи ҷавонони хушбахтест, ки синфи Xl-ро хатм накарда, аллакай ғолиби гранти 5 донишгоҳи беҳтарин гаштааст. Ин ҷавони 16-сола, ки дар шаҳри Бухоро, дар оилаи зардӯз таваллуд ёфта, байни ҳунармандон ба воя расидааст ва ҳоло дар таълимгоҳи таҳсилоти умумии ҳудуд таълиму тарбия мегирад, ният дорад, ки баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Донишгоҳи Стэнфорди ИМА идома дода, муҳандиси соҳаи технологияи ядровӣ шавад.
– Азбаски дар муҳити мулоқот бо сайёҳони хориҷӣ ба воя расидаам, дар хориҷи мамлакат гирифтани маълумоти олиро орзу доштам. Имкониятҳои имрӯз дар мамлакатамон барои ҷавонон фароҳамовардашуда боиси комёбиам гардид. Аз озмоиши IELTS 8,5 хол, санҷишҳои SAT 1520 хол ба даст дароварда, ба орзуям расидам. Ният дорам, ки баъди соҳибихтисос шудан, ба зодгоҳ баргашта, баҳри равнақи халқу Ватан хидмат намоям, – мегӯяд Амирбек.
А. Авезов, хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.