Лоиҳаи бузурги саноатӣ дар Чуст: 190 ҷойи кор ва истеҳсоли масолеҳи муосир

Дар ноҳияи Чуст саноати сохтмони замонавӣ рушд меёбад ва ҳоло як лоиҳаи бузурги саноатӣ амалӣ мешавад.

Ин лоиҳа барои иқтисоди маҳаллӣ ва саноати сохтмон аҳамияти калон дорад. Лоиҳа, ки 53,5 миллион доллар арзиш  дорад, аз ҷониби корхонаи «Eko bazalt» амалӣ карда мешавад. Мақсади асосии он ба роҳ мондани истеҳсоли пахтаи минералии базалт ва сэндвич-панелҳои кассетӣ мебошад, ки дар сохтмони замонавӣ васеъ истифода бурда мешавад.

Фаъолияти корхона барои афзоиши иқтидори саноатии ноҳия, таъмини шуғли аҳолӣ ва афзоиши  иқтидори содиротӣ хизмат хоҳад кард.

Лоиҳа дар афзоиши минбаъдаи иқтидори саноатии ноҳия аҳамияти калон дорад. Ба кор андохтани корхонаҳои  калонҳаҷми истеҳсолӣ арзиши маҳсулотро дар бозори маҳаллӣ коҳиш медиҳад, воридотро иваз мекунад ва имкониятҳои навро барои соҳибкорони хурду миёна фароҳам меорад.

Дар айни замон технологияи замонавӣ барои коҳиш додани таъсири зараровар ба муҳити зист хизмат мекунанд. Ин на танҳо барои рушди иқтисодӣ, балки барои суботи иҷтимоӣ низ роҳ мекушояд.

Айни замон корҳои сохтмон дар минтақаи лоиҳа бо суръати баланд идома доранд. Биноҳои истеҳсолӣ сохта мешаванд. Таҷҳизоти муосири технологӣ насб карда, шабакаҳои муҳандисӣ ва коммуникатсионӣ ташкил карда мешаванд.  Пас аз татбиқи пурраи лоиҳа корхона  иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна пахтаи базалти минералӣ дар як сол хоҳад дошт.

Панелҳои сэндвичи кассетӣ низ истеҳсол карда мешаванд. Ин маҳсулот гармидиҳии биноҳоро таъмин мекунанд. Онҳо самаранокии энергияро афзоиш медиҳанд ва ба сифати сохтмон таъсири мусбат мерасонанд.

Пахтаи базалити минералӣ маводи экологии тоза, ба оташ тобовар ва дар сохтмони муосир хеле серталаб аст. Он дар биноҳои истиқоматӣ, иншооти зерсохторӣ васеъ истифода мешавад.

Бо ба кор андохтани корхонаи нав саҳми маҳсулоти маҳаллӣ афзоиш хоҳад ёфт. Дар айни замон он масолеҳи изолятсионии аз хориҷа воридшударо иваз мекунад. Ин ба сарфаи асъори хориҷӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирӣ дар бозор мусоидат мекунад.

Лоиҳа инчунин таъсиси 190 ҷойи нави кориро пешбинӣ мекунад. Ин дар таъмини шуғли аҳолии маҳаллӣ афзоиши даромади онҳо ва  тақвияти суботи иҷтимоӣ аҳамияти калон дорад. Дар баробари коргарон, муҳандисон ва техник, технолог ва мутахассисоне, ки метавонанд бо технологияи замонавӣ кор кунанд, низ ҷалб карда мешаванд.

Рушди саноат ва сармоягузорӣ дар минтақа, инчунин густариши бахшҳои логистика ва таъминот низ аз ҷумлаи натиҷаҳои лоиҳа мебошанд. Ин имкониятҳои нав барои тиҷорати хурду миёна фароҳам меорад, ҳамкорӣ бо истеҳсолкунандагони маҳаллиро тақвият медиҳад  ва муколамаро дар иқтисодиёт густариш медиҳад.

Дар ин лоиҳа ширкати нидерландии «Arona International B.V» ҳамчун шарики хориҷӣ иштирок мекунад. Барои таъмини технология бо ширкати итолиёвии «Gamma  Meccanica» шартномаи 50 миллион  доллар  ба имзо расидааст. Корҳои  амалӣ марҳила ба марҳила анҷом дода мешаванд.

Ин лоиҳа барои таъмини рушди устувори иқтисодии минтақа ва афзоиши даромади аҳолӣ хизмат хоҳад кард.

Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: