Вилояти Сурхондарё бо шароити мусоиди иқлим ва заминҳои ҳосилхезаш имрӯз ба яке аз минтақаҳои пешсафи кишвар дар соҳаи кишоварзӣ табдил ёфтааст. Маҳз ҳамин имкониятҳо даст додаанд, ки дар вилоят аз майдонҳои кишт соле 3-4 маротиба ҳосил гирифта шавад.
Таҷрибаи кишти такрории сурхондарёиён зимни сафари Президент низ махсус таъкид гардид ва вазифа гузошта шуд, ки он дар сартосари ҷумҳурӣ васеъ ҷорӣ карда шавад.
Дар маҳаллаи Гулистони ноҳияи Ҷарқӯрғон 777 хоҷагӣ мавҷуд буда, тақрибан 90 фоизи онҳо ба картошкапарварӣ машғуланд.Имрӯз дар 100 гектар замини наздиҳавлӣ картошка мавриди парвариш қарор гирифтааст. Деҳқонони соҳибтаҷриба муваффақ шудаанд, ки аз заминҳои наздиҳавлӣ дар як сол то чор маротиба ҳосил ба даст оранд. Ин нишондиҳанда аз истифодаи пурсамари замин ва заҳмати кишоварзон дар ноҳия дарак медиҳад.
Соли ҷорӣ ҷамъоварии ҳосили картошка дар вилоят аз аввали моҳи феврал оғоз ёфта буд. Баъди холӣ гардидани заминҳо кишти такрорӣ ба роҳ монда шуд. Айни замон картошка ба марҳилаи гулкунӣ ворид шудааст.
Картошка ҳамчун зироати асосии маҳалла мавқеи хосса дорад. Дар доираи низоми кишти навбатӣ, деҳқонон зироати дигар, аз ҷумла, сирпиёз ва чормағзи заминиро парвариш намуданиянд.
Ин усул барои нигоҳ доштани ҳосилхезии хок ва пешгирии харобшавии замин аҳамияти калон дорад.
Таҷрибаи маҳаллаи Гулистон дар самти истифодаи оқилонаи замини наздиҳавлӣ, гирифтани 3-4 ҳосил дар муддати кӯтоҳ ва афзоиши даромади аҳолӣ намунаи ибрат мебошад. Модели мазкур метавонад дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим бозад.
Сурайё Норманӣ.
Вилояти Сурхондарё.