Ман парвозро идора хоҳам кард…

Чунин ҷавоби қатъӣ ба саволи «Мехоҳӣ кайҳоннавард шавӣ?» аз даҳони хонандаи синфи шашуми мактаби рақами 168-уми пойтахт Амир Қосимов садо дод.

Аммо на танҳо орзу бо калимаи «мехоҳам», балки маҳз итминони «хоҳам шуд» аз ҷониби аксари иштирокчиёни чемпионати моделсозии мушакҳо миёни мактабҳои ноҳияи Чилонзори шаҳри Тошканд баён гардид.
– Бале, ҳамин тавр… Насли имрӯза хеле хушбин ва ба орзуҳову ибтикорҳои худ боварӣ дорад ва ин, ба назари ман, бисёр хуб аст, – мегӯяд сармураббии бахши моделсозии мушакҳои Маркази ноҳиявии варзишҳои техникӣ ва амалӣ, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ Алишер Усмонов. – Муҳим он аст, ки мо ниҳоят тавонистем анъанаҳои маҳфилу бахшҳоро эҳё намоем, ки писарону духтаронро ба эҷодкорӣ ҷалб месозанд. Онҳо аввалин қадамҳоро бо дасти худ мегузоранд – мушак, ҳавопаймо ва ҳатто моделҳои киштиҳоро месозанд. Ҳамин тавр, дар амал меомӯзанд, ки муҳаррик чист, чӣ гуна кор мекунад, дастгоҳҳои парвозкунанда чӣ гуна ба кор медароянд ва ҳатто одитарини он – бод чӣ гуна бодбаракро ба ҳаракат меорад. Дар ин замина мехостам ба роҳбарияти марказ, бахусус, Алишер Эргашев, ки барои ифтитоҳи бахши моделсозии мушакҳо ва баргузории аввалин чемпионат дар солҳои охир мусоидат намуд, изҳори сипос намоям.

Бояд таъкид кард, ки ин чемпионати деринтизор ба 65-солагии аввалин парвози инсон ба кайҳон бахшида шуда буд. Мусобиқаҳои намоишӣ дар варзишгоҳи мактаби варзишии ноҳия баргузор гардиданд. Маросими ҷоизасупорӣ бошад, дар майдони марказӣ, назди пайкараи Юрий Гагарин доир шуд. Дар чашмони кӯдакон чӣ қадар шодӣ ва ифтихор медурахшид!

Қобили зикр аст, ки ҳамзамон мусобиқаи кушод низ ба вуқӯъ пайваст, ки дар он ҳатто хонандагони литсейҳои пойтахт иштирок карданд. Ташаббускори он мураббии ҷавон, вале соҳибтаҷриба Козим Исмоилов мебошад. Ҷавон, аммо бо таҷрибаи 27-сола, зеро ӯ ҳанӯз аз синфи сеюм ба маҳфили ҶДММ «Ватанпарвар» қадам гузошта, тамоми зинаҳои мусобиқаҳоро аз сатҳи ноҳиявӣ то ҷумҳуриявӣ тай кардааст.

Имрӯз ӯ устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, ҳамзамон ҳомӣ низ мебошад, ки бидуни муболиға, нисфи даромади худро барои омодагӣ ва баргузории мусобиқаҳо сарф мекунад. Шогирдонаш борҳо дар сатҳи шаҳр ва ҷумҳурӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардидаанд, инчунин дар чемпионати байналмилалӣ, ки тибқи анъана дар Байконури Қазоқистон баргузор мешавад, соҳиби ҷойи дуюм шудаанд.

– Ҳамзамон бо мусобиқаҳои маҳаллӣ мо аллакай ба чемпионати дарпешистода дар Байконур омодагӣ мебинем, ки тобистони наздик баргузор мегардад, – гуфт Козим. – Умедворам, ки яке аз ғолибони имрӯза,  шояд Акмал Ҳамидуллоев ё Нафиса Ортиқова,  аз он ҷо медали тилло ба Ватан орад.

Бо ҳамин гуна орзуву ҳадафҳо на танҳо шогирдон, балки худи мураббиён низ зиндагӣ мекунанд. Бешубҳа, онҳо бо умед интизори он рӯзи дурахшони таърихи Ӯзбекистони Нав ҳастанд, ки кайҳоннаварди мо ба фазои кайҳонӣ парвоз хоҳад кард. Кӣ медонад, шояд он шахс яке аз ҳамин тарбиятёфтагони маҳфилҳои моделсозии мушакҳо бошад.

Элмира ЗАЙНУДДИНОВА.
Аксбардор: Элдор БАЛТИН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: