Дар минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи Тирмиз – «Маркази байналмилалии савдои Тирмиз» бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма чорабинии муҳим – «Ҳафтаи медиа», ки 13 апрел оғоз ёфта буд, кори худро анҷом дод.
Ин ташаббус бо ҳамкории Маркази таҳияи контенти миллӣ, Иттиҳоди журналистон, Агентии корҳои ҷавонон ва ҳокимияти вилоят роҳандозӣ гардидааст, ки ҳадафи ниҳоӣ баланд бардоштани сатҳи касбии кормандони соҳаи медиа ва мутобиқ гардондани кори онҳо ба талаботи замон мебошад.
Дар чорабинӣ коршиносони соҳа, аз ҷумла, намояндаи Маркази бозомӯзии журналистон Н. Тошпӯлодова, журналисти шабакаи телевизионии «Менинг юртим» У. Олимова ва мутахассиси Маркази таҳияи контент Р. Шораҳимов дар ҳузури иштирокдорон бо маърӯзаҳои ҷолиб баромад карданд. Онҳо доир ба фаъолияти рӯзноманигорӣ дар шароити муосир, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо суханронӣ карданд. Ҳамзамон машғулиятҳои интерактив баргузор гардида, иштирокчиён ба саволҳои худ посухи муфассал гирифтанд.
Дар доираи ин машғулиятҳо зиёда аз 40 намояндаи воситаҳои ахбори чопӣ ва электронӣ, 58 нафар котиби матбуотии идораҳои давлатӣ, 29 нафар наворбардору муҳаррири телевизион, блогерон ва таҳиягарони барномаҳои ҳуҷҷатӣ иштирок намуда, малакаҳои касбии худро такмил доданд.
Бино ба гуфтаи роҳбари хидмати матбуотии ҳокимияти вилоят М. Давлатов, «Ҳафтаи медиа» бо баҳсу мунозираҳои ҷолиб кормандони соҳаро ба як ҳадафи муштарак муттаҳид сохта, дар онҳо тарзи нави тафаккурро ташаккул дод. Ин раванд, ба андешаи ӯ, барои беҳтар намудани сифати матолиби иттилоотӣ ва инъикоси саривақтии тағйироту навгониҳои ҷомеа аҳамияти муҳим дорад. Иштирокдорон дар баробари таҷрибаомӯзӣ, дониши худро дар самтҳои масъулияти иҷтимоӣ, ахлоқи касбӣ ва қонунгузории соҳаи медиа ғанӣ гардонданд.
Дар шароити тағйироти босуръати фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, рушди шабакаҳои иҷтимоӣ ва технологияҳои зеҳни сунъӣ, инчунин афзоиши хабарҳои бардурӯғ, аз намояндагони соҳа талаб карда мешавад, ки ба кор равишҳои навро ҷорӣ намоянд.
Дар маркази муҳокимаҳо масъалаҳои муҳим, аз қабили таъмини амнияти иттилоотӣ, раванди рақамисозӣ ва истифодаи самараноки зеҳни сунъӣ қарор доштанд.
Сурайё НОРМАНӢ.
Вилояти Сурхондарё.
Аксбардор: Ҷ. Қӯзимуродов (ӮзА).