Маҳфили «Хирадманд» – пайвандгари дилҳо

Баҳори соли равон пурфайз омад. Зиёд борон борид. Рӯду ҷӯйборҳо пури об.

Талу теппаҳои кӯҳистони Нурато ҷомаи сабз ба бар кардаанд. Ҳама ҷо сабзу хуррам. Боғи босафои мактаби рақами 14-уми ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах  таровати бештар дошт. Зери дарахтони сарсабз наврасону омӯзгорони мактабҳои тоҷикии кӯҳпояи Нурато гурӯҳ-гурӯҳ бо чеҳраи кушод бо ҳам суҳбат доштанд. Ба онҳо ҳавасамон омад. Шод будем, ки наврасони кӯҳпоя аллакай  унс гирифтаанд, дӯстона бо ҳам суҳбат доранд. Замоне мо ҳам наврас, толибилми мактаб будем, вале ҳамсинфони худро аз мактаби ҳамсоя намешинохтем.
  Ин ҳама дӯстиву бародарӣ самараи фаъолияти маҳфили андешаварзӣ ва зеҳнии «Хирадманд» мебошад. Ин маҳфил, ки бо ташаббус ва сарпарастии нависандаи шинохта Юнуси Имомназар таъсис ёфтааст, имрӯз хеле шуҳрат пайдо кардааст. Аз фаъолияти маҳфил саросари кишвар огоҳанд ва имрӯз берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ низ  маълум аст.

Дар боғи босафои мактаб маҳфили навбатии «Хирадманд» байни донишомӯзони 10 мактаби тоҷикии кӯҳпояи Нурато баргузор гардид. Мавзӯи баҳс аз рӯйи асари безаволи Муҳаммад Ҷалолиддини Балхӣ – «Маснавии маънавӣ» буд.

«Маснавии маънавӣ» аз 26 000 байт ва шаш дафтар иборат буда, яке аз пурмуҳтавотарин адабиёти ирфонии куҳани форсӣ ба шумор меравад.

Ин асар дар қолаби маснавӣ суруда шудааст, ки дарвоқеъ, унвони китоб низ аз ҳамин ҷо гирифта шудааст.

Дар «Маснавии маънавӣ» андешаҳои инсонпарварона, ҳикматҳои фалсафӣ, арзишҳои ахлоқӣ, масъалаҳои равоншиносӣ, таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки метавон дар бораи онҳо китобу рисола навишт.

Воқеан ҳам, Ҷалолиддини Балхӣ бо осори гаронарзиши худ аз қаъри асрҳо на танҳо барои наҷоти миллати худ, балки наҷоти башарият зуҳур кардааст.

Ман ба таблиғи рисолат омадам,
То раҳонам ман шуморо аз надам.

Баҳс тезутунд гузашт. Дар ҳар марҳилаи посух ба суолҳо холҳои гирифтаи дастаҳо болову поин мешуд. Ҷозибагии маҳфил дар он буд, ки шогирдони мактабҳо – аъзои дастаҳои «Нури Фориш» ва «Маърифати Нур» давоми панҷ моҳ хуб омодагӣ дидаанд. Ҳар як даста ба даҳ савол қаноатбахш посух медод, ҷавобҳо то ҷое, пурра буд, ки зуд-зуд садои кафкӯбии ҳозирин дар фазои боғи мактаб баланд мешуд.

Ҳар як посухи шогирдонро бо шарҳи мухтасар доварони босалиқа – шоир ва рӯзноманигор Пайғом (Тӯхтамиш Боқиев), рӯзноманигор ва адиб Саодат Бекназарова, аълочии маориф ва илми Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Ҷумҳур Қӯқонов баҳогузорӣ карданд.

Пас аз ҷамъбасти баҳогузории доварон донишомӯзони панҷ мактаби ноҳияи Фориш 71 хол ва донишомӯзони мактабҳои ноҳияи Нурато 69 хол ба даст оварданд. Ғолибон ва иштирокдорони маҳфил ҳавасманд гардонида шуданд. Ин дафъа китобҳои ба армуғоноварда иборат аз асарҳои тозанашр – «Ойинаҳои сабз» (Осори баргузидаи шоирони сад соли охири форсизабон, мураттиб Наргис Шоалиева), «Кори дунё» (қиссаю ҳикоя-ҳои нависандаи ӯзбек Ӯткир Ҳошимов, дар тарҷумаи Насибаи Зайниддин), маҷаллаҳои «Дурдонаи Шарқ» ва чанд китоби дигар ба иштирокдорони маҳфил тақдим гардиданд.

Аз ҷониби раиси Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов китоби «Саҳарнам»-и Шоири мардумии Тоҷикистон Фарзона ба китобхонаҳои даҳ мактаб супорида шуд. Роҳбари шуъбаи маърифат ва маънавияти ҳокимияти ноҳияи Нурато Воҳидҷон Қобилов бо як даста китоб иштирокдоронро хушнуд сохт ва таъкид намуд, ки шумо инсонҳои хушбахт ҳастед, чунки асари машҳури панду ахлоқии «Маснавии маънавӣ»-и Мавлавиро ба забони асл мехонеду мефаҳмед ва мазмуни онро бозгӯйӣ мекунед. Ин ба мисли он аст, ки шумо аз қаймоқи асар баҳраманд мешавед.

Ба номинаи хониши ифоданоки донишомӯзон, ки пораҳои назмию насриро қироат карданд, чор довари холис – шоира Мағфират Юсуфӣ, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Сӯҳроб Ваҳҳобниё (ҳарду аз Тоҷикистон), нависанда ва рӯзноманигор Шариф Халил, ва шоири ҷавон Далершоҳ Неъматзода ба тариқи онлайн баҳогузорӣ кардаанд. Ба ғолибони ин номинаҳо – «Шеърхони беҳтарин» ва «Суханрони беҳтарин» низ аз сӯйи сарпарасти маҳфил туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ эҳдо карда шуд. Аз байни шогирдони шеърхон Дурдона Раҳматова (мактаби рақами 21-уми ноҳияи Нурато) ва Соҷида Шакарова (мактаби рақами 49-уми ноҳияи Нурато) ба ҷойи сеюм, Дилнура Тӯраева (мактаби рақами 30-уми ноҳияи Нурато) ба ҷойи дуюм, Бунафша Қӯрғонова (мактаби рақами 43-уми ноҳияи Нурато) ба ҷойи якум сазовор дониста шуданд. Донишомӯзи мактаби рақами 38-уми ноҳияи Нурато Дилрабо Саломатуллоева ба хотири ин, ки мунтазам чорумин бор барандаи номинаи «Шеърхони беҳтарин» мегардад, дар ин бахш ҳамчун ғолиби мутлақ дониста шуд. Аз рӯйи «Суханрони беҳтарин» бо қироати ифоданоки худ Фарангис Раҳмонова (мактаби рақами 30-уми ноҳияи Нурато) ва Фарзона Ҷӯрақулова (мактаби рақами 21-уми ноҳияи Нурато) ба ҷойи сеюм, Моҳина Иброҳимова ва Ганҷина Саломатуллоева (мактаби рақами 38-уми ноҳияи Нурато) ба ҷойи дуюм ва Сабина Сатторова (мактаби рақами 49-уми ноҳияи Нурато) ба ҷойи якум муносиб дониста шуданд.

Тавре ки аз натиҷагирии номинаҳо намоён аст, хонандагони мактабҳои миёнаи ноҳияи Нурато нисбат ба хонандагони мактабҳои  ноҳияи Фориш бештару хубтар омодагӣ дидаанд.

Чун ҳамеша, барандаи ин маҳфил омӯзгори собиқадор, Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон ва Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон Дилмуроди Қӯзӣ буд.

Ҳадафи асосии маҳфили «Хирадманд» баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди фикрронии мантиқӣ ва зеҳнӣ, қобилияти суханронӣ, ташаккули шахсияти фаъолу худогоҳ, бедор намудани шавқу ҳаваси шогирдон ба китобдӯстиву китобхонӣ мебошад.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

Саодат Бекназарова,

хабарнигорони

«Овози тоҷик».

Вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: