Сохтмони мактаби нав дар Дуоба

Дар ҳудуди мактаби рақами 15-уми деҳаи Дуобаи ноҳияи Узун бинои нави дуошёна барои 240 нафар хонанда сохта шуда истодааст. Аҳли деҳа, маъмурияти мактаб дер боз ин рӯзро интизор буданд, зеро сафи хонандагон сол то сол зиёд шуда, боиси норасоии синфхонаҳо мешуданд, (онҳо хеле кӯҳна шудаанд) ҷараёни дарсҳо дар айни замон дар ду баст давом мекунад ва барои мактабиён мушкилоти зиёде эҷод намудааст.

Ниҳоят, талабу дархости мунтазами сокинони маҳалла ба инобат гирифта шуд ва дар аввали соли ҷорӣ бунёди бинои нави мактаб оғоз шуд. Орзуву омоли падару модарон, ҷавонон, хонандагони мактаб ва устодон ниҳоят иҷобат шуда, инак, хурсандиашон ҳадду канор надорад.

Баъде, ки ҷавони серғайрату шуҷоъ Садриддин Мирзоев дар мактаб сарвар таъин шуд, аз харобии мактаб чашм пӯшида натавонист ва чандин бор ба идораҳои мутасаддӣ ва масъулони он муроҷиат намуда, талош варзид, ки сохтмони бинои нави мактабро ба нақшаи давлатӣ дароварад.

Сохтмон аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бойсунтрансқурилишлоиҳа» бунёд ёфта, ба он 2 миллиарду 952 миллион сӯм маблағ ҷудо карда шудааст. Сохтмончиён шабу рӯз бо кор банд буда, тасмим гирифтаанд, ки то соли хониши нави  2026-2027 бинои навро пурра сохта, ба истифода супоранд.

Мактаб таърихи куҳан дорад, вале мо ҳоло дар ин маврид хостем ду сухан дар бораи хидматҳои омӯзгорон, таълими имрӯзаи онҳо сухан ронем. Боварӣ дорем, ки хонандагоне, ки имрӯз дар ин мактаб таълиму тарбия мегиранд, барои рушди давлатамон ҳиссаи арзандаи худро гузошта, барои ободии мамлакат ҳаракат мекунанд ва давомдиҳандаи кори мо мешаванд.

Дар мактаби рақами 15 бисёр устодони пуртаҷрибаи куҳансолу ҷавон ҳоло ба фарзандони мо таълиму тарбия медиҳанд. Ба ин хел омӯзгорону устодон мо – падару модарон ташаккур мегӯем. Директори мактаб Садриддин Мирзоев ва боз чандин муаллимони дигар доимо бо падару модарон суҳбат, ҷамъомадҳо мегузаронанд, то ки дар оянда фарзандони мо соҳиби касбу кори гуногун шаванд. Шоир барҳақ фармудааст:

Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Дар ин мактаб муаллимони пуртаҷриба – ба монанди Абдуҷалил Каримов, Абдувоҳид Рӯзиқулов, Шомурод Шодиев, Бахтиёр Муродов, Ҳамдамқул Бобоев, Равшан Хидиров, Баҳриддин Холов, Беҳзод Қурбонов, Диловар Муродов, Сабоҳат Шарипова, Насима ва Ҷамила Бобоеваҳо, Гулчеҳра Муродова, Интизор Тағоймуродова, Истамгул Олимова, Мавзуна Рӯзиқулова, Азиза Ҷамшедова, Марҷона ва Мижгона Султоноваҳо  таълиму тарбия медиҳанд.

Соли гузашта чанд нафар хонандагон ба мактабҳои олӣ дохил шуданд, ки ин фахри мактаб, деҳа ва ҳамин устодон мебошад.

Мо – пирони маҳалла, падару модарон даст ба дуо бардошта, дуоҳои нек мекунем.

Маҳкамтош НАБИЕВА,

сокини маҳаллаи «Дуоба»-и ноҳияи Узуни

вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: