Рушди чорводорӣ дар қонеъ гардондани талаботи аҳолӣ ба маҳсулоти гӯшт, таъмини амнияти озуқаворӣ ва устувории нархҳо аҳамияти калон дорад.
Дар ин хусус дар минтақаҳои деҳот имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудааст.
Аз тарафи роҳбари давлатамон барои таъмини шуғли ҷавонон, такмили дониш ва малакаҳои амалии соҳибкориву тиҷоратии ба онҳо додани қарзҳои имтиёзнок қарорҳои зиёде қабул карда шудааст.
Озодбек Камолов сокини маҳаллаи Қӯрғончаи ноҳияи Уйчӣ чор сол инҷониб бо чорвадорӣ машғул аст. Озодбек дар хоҷагии чорводориаш 25 сар чорвои зотҳои ангус ва симментал, инчунин 20 сар гӯсфанд дорад.
– Ман аз имкониятҳои ба ҷавонон додашуда истифода бурда, ба пешравии кори саркардаам, яъне васеъ кардани фаъолияти чорводорӣ шурӯъ кардам. Бо ин мақсад дар чорабинии «Рӯзи ҷавонон» ба ҳокими вилоят муроҷиат карда будам. Мутахассисони соҳа ва масъулони маҳалла бо фаъолияти кориам шинос шуданд ва муроҷиатамро дар ҷояш ҳал намуданд. Аз ҷониби «Алоқа банк» ба ман ба миқдори як миллиард сӯм қарзи имтиёзнок ҷудо карданд, – мегӯяд Озодбек.
Шаҳло МАМАДҶОНОВА,
вилояти Намангон.