Барои барқарор намудани робитаҳои байнифаннӣ маводи таълимӣ аз нигоҳи мундариҷа ва ҷанбаъҳои мантиқӣ-психологӣ, педагогӣ, дидактикӣ, методологӣ ва дигар паҳлуҳо таҳлил карда мешавад. Пайдарпайии мавод метавонад ба ин омилҳо вобаста бошад, аммо он нисбатан мустақил буда, ба такмили мазмун ва усулҳои таълим таъсири ҷиддӣ мерасонад.
Яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани самаранокии дарсҳои ҳамгирошуда, муоширати байнифаннӣ мебошад. Муоширати байнифаннӣ, ки аз ҷониби омӯзгори соҳибтаҷриба дар раванди дарс ба роҳ монда мешавад, на танҳо шавқу рағбати донишомӯзонро меафзояд, балки ба азхудкунии мавод низ мусоидат мекунад.
Бар асоси таҳлили адабиёти илмӣ ва таҷрибаи амалӣ, се модели асосии омӯзиши ҳамгирошударо метавон муайян кард. Модели аввал ба он асос меёбад, ки дар давоми як рӯз якчанд дарс баргузор гардида, ҳангоми ҳалли масъалаҳои мураккабу муштарак робитаҳои байни фанҳо муҳим мебошанд. Ин раванд ҳамкории муаллимонро дар марҳилаи омодасозии дарс тақозо мекунад.
Модели дуюм бо он фарқ мекунад, ки назария ва амалия дар як рӯз ҳамзамон таълим дода мешаванд. Ин шакл асосан дар ҳамгироии омӯзиши технологӣ ва истеҳсолӣ татбиқ мегардад ва ҳамчун таълими дуалӣ низ маъруф аст.
Модели сеюм – модели тамаркуз дар он ифода меёбад, ки дар давоми як рӯзи дарсӣ аз як то се фан омӯзонида мешаванд. Ин тавассути гузаронидани чанд дарс дар доираи як мавзӯи умумӣ амалӣ мегардад.
Таҷрибаи кишварҳои пешрафта нишон медиҳад, ки барномаҳои таълимӣ фарогири фанҳои ҳамгирошуда мебошанд, ки ба ташаккули дониш дар бораи табиат ва ҷомеа равона шудаанд. Хусусан фанҳои дорои аҳамияти экологӣ ҳамчун воситаи муҳими тарбияи муносибати масъулиятнок ба муҳити зист дар донишомӯзон хизмат мекунанд.
Яке аз роҳҳои соддаи татбиқи ҳамгироӣ муттаҳид намудани якчанд фан ба як фан мебошад. Ин масъала дар таҳқиқоти байналмилалии педагогӣ, ки соли 1988 гузаронида шудаанд, мавриди омӯзиши васеъ қарор гирифтааст. Дар бисёр кишварҳо, равиши ҳамгироӣ хусусияти фарқкунандаи таҳсилоти ибтидоӣ ба шумор меравад. Ҳадафи асосии он наздик намудани кӯдакон ба дарки ҳамаҷонибаи олами наботот мебошад.
Дар чунин раванд, кӯдакон на танҳо тавассути муошират, балки бо истифода аз санъат, мусиқӣ ва фаъолияти эҷодӣ бо табиат, ҷомеа ва илм шинос мешаванд. Эҳсосоти кӯдак бояд бо рушди ҷисмонӣ ва фаъолияти ҳаракатии ӯ ҳамоҳанг бошад. Муҳимтарин шарти муваффақияти дарс фароҳам овардани муҳити мусоид дар синфхона мебошад. Масалан, истифодаи қолин, ҷойгузинии дурусти мизу курсӣ ва фароҳам овардани фазои озод ба фаъолияти эҷодии кӯдакон мусоидат мекунад. Дар чунин шароит, хонандагон худ муҳити омӯзиширо ташаккул медиҳанд. Барои ин аз захираҳои гуногуни бадеӣ, техникӣ, нашрияҳои иттилоотӣ, энсиклопедия ва харитаҳо истифода бурдан мумкин аст.
Дар шароити муосир, дар раванди ҳамгироии мундариҷаи фанҳои таълимӣ модел ва параметрҳои гуногуни педагогӣ истифода мешаванд, ки бевосита ба талаботи замон мутобиқанд. Масалан, стандартҳои таҳсилоти ибтидоӣ чор самти асосиро дар бар мегиранд: «Забони модарӣ», «Математика», «Табиат» ва «Инсон ва ҷомеа», ки дар маҷмӯъ даҳ фанро фаро мегиранд.
Дар муқоиса, низоми таҳсилоти ибтидоии Сингапур танҳо аз чор фан иборат аст: «Забони модарӣ», «Математика», «Эстетика» ва «Тарбияи ҷисмонӣ». Дар бисёр кишварҳо зиёда аз 70 фоизи низомҳои таълимӣ аз китобҳои дарсии ҳамгирошуда истифода мебаранд. Масалан, дар Британияи Кабир фанҳои ҳамгирошуда бартарӣ доранд, дар ҳоле ки дар Кореяи Ҷанубӣ ва Швейтсария шакли омехта истифода мешавад ва дар Австралия фанҳои алоҳида ҳифз шудаанд. Бояд гуфт, ки раванди таълимии мо қадамҳои аввалинро дар ин самт мегузорад.
Ҳамгироӣ бар асоси пайдарпайии мантиқии маводи таълимӣ амалӣ мегардад, ки дар он маводи нав маводи қаблиро такмил медиҳад, вале онро такрор намекунад. Дар натиҷа, дониш, малака ва қобилиятҳои хонандагон, инчунин фаъолияти эҷодии онҳо пайваста рушд меёбанд.
Масалан, дар синфи якум дар китобҳои дарсии «Хониш», «Забони модарӣ» ва «Муқаддима ба муҳити зист» матнҳои марбут ба фасли зимистон пешниҳод мешаванд, аммо мундариҷа ва сатҳи иттилооти онҳо қариб яксон аст. Ба ҷои такрори чунин мавод, пешниҳоди як матни мукаммали адабӣ, ки тамоми хусусиятҳои зимистонро фаро мегирад, мувофиқтар мебошад.
Афзалияти чунин равиш дар сарфаи вақт ва қувваи хонандагон, кам гардидани ҳаҷми китобҳои дарсӣ ва беҳтар шудани самаранокии таълим ифода меёбад. Масалан, ҳамгироии фанҳои «Одоб ва огоҳии экологӣ» бо «Хониш ва забони модарӣ» танҳо дар синфи якум имкон медиҳад, ки то 63 соат вақт сарфа гардад.
Дар натиҷа, пойгоҳи дониши хонандагон васеъ гардида, барои истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар ташкили раванди таълими ҳамгирошуда имкониятҳо фароҳам меоянд.
Зарифа КАБИРОВА,
муаллими кафедраи педагогикаи умумии ДДОЧ.