Даргузашти ҳунарманди маъруф

Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Доно Бобохонова дар синни 80-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора Театри давлатии драмавии Ӯзбекистон хабар дод.

Барои маълумот, Доно Бобохонова 20 ноябри соли 1946 ба дунё омадааст. Соли 1970 Донишкадаи давлатии театр ва рассомии Тошкандро хатм намуда, фаъолияти эҷодии худро ҳанӯз аз соли 1968 дар театри «Ёш гвардиячилар»(Гвардияи ҷавон) оғоз кардааст.
Соли 1996 ӯ бо унвони фахрии «Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қадрдонӣ гардидааст.
Доно Бобохонова дар рушди санъати саҳнавии миллӣ саҳми бузурге гузошта, бо офаридани образҳои нотакрор дар ёдҳо боқӣ хоҳад монд.
Ҳунарманди марҳум дар филмҳои машҳуре чун «Тилим қурсин», «Чол ва набира» ва «Берлин–Оққўрғон» нақшҳои таъсирбахш бозидааст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: