Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд...

Дар Самарқанди бостонӣ анъана шудааст, ки аҳли фарҳангу адабиёт ва ҳаводорони шеъру адаб ҳар сол 15-уми апрел зодрӯзи қофиласолори адабиёти муосири тоҷику ӯзбек Устод Садриддин Айниро дар хона-музейи ӯ мутантан ва бошукӯҳ таҷлил кунанд.

Ба муносибати 148-солагии алломаи Шарқ Садриддин Айнӣ дар осорхонаи соҳибҷашн, воқеъ дар шафати майдони Регистон, анҷумани фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ аҳли илму адаби Самарқанд, устодону талабагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷӯёни филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи Шароф Рашидов, ҳунарпешагони номдори вилоят, мухлисони каломи бадеъ ва дигарон ширкат варзиданд.

Директори осорхона Амриддин Пӯлодӣ ба гирдиҳамоӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба профессор Аслиддин Қамарзода дод. Мавсуф доир ба ҳаёт ва хидматҳои шоистаи устод ҳарф зад.

Раиси маркази фарҳангии тоҷикон ва тоҷикзабонони Самарқанд Шуҳратҷон Самадов, муҳаррири рӯзномаи «Овози Самарқанд», доктори фанҳои фалсафа Баҳодури Раҳмон, адабиётшинос Ҷумъа Ҳамроҳ ва дигарон ба сухан баромада, зикр намуданд, ки Самарқанд барои Устод Садриддин Айнӣ нафақат маскани зиндагӣ, балки макони илҳомбахши эҷодиёти пурбаракати  ӯ буд.

Толибилмони шуъбаи тоҷикии Донишкадаи маркази забонҳои Осиёи Марказӣ  аз асарҳои устод Садриддин Айнӣ порчаҳо қироат карданд ва саҳнаҳои театрӣ намоиш доданд.

– Боиси хушнудист, ки ба муносибати рӯзи мавлуди абарустод, асосгузори адабиёти навини тоҷик ва ӯзбек Садриддин Айнӣ дар осорхонаи ӯ намоишгоҳи «Нақши Садриддин Айнӣ дар тарбияи насли наврас» баргузор шуд, – иброз дошт адиби номӣ Адаш Истад. – Дар намоишгоҳ ҳуҷҷату аксҳои нодир, китобҳои чопи охири асри XIX ва ғайра гузошта шудаанд, ки хеле ҷолибу диданианд. Камина аз он хурсандам, ки барои ташкили чунин намоишгоҳи адабиву маърифатӣ бо ходимони осорхона ҳамкорӣ доштам.

Зоҳир Ҳасанзода, хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: