Ҷараёни кори заводи гидрометаллургияи 3-юми тобеи идораи кони шимолӣ ҳамкории пайгиронаи табиат ва ақлу идроки инсонро ёдрас менамояд.
Яке аз зинаҳои муҳимтарини ин ҷараён сехи майдакунии маъдан аст, ки корпуси асосии завод маҳсуб мешавад.
Дар сехи мазкур, ки дар вилояти Навоӣ фаъолият дорад, 15 осиё-барабани бузург маъданҳои дуруштро ба ҳолати рег меоваранд.
Солҳои 2008-2009 барои ҷамоаи сехи маъданмайдакунӣ давраи санҷиш буд. Дар ин солҳо корҳои мутобиқсозии блокҳои осиё ба азнавкоркарди рудаи сулфид анҷом дода шуданд.
Моҳи июни соли 2024 илова ба 7 блок 8 блоки осиёи шардор ба истифода супурда шуд. Дар натиҷа ҳаҷми массаи азнавкоркарди кони кӯҳӣ ба 20 фоиз зиёд гардид. Азнавкоркарди сарватҳои табиии кишварамон, ки дар ин корхона ба туфайли саъю кӯшиш ва меҳнати инсонҳои заҳматписанд даст медиҳад, ба некуаҳволии халқ хидмат мекунад.
Дар акс: дар заводи гидрометаллургияи 3-юми тобеи идораи кони шимолӣ.
Аксбардор: С. АСЛОНОВ (ӮзА).