Оре, зери калимаҳои ҳаммаъною ҳаммазмуни устод, мураббӣ, омӯзгор олам-олам маъниҳо ниҳон аст.
Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,
Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
(Сайидои Насафӣ).
Оре, зери калимаҳои ҳаммаъною ҳаммазмуни устод, мураббӣ, омӯзгор олам-олам маъниҳо ниҳон аст. Омӯзгорро дар ҳамаи давру замон наҷотдиҳандаи олам аз зулмат ва торикӣ ҳисобидаанду меҳисобанд. Ӯ бо ҳама бахшандагию худфидоӣ ва худсӯзию офарандагиаш ба роҳи дигарон нуру равшанӣ ва ба қалби онҳо чароғи илму маърифат ва нафосат ҳадя менамояд. Дар замони муосир нақши омӯзгор дар тарбияи насли наврас ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Омӯзгор на танҳо дониш медиҳад, балки шахсияти комилро ба воя мерасонад, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Таълими ибтидоиро пояи ташаккули шахсият мегӯянд. Ба таври дигар назар афканем, гуфтаҳои зерин пеши назар меояд:
Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Бо ин гуфтаҳо мо дар бораи яке аз омӯзгори пуртаҷриба, кордон, масъулиятшинос, устоди ҳалиму меҳрубон, сахтгиру серталаб, соҳибмақом ва шинохта Масъуд Хӯҷаев ақидаҳои худро баён карданием.
Ӯ омӯзгори тоифаи олии синфҳои ибтидоии мактаби овозадори рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё буда, бо меҳнати софдилона, усулҳои нав ва муҳаббат ба касби худ дар рушди соҳаи таълим саҳми арзанда мегузорад, бо фаъолияти пурсамар сазовори эҳтироми ҳамагон гардида. Ӯ соли 2016 соҳиби унвони фахрии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Ӯзбекистон» гаштааст. Ин далели заҳматҳои пайваста, маҳорати баланд, фидокорӣ ва садоқат ба касби омӯзгорӣ аст. Аммо бузургтарин дастоварди ӯ ин муҳаббат ва эҳтироми шогирдон нисбат ба ӯ мебошад.
Масъуд Хӯҷаев бо нияти пок ва дили пур аз меҳр ба сӯйи мактаб роҳ мегирад. Барои ӯ мактаб на танҳо ҷои кор, балки маъбади илму дониш аст. Ҳар сухани ӯ маъно дорад, ҳар маслиҳаташ раҳнамоест ба сӯйи ҳаёти дурахшон.
Дар ҷараёни фаъолияти педагогиаш ӯ ҳамеша кӯшиш менамояд, ки дарсҳоро бо усулҳои муосири пешқадам ва ҷолиб ташкил намояд. Истифодаи технологияи иттилоотӣ, равишҳои интерактив ва ҷалб намудани хонандагон ба муҳокимаву андешаронӣ дарсҳои ӯро пурмазмун ва таъсирбахш мегардонанд. Шогирдонаш ба ғайр аз донишҳои назариявӣ малакаҳои амалӣ ва тафаккури мустақилро низ аз худ менамоянд.
Ин устоди некном ва воломақом ҳамчунин ба тарбияи ахлоқии хонандагон ҳамеша аҳамияти ҷудогона медиҳад. Вай ба хонандагон эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, дӯст доштани Ватанро талқин менамояд.
Дар давраҳои таълим дар мактаби миёна ба шеъру шоирӣ низ завқи беандоза дошт ва маҳсули эҷодаш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ чоп мегардид.
Солҳои 1995-2000 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон гаштааст. Дар мактаби зодгоҳаш таи 31 сол аст, ки касби омӯзгориро пеш мебарад. Дар давоми ин солҳо ба чандин муваффақият ва комёбиҳо ноил гаштааст. Дар тадқиқотҳои байналхалқӣ ба мисли «EGMA» ва «EGRA» ҳамчун тадқиқотчӣ иштирок намудааст. Дар ин ҷараён барои баҳо додани кори довталабон саҳми арзандаи худро гузошта, соҳиби сертификат ва ифтихорномаҳо гардидааст. Хидматҳои арзанда, донишу маҳорат ва истеъдоди бемисли ӯро дар таълими омӯзиши синфҳои ибтидоӣ ба назар гирифта шуъбаи таълими халқи ноҳия солҳои тӯлонист, ки ӯро ба вазифаи пурмасъули методисти омӯзгорони синфҳои ибтидоии ноҳия таъин намудааст ва ӯ ин вазифаро сарбаландона адо менамояд. Тамоми омӯзгорон бо ӯ маслиҳату машварат намуда, ба шогирдони худ таълим медиҳанд. Аз соли 2024 инҷониб вазифаи ментории синфҳои ибтидоии ноҳияро ба ӯҳда дорад. Ҳамчун таҷрибаомӯз дар курсҳои махсуси ментортайёркунии Маркази таълими ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, таҷриба андӯхта, соҳиби сертификати махсус гардидааст. Ӯ дорандаи музди иловагии ментории дарси «КРК» (рӯзи рушди касбӣ) ба ҳисоб меравад. Инчунин, дар аттестатсияи омӯзгорон иштирок намуда, бо дониш, малака ва маҳорати бетакрори худ соҳиби музди иловагии вазир (70 фоиз) гардидааст. Соҳиби тоифаи олии умрбодӣ буда, айни замон барои соҳиб шудан ба музди иловагии вазир (100 фоиз) даъвогарӣ дорад. Бо вуҷуди ин ҳоло дар қатори шогирдони беҳтаринаш, ки бо ӯ якҷоя кор ва фаъолият мебаранд, номи Мижгон Қудратова, Манучеҳр Шокиров, Шоҳона Қаландарова, Сурайё Шукурова, Зайнулло Пардаев, Шаҳло Муҳиддинова ва дигаронро мисол овардан мумкин аст. Ҳар яке аз ин шогирдон имрӯз дар соҳаи таълим бо кор ва фаъолияти худ аллакай ба пешравиҳо ноил гаштаанд. Боз садҳо шогирдони дигараш, ки дар дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ватанамон саҳмгузоранд, ба забон овардан мумкин аст.
Бо вуҷуди ҳамаи ин машаққат ва талошҳои соҳаи таълим бо шогирдон ӯ дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими ҷумҳурӣ бо тарҷумаи китобҳои дарсии синфҳои ибтидоӣ машғул буда, чандин китоби дарсиро тарҷума намудааст. Барои салоҳият ва донишу хиради волояш ӯро ҳамчун эксперти китобҳои дарсӣ муносиб донистаанд.
Симои ҳақиқии ӯ дар оила ҳам равшан мегардад. Муваффақиятҳояш ӯ танҳо бо меҳнати касбӣ маҳдуд намешаванд. Ӯ инчунин падари хушбахт ва сарпарасти оилаи намунавӣ мебошад. Соҳиби панҷ фарзанд – се духтару ду писар. Барои ӯ оила арзиши баланд дошта, тарбияи фарзандонро бо масъулияти баланд ба роҳ мондааст. Ҳамҷиҳатии фаъолияти касбӣ ва зиндагии оилавӣ нишон медиҳад, ки Масъуд Хӯҷаев тавонистааст ҳам дар ҷодаи омӯзгорӣ ва ҳам дар зиндагии шахсӣ муваффақ бошад.
Фарида МУҲИДДИНОВА, омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби
рақами 38-уми ноҳияи Сариосиё.