Чорабиние, ки дилҳоро бедор кард

Дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 17-уми шаҳри Ангрен чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ бахшида ба зодрӯзи адиби бузург Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Халқ дар тимсоли Айнӣ» бо иштироки омӯзгорону хонандагон дар сатҳи хеле баланд баргузор гардид.

Мақсади асосии баргузории ин чорабинӣ мероси гаронбаҳои адабӣ ва таърихии Садриддин Айнӣ, инчунин тарбияи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ дар дили насли наврас буд. Дар ҷараёни чорабинӣ хонандагони синфи 7 «б» таҳти роҳбарии омӯзгори ташаббускор Ҳамидулло Рӯзиматов бо барномаи рангину ҷолиб баромад намуда, ҳозиринро бо саҳифаҳои муҳимтарини ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ шинос карданд. Онҳо порчаҳо аз асарҳои машҳури адибро бо эҳсоси баланд қироат намуда, шеърҳои пурмазмунро бо маҳорати хоса пешкаш намуданд. Қисмати марказӣ ва таъсирбахши чорабинӣ намоиши саҳнавӣ аз рӯйи асари машҳури адиб – «Марги судхӯр» буд. Дар ин намоиш хонандагон бо маҳорати баланд образҳои асосиро иҷро намуда, мазмуну моҳияти асарро равшан ифода карданд. Образи «марги судхӯр» ҳамчун рамзи шахси  ҳирсомез нишон дода шуда, рафтори нодурусти ӯ нисбат ба мардум бо ҳиссиёти амиқ ва таъсирбахш ба саҳна гузошта шуд. Ин намоиши саҳнавӣ ба хонандагон дарси ибрат бахшида, онҳоро ба инсондӯстӣ, адолатпарварӣ ва поквиҷдонӣ ҳидоят намуд. Тамошобинон аз иҷрои нақшҳо ба ваҷд омада, ҳунари наврасонро бо кафкӯбиҳои гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Ҳамзамон, барои фарогирии бештари хонандагон, идомаи чорабинӣ тавассути радиои мактаб низ ба роҳ монда шуд. Тавассути он маълумотҳои ҷолиб оид ба ҳаёт ва фаъолияти Садриддин Айнӣ, порчаҳои адабӣ ва суҳбатҳои маърифатӣ пахш гардиданд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи маънавии хонандагон мусоидат намуд. Чорабинӣ дар фазои гарму дӯстона ва бо рӯҳияи баланд анҷом ёфта, дар дили иштирокчиён ҳисси ифтихор аз фарҳанги миллӣ ва эҳтиромро ба адабиёт боз ҳам қавитар гардонд.

Нозимҷон НАМОЗОВ, ҷонишини директор оид ба корҳои
маънавияти мактаби рақами 17-уми шаҳри Ангрен.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: