Дар даври 13-уми Мусобиқаи номзадҳо, ки дар Кипр ба поён мерасад, Ҷавоҳир Синдоров, ки бо муҳраҳои сиёҳ бозӣ мекард, дар даври сездаҳум бо рақиби асосии худ – Аниш Гирии ҳолландӣ мусовӣ кард ва пеш аз муҳлат ғолиби мусобиқа шуд.
Ин ба он маъност, ки Ҷавоҳир Синдоров ҳуқуқи мубориза барои тоҷи шоҳмотро дар муқобили чемпиони феълии ҷаҳон Гукеш Доммараҷу ба даст овардааст.
Ин комёбии Ҷавоҳир, инчунин нишондиҳанда ва рекордҳои барҷастае, ки дар Мусобиқаи номзадҳо ба даст овард, бори дигар ба ҷаҳониён нишон дод, ки иқтидори зеҳнии ҷавонони мамлакати мо дар симои шоҳмоти ӯзбек то чӣ андоза баланд аст.
Бо вуҷуди он ки даври 14-уми ниҳоии Мусобиқаи номзадҳо ҳанӯз дар пеш аст, муваффақияти пеш аз муҳлати Ҷавоҳир як воқеияти таърихиест, ки ҳамчун дастоварди муҳим, пирӯзии ақлу тафаккури мардуми мо дар саҳнаи байналмилалӣ шоистаи эътироф мебошад.
Тӯлқин РӮЗИЕВ,
мухбири ӮзА.