Мақом ва аҳамияти Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар тарбияи инсони муосир

Маълум аст, ки осорхонаҳо бо мақсади таблиғи ин ё он сиёсат, ҳадаф ё арзишҳои мушаххас, ки баъзан ба воқеияти таърихӣ чандон мувофиқат намекунанд ё комилан созгор нестанд, ташкил карда мешаванд.

Хона-музейи устод дар Самарқанд бо дарназардошти нақши бузурги нависанда, олим ва арбоби давлатӣ ташкил шудааст. Мероси илмию эҷодии ӯ умумибашарӣ буда, ҷараёни воқеаҳои таърихӣ, мақом ва мавқеи  халқи точик ва забони ӯро дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ фаро гирифтааст.

Рисолаи пурмуҳтавои «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод воқеан асарест, ки дар замони навишта шуданаш мубориза барои ҳаёт, забон ва ҳастии миллати тоҷик буд.

Шахсияти Садриддин Айнӣ беназир аст.  Айнӣ зиндагии бисёр душвору печидаро аз сар гузаронид.  Баъзан чунин  ба назар мерасад, ки  устодро як нируи илоҳӣ муҳофизат кардааст. Зеро аз вазъиятҳои мушкилтарин ғолибона берун омадааст, ки муъҷиза менамояд.

Вазъияти аморати Бухороро дар охири асри XIX ба ёд оваред. Ғуломӣ, ҷангҳои байнимазҳабӣ, камбизоатӣ ва бар замми ин, офати вабо, ки дар тамоми ҳудуди аморат паҳн шуда, бисёр аҳолии кишварро нобуд карда буд. Падару модари Садриддини хурдсол низ аз ин офат нобуд шудаанд.

Дар шароите, ки мебоист барои дастгирии бародарони дар парастории ӯ монда саъй кунад, кор ёфтан осон набуд.

 Вале бахти Садриддини ҷавон омад кард. Ӯ дар хонаи собиқ қозикалони аморат Садри Зиё, ки шоир ва маорифпарвари замони худ буд, хидмат мекунад. Хонаи Садри Зиё маркази тамоми фикру ақидаҳои наву пешқадам буд. Дар ин ҷо донишмандони Бухоро ва зиёиёни кишвар, пайваста ҷамъ меомаданд, мунтазам чорабиниҳои адабӣ ва ҷамъиятӣ барпо мегардиданд. Садриддини зирак, ки дар ин чорабиниву маъракаҳо хидмат мекард, аз онҳо барои худ ғизои маънавӣ мегирифт.

Дар ин ҷо ӯ бо тамоми адабиёте, ки дар китобхонаи ғании Садри Зиё гирд оварда шуда буд, ошно мешавад. Бо олим, шоир ва мутафаккири бузурги замон Аҳмад Махдуми Дониш вохӯрда, асарҳои ӯро мутолиа мекунад ва олами атрофро ба тарзи нав дарк менамояд. Садри Зиё аз кунҷкобӣ ва майли ба дониш доштаи вай ба ҳайрат афтода, кумак мекунад, ки Садриддини ҷавон имкони таҳсил дар мадрасаро пайдо намояд.

Зиндагӣ дар Бухоро осон набуд. Ӯ ҳангоми таҳсил ба шогирдони сарватманди мадраса хидмат мекард, то зинда монад. Аммо  мушкилот зиёд буд. Душвориҳои рӯзгори он замонро Садриддин Айнӣ чунин тавсиф кардааст: «Манзили ман дар дохили курта буд».

Оре, Садриддин Айнӣ фарзанди бузурги халки худ аст! Ҳаёт ва фаъолияти ӯ корномаи бузург мебошад.

Яке аз ин корномаҳои беназире, ки Садриддин Айнӣ анҷом додааст, ин фаъолияти ӯ барои ҳифзи мероси илмӣ, адабию фарҳанги миллӣ буд. Бо вуҷуди таъқиби даҳшатноки мухолифони миллат  ҷони худро дар хатар гузошта, ин меросро нигаҳ дошт, аз нобудшавӣ ҳифз кард.

Кори асосии мо дар осорхона, пеш аз ҳама, оммавӣ гардондани эҷодиёти устод ҳамчун нависандаи бузург аст, ки дар замони мо аз зумраи классикони адабиёти ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.

Мо бояд Айниро ҳамчун муборизи даврони наве муаррифӣ кунем, ки тавонистааст мавҷудияти халқи бузургеро собит созад, мақоми арзандаи ӯро дар байни халқҳои ҷаҳон таъин кунад.

Ин хонаро, ки барои  Садриддин Айнӣ хеле азиз буд, мо эҳтиромона «Хонаи мо» меномем. «Баъд аз инқилоби февралӣ ман аз Бухорои амир ба Самарқанд гурехта, барои иқомати доимӣ дар ин ҷо муқим шудам.

Дар Самарқанд хона сохтам ва маҳз аз ҳамин хона кори эҷодии ман оғоз ёфт. Он аз «Ҷаллодони Бухоро» сар карда, бо «Ёддоштҳо»-и ман тамом мешавад...», – мегӯяд Айнӣ.

Дар ин хона қариб тамоми шоирону нависандагони тоҷику ӯзбек фотиҳа ва ризоияти Устодро гирифтаанд. Хона ба мактаби Айнӣ табдил ёфт, ки қоидаву анъанахои худро дошт. Дар ин мактаб таҳсил кардан барои аксари адибон шараф буд. Он фазои аҷибу илҳомбахш то имрӯз идома дорад.

Мавзеи ҷойгиршавии хона худ хеле рамзӣ аст. Вай дар шафати маҷмааи бошукӯҳи Регистон воқеъ аст, ки замоне мадрасаи олим ва арбоби бузург Мирзо Улуғбек амал мекард.

Шукри Худо, ки соли 1964 ба шарофати шогирди содиқи устод, нависанда ва арбоби маъруф Шароф Рашидов хона мақоми Осорхонаи давлатиро гирифт.

Ҳоло бошад, бинобар таваҷҷуҳи шахсии роҳбари кишварамон Шавкат Мирзиёев хона эҳёи дуюмро аз сар мегузаронад.

Дар он корҳои асосии таъмиру сохтмон анҷом ёфта, намоишгоҳҳои нав ташкил мешаванд, ки аз ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ тӯли солҳои истиқоматаш дар Самарқанд нақл мекунанд. Имрӯз бинанда имкон дорад, ки тавассути бахши «Осорхонаи зеҳнӣ» дар бораи хона-музей, дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ ба забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ маълумот бигирад.

Дар ҷаҳони муосир осорхонаҳо, аз ҷумла осорхонаи Устод Садриддин Айнӣ дар рушди фарҳанг, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ба мардум интиқол додани шоҳасарҳои санъат аҳамияти бузург доранд.

Раванди тарбия ва таълими шахс дар ҷомеа маълумоти мақсаднок, воқеӣ ва дастрасро тақозо мекунад. Ба ин маънӣ нақши  осорхонаи Садриддин Айнӣ беназир аст, зеро таълиму тарбия аз самтҳои асосии фаъолияти осорхона мебошад.

Зеро дар он шоҳасарҳои адабиёти миллӣ, аз қабили романҳои «Ғуломон», «Дохунда», повестҳои «Марги  судхӯр», «Одина», «Ҷаллодони Бухоро», «Мактаби кӯҳна», чор ҷилди «Ёддоштҳо», асарҳои машҳури илмии «Намунаи адабиёти тоҷик», ҳамчунин «Таърихи Бухоро», рисолаҳои  илмӣ дар бораи шоирони бузург Абулқосим Фирдавсӣ, Алишери Навоӣ, Мирзо Абдулқодири  Бедил, Нодирабегим ва ғайра навишта шудаанд.

Амриддин Пӯлодӣ,

мудири Осорхонаи Садриддин Айнӣ дар Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: