Роҳи Фориш. Ин ибора миёни ронандагону мусофироне, ки дар масири шаҳри Ҷиззаху ноҳияи Нурато пайваста ҳаракат мекунанд, дар ҳадде «маъруф» аст, ки баробари шунидан як чизро пеши назар меоранд: роҳи фарсуда, хароб ва барои ҳаракат хатарнок...
Ҳатто шунидани ин ибора дар дили баъзеҳо хотираҳои талху мудҳишро бедор сохта табъашонро хира менамояд. Зеро маҳз дар ҳамин роҳи автомобилии дорои аҳамияти давлатии D048 (шаҳри Ҷиззах – шаҳри Боғдон – деҳаи Қизилча – роҳи автомобилгарди D191), ки қаблан 4Р-36 ном дошт, солҳои охир даҳҳо садамаи нақлиётӣ рух додаанд, садҳо нафар пиру ҷавон ҷароҳат бардоштаву даҳҳои дигар ҷон бохтаанд.
Аз ин рӯ, онҳое, ки то ҳол дар ин масир ҳаракат накардаанд, вале нияти боздид аз деҳаҳои зебоманзари қаторкӯҳҳои Нурато доранд, хуб мешуд, пеш аз сафар вазъи мошини худро бодиққат санҷанд, чархи эҳтиётиро бо худ гиранд, қуттии тиббиро аз назар гузаронанд ва барои ҳар эҳтимол ягон доруи асаб ва фишорбаландиро ҳам дар ҷайб андозанд. Зеро дар қисми асосии роҳи Фориш, ки аз баромадгоҳи ин ноҳия то ҳудуди вилояти Навоӣ тӯл кашидааст, бо амал ба шиори «эй сорбон, оҳиста рон!», танҳо бо суръати 30-40 километр дар як соат ҳаракат кардан мумкин аст. Агар камтар суръат баланд шавад ё ронанда андак бепарвоӣ намояд, мошин ё ба «яма» меафтад, ё ки аз роҳ берун мешавад, ё ин ки бо мошини дигар «лаб ба лаб» мезанад. Ин на ташбеҳ асту на муболиға – воқеияти ҳаррӯзаи ин роҳ аст. Беҳуда нест, ки мардуми маҳаллӣ онро гоҳе «роҳи хунхӯр» низ меноманд ва бо алам мегӯянд: «дар ҳар садамаи ин роҳ ағлаб ҷони касе аз даст меравад...»
Дар фармон ҳаст, аммо...
Воқеан, ҳамарӯза дар ин роҳ садҳо воситаи нақлиёт ҳаракат мекунанд. Чунки қисми зиёди аҳолии деҳаҳои қаторкӯҳ барои хариди маҳсулоти рӯзгор, муоинаи тиббӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ба маркази ноҳияи Фориш ва шаҳри Ҷиззах мераванд. Ғайр аз ин, наздиктарин нуқтаи фурӯши сӯзишвории гази метану пропан низ дар ин ноҳия аст. Аз ҳамин сабаб, ронандагони кӯҳпоя маҷбуранд, барои хариди сӯзишворӣ ин роҳи пурхатарро, ки барои «роҳи автомобилгард» гуфтан забон намепечад, вақту бевақт тай намоянд.
Дар ҳамин маврид таъкиди як нукта бамаврид аст. Солҳои охир дар мамлакат бобати беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо чорабиниҳои судманд ва ислоҳоти густурда амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар чанд соли охир барои сохтмон ва таъмири роҳҳо беш аз 61 триллион сӯм маблағ ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба маблағҳои пеш аз соли 2017 қариб 3,5 баробар зиёд мебошад. Илова бар ин, дар ду соли охир беш аз 40 ҳазор километр роҳҳо ва қариб 600 кӯпрук таъмир гардид. Як қатор роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ тарҳи замонавӣ гирифтанд. Вале сад афсӯс, ки натиҷаи чунин бунёдкориҳо дар масири роҳи «шаҳри Ҷиззах – шаҳри Боғдон – деҳаи Қизилча – роҳи автомобилгарди D191» ҳанӯз ба чашм намерасад. Дар ҳоле ки дар иловаи панҷуми Фармони Президент аз 13 августи соли 2019 «Дар бораи чораҳои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» масъалаи реконструксияи 70 км қитъаи роҳи автомобилии 4Р-36, инчунин 112 км қитъаи роҳи зиёратгоҳи «Қизилқум» – объекти экотуристии «Арчаи Моҷарм» (ноҳияи Фориш)» ба миён гузошта шудааст. Ин масъала мебоист ба Барномаи сармоягузории солҳои 2020–2022 ворид шавад. Инак, аз байн чанд сол гузашт, вале дигаргуние нест...
Ба гуфтаи аҳолии маҳаллӣ, ҳар сол шояд як ё ду бор аз ҷониби кормандони муассисаи давлатии истифода аз роҳҳои автомобилгарди ноҳия таъмири ҷорӣ карда мешавад, вале чунин корҳои муваққатӣ дер намепоянд: баъди борон ё барф роҳ боз ба ҳолати пешина бармегардад.
Талафоти ҷонӣ зиёданд
– Ҳар сол дар ин роҳ бисёр садамаи нақлиётӣ рух медиҳад, – мегӯяд омӯзгори собиқадор, сокини деҳаи Соби ноҳияи Нурато Хуршед Гулназаров. – Ин дар ҳаддест, ки қариб дар ҳар як деҳаи кӯҳпоя як ё ду нафар дар ин роҳ ва бар асари садама ба ҳалокат расидаанд. Ин рақамҳо шояд барои баъзеҳо танҳо як ҳисоби оддӣ ҳастанд, аммо барои аксар ғаму андӯҳи зиёд, фоҷиаи фаромӯшнашаванда мебошанд. Танҳо дар хонаводаи мо се нафар наздиконамон маҳз дар ҳамин роҳ фавтиданд. 8 марти соли 2021 бародарам дар садама ҳалок шуд. Ҳанӯз дарди ин бохт сабук нашуда, 16 октябри ҳамон сол додарзодаам – ҷавони 17-сола дар айни камолот ғӯрамарг гардид. 31 августи соли 2023 бошад, боз як додарзодаам, ки донишҷӯ буд, дар ҳамин масир ба ҳалокат расид. Сад афсӯс, ки дар ин садамаҳо на танҳо аъзои оилаи мо, балки чандин нафари дигар низ ҷон бохта ё ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд. Ин ҳақиқати талхро сангҳои рамзии канори роҳ – нишонаҳои ҷойи ҳалокати мусофирон низ собит мекунанд. Албатта, ҳамаи ин фоҷиаҳоро танҳо ба ҳолати роҳ нисбат додан ҳам дуруст нест. Лекин бори охир кай таъмир шудани ин роҳро дар хотир надорам. Дар баъзе ҷойҳо чунин чуқуриҳои васеъу бузург ҳастанд, ки аз онҳо убур карда гузаштан ғайриимкон мебошад. Солҳост, ки мардум аз ин мушкил ранҷ мекашанд, шикоят мекунанд, талаф медиҳанд, аммо дар амал тағйироте ба назар намерасад.
Ҳам вақт талаф мешаваду ҳам асаб хароб...
Дар ҳақиқат, вазъи хароби роҳ, аз ҷумла, ҳолати техникӣ, фарсудашавии рӯйпӯши асфалт, чуқуриҳо, ноҳамворӣ, ноаён будани хатҳо, аломатгузории нокифоя – бо як сухан ба меъёри роҳсозӣ ҷавобгӯ набудани роҳ, на танҳо ба суръати ҳаракат таъсир мекунанд, балки дар ҳадде хавфи садамаҳоро низ зиёд менамоянд. Бино ба омори байналмилалӣ, дар кишварҳои дар ҳоли рушд қариб 20–30 дарсади садамаҳо ба ҳолати роҳ вобастаанд. Саволи барҳақ пайдо мешавад: вазъи хароби роҳи Фориш ба ҳаракати мошинҳо чӣ гуна таъсир мерасонад? Тӯли солҳои охир дар ин роҳ чӣ қадар садама рух дод ва боиси ҳалокати чанд нафар гардид?
– Беш аз 25 сол инҷониб дар ҷодаи деҳаҳои қаторкӯҳи Нурато ва шаҳри Ҷиззах мусофиркашонӣ мекунам, – гуфт ронандае, ки ошкор кардани номи худро нахост. – Пештар ин масирро, ки беш аз 100 километр аст, дар якуним соат тай мекардем, зеро вазъи роҳ беҳтар буд. Ҳоло беш аз дуюним соат вақт сарф мешавад. Солҳои пеш ба маркази ноҳияи Фориш дар ҳудуди 40 дақиқа мерасидем, алҳол дар беш аз якуним соат. Дар ин роҳ ҳам вақт талаф мешаваду ҳам асаби ронандагону мусофирон хароб...
Мо бо мақсади дарёфти маълумот дар бораи садамаҳои нақлиётие, ки дар роҳи автомобилгарди D048 тӯли солҳои 2024 ва 2025 рух додаанд, теъдоди шахсоне, ки бар асари ин садамаҳо ҷароҳат бардоштаанд ё вафот кардаанд, ба шуъбаи ҳаракати бехатари роҳи хидмати амнияти ҷамъиятии Садорати корҳои дохилии вилояти Ҷиззах муроҷиат кардем. Бино ба маълумоте, ки сарвари Хидмати матбуоти шуъба Аббос Дадашов тақдим кард, тӯли соли 2024 дар ин роҳ 5 садама рух дода, 13 нафар ҷони худро бохта, 18 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Дар соли 2025 бошад, бар асари 6 садама 14 нафар ҳалок гардида, 20 нафар ҷароҳати гуногун гирифтаанд. Аммо аҷаб нест, ки дар амал, аз ин ҳам бештар бошад...
Бо вуҷуди ин, тӯли ду сол дар як роҳи ноҳия ба тарзи фоҷиавӣ ба ҳалокат расидани 27 нафар ҳам рақами андак нест! Чунки дар паси ҳар як рақам баробари як фоҷиа, сарнавишти як инсон, як оилаи мотамзада, волидони дар доғи фарзанд ҷигархун ва ғайра ниҳон аст. Пас барои чӣ масъулон нисбати таъмири ин роҳи дорои аҳамияти давлатӣ, ки вазъи хароб дорад ва боиси ҳалокати шаҳрвандон мегардад, бепарвоянд? Ин саволест, ки ҷавоб мехоҳад.
Меҳмонон аз чӣ норозӣ?
Бояд гуфт, ки имрӯзҳо роҳи Фориш на танҳо барои ронандагону мусофирон хатар эҷод мекунад, балки ба рушди деҳаҳои кӯҳпоя, шароити зисти мардум низ таъсири нохуш мерасонад. Зеро дар шафати ин роҳ як қатор деҳаҳо, аз ҷумла, Бирлашган, Асраф, Порашт, Ӯхм, Моҷарм, Синтоб, Соб, Эҷ, Сойхурд ҷойгиранд, ки аксар инфрасохтори хуби сайёҳӣ доранд ва дар онҳо барои қабули меҳмонони маҳалливу хориҷӣ шароит фароҳам гардидааст. Бинобар ин, метавон гуфт, ки он на танҳо як хатти одии нақлиётӣ, балки шоҳраги асосии зиндагии ҳазорон сокинон низ ҳаст.
– Соли 2023 деҳаи Синтоб аз ҷониби Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ чун «Беҳтарин деҳаи сайёҳӣ» эътироф гардид, – мегӯяд раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Синтоб»-и ноҳияи Нуратои вилояти Навоӣ Бобоҷон Қосимов. – Ин эътироф нуфузи деҳаро баланд бардошт ва ба корҳои ободонӣ низ такони ҷиддӣ бахшид. Тӯли се соли охир шумораи меҳмонхонаҳои оилавӣ, ки пештар ҳамагӣ 3-4-то буд, аз 50 адад афзуд. Ҳоло қариб ҳар рӯз аз гӯшаву канори мамлакат ва ҳатто аз хориҷа меҳмонон ташриф меоранд. Бахусус, дар рӯзҳои истироҳатӣ шумораи онҳо хеле меафзояд. Қисми асосии меҳмонон аз вилоятҳои Навоӣ ва Бухоро меоянд. Аз Ҷиззах, Самарқанд, Сирдарё ва дигар шаҳру вилоятҳо нисбатан камтар. Ин дар ҳолест, ки деҳаи Синтоб амалан дар ҳамсоягии ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах ҷойгир буда, масофа то маркази шаҳри Ҷиззах низ чандон дур нест. Ба назари ман, яке аз омилҳои асосии ин ҳолати роҳ мебошад. Чунки аксари меҳмононе, ки аз ҷониби Ҷиззах меоянд, аз вазъи нигаронкунандаи роҳҳои Фориш шикоят мекунанд. Фикр мекунам, ки агар ин роҳ таъмир гардад, бешубҳа, ҷараёни сайёҳон аз вилоятҳои ҷанубу шарқии кишвар низ ба таври назаррас афзоиш меёбад. Ва ин на танҳо ба рушди минбаъдаи инфрасохтори сайёҳӣ, балки ба беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолии маҳаллӣ низ таъсири худро мерасонад.
Боз як хабари нохуш
Вақте мо барои омодасозии мақола маълумоти заруриро ҷамъоварӣ мекардем, дар расонаҳо боз як хабари нохуш паҳн шуд, ки бевосита бо ин роҳ вобаста буд. Тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ аз як садамаи мудҳиши нақлиётӣ хабар доданд, ки боиси ҳалокати 5 нафар гардидааст.
Бино ба маълумоти шабакаи Kun.uz, ин ҳодиса 4 апрели соли ҷорӣ, тахминан соати 16:05, маҳз дар масири «шаҳри Ҷиззах – шаҳри Боғдон – деҳаи Қизилча – роҳи автомобилгарди D191» дар поёни деҳаи Ана-мунаи ноҳияи Фориш дар натиҷаи бархӯрди ду сабукрави тамғаи «Nexia» ва «Cobalt» (дар акс) рух додааст. Сад афсӯс, ки дар пайи ин садама, ҳар ду ронанда, инчунин як шаҳрванди 54-солаи Чин, ки дар «Nexia» қарор дошт, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. Ду мусофири дигари «Cobalt» дар беморхона фавтидаанд.
Ин ҳодисаи фоҷиабор боз як далели дардноки вазъи нохуби роҳи Фориш мебошад, ки дар пай чандин оиларо аз саробони худ маҳрум кард, дар ғаму мотами сангин гузошт. Чандин кӯдакро барои як умр аз меҳри падар маҳрум намуд, ҳамзамон, боиси ҳалокати як шаҳрванди хориҷӣ гардид.
Ба ҷойи хулоса
Бо як сухан, ҳолати роҳҳои Фориш дигар мушкили аҳолии як ё ду деҳа не, балки муаммои тамоми мардуми кӯҳпоя, қариб 30 ҳазор нафар аҳолӣ мебошад. Яъне он масъалае нест, ки нодида гирем ё ҳаллашро ба фардо гузорем. Беэътиборӣ ба ин муаммо танҳо ба афзоиши садама ва зиёд шудани талафоти ҷонӣ сабаб мешаваду бас. Яъне ҳар рӯзи таъхир, хатари як фоҷиаи дигар аст.
Аз ин рӯ, хуб мешуд, ки масъулони вилояти Ҷиззах ва ноҳияи Фориш бо назардошти муроҷиати мардум, таъминсозии бехатарӣ дар роҳ, имконоту иқтидори сайёҳии кӯҳпоя ва бо мақсади ҷалби бештари меҳмонон ба деҳаҳои ин макон, таъмири босифати ин роҳро вазифаи муҳиму таъхирнопазири худ қарор диҳанд ва аз пайи ҳалли мушкил шаванд.
Рақамҳои ғамангез
Соли 2020 дар Ӯзбекистон бар асари 6 ҳазору 982 ҳодисаи нақлиётӣ 1 ҳазору 957 нафар ҳалок шуда, 6 ҳазору 598 нафар ҷароҳат гирифтаанд.
Соли 2021 шумораи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз 10 ҳазор гузашта, дар онҳо қариб 2,5 ҳазор нафар ҳалок ва 9 ҳазору 230 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Соли 2022 дар 9 ҳазору 902 ҳодисаи рухдода 2 ҳазору 356 нафар ҳалок шуда, 9 ҳазору 606 нафар ҷароҳат гирифтаанд.
Соли 2023 дар 7 ҳазору 616 ҳодисаи нақлиётӣ 1 ҳазору 867 нафар ба ҳалокат расида, 7 ҳазору 62 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Соли 2024 дар маҷмӯъ 9 ҳазору 364 чунин ҳодиса рух дода, қариб 9 ҳазор нафар ҷароҳат бардошта, аз ҳама аламовараш, 2 ҳазору 203 нафар ҷон бохтаанд.
Дар се моҳи аввали соли 2026 дар кишварамон 1102 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 31,4 фоиз, яъне 346 ҳолат бо талафоти ҷонӣ анҷом ёфтааст.
Яъне, ҳар чорумин садама бо марги як нафар анҷом меёбад ё ба ҳисоби миёна ҳар рӯз тақрибан шаш нафар дар садама ҳалок мешаванд.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».