Бегоҳии рӯзе аз моҳи апрел дар қисме аз шоҳроҳи Алишер Навоии шаҳри Тошканд ҳаракати мошинҳо ҳар замон қатъ мешуду садои сигнали онҳо баландтар.
Дар ин роҳ ҳамарӯза чунин саҳнаро дидан мумкин аст. Саҳарӣ ва бегоҳӣ танбашавии мошинҳо яке аз мушкили асосии ронандагону мусофирон ба ҳисоб меравад. Ронандаҳо асабонӣ ва мусофирони хашмгин гоҳе соатҳо дар миёнаи роҳ дармемонанд. Дар бархе роҳҳои дигари пойтахт низ чунин ҳолат ба назар мерасад.
Бо мақсади муайян намудани сабабҳои танбашавӣ камина дар атрофи бозори Чорсӯ, ки дар роҳи мошингарди кӯчаи Навоӣ ҷойгир шудааст, мушоҳида гузаронидам. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар маркази савдои мазкур барои воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи хурд вуҷуд дорад. Дар ин нуқтаи фурӯш ронандагон чи тавре хоҳанд, нақлиёти худро дар саҳни фурӯшгоҳ ҷойгир мекунанд. Маъруфҷон, ки худро ҳамчун нозири тартиботи воситаҳои нақлиёт ва вазъи санитарии дӯконҳои назди бозори Чорсӯ муаррифӣ намуд, иброз дошт, ки барои риоя намудани тартибот аз ҷониби нозирон дар ин мавзеъ ҳамарӯза назорат бурда мешавад. Ба гуфтаи ӯ, қисми зиёди нақлиёти назди дӯконҳо гузошта, ба фурӯшандагони ин дӯконҳо тааллуқ дорад.
– Тошканд қариб 3 миллион аҳолӣ дорад, 8 ҳазору 750 таксӣ фаъолият мекунад, шумораи мошинҳои хусусӣ бошад, маълум нест. Рӯзона ҳазорон мошин аз гӯшаҳои дигари пойтахт меоянду мераванд. Автомобил зиёд аст, вале роҳҳо танганд. Дар соатҳои авҷи серодамӣ дар шоҳроҳҳои асосӣ бандшавии нақлиёт ба вуҷуд меояд. Ҳангоми танбашавии зиёди мошинҳо гоҳе фармоиши мусофиронро иҷро карда наметавонам, – мегӯяд ронандаи таксӣ Авазбек Воҳидов. Имрӯзҳо барои пешгирии ин гуна мушкилиҳо аз ҷониби мутасаддиён чӣ чораҳо андешида мешавад?
Бо чунин суол тавассути телефон бо мутахассиси Кумитаи давлатии роҳҳои автомобилгард Фарҳод Назаров ҳамсӯҳбат шудам. Ӯ таъкид кард, ки замон бо шиддат тағйир меёбад. Ҳар як соҳа рушд ёфта, дигаргуниҳо рӯз то рӯз афзуда, дар баробари ин талаботи зиёд ба миён гузошта мешаванд. Бо ташаббуси Сарвари давлат дар баробари тамоми соҳаҳо ба рушди шабакаҳои нақлиёту коммуникатсия таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар тӯли солҳои охир дар бобати сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард, ба роҳ мондани алоқаи нақлиёт бо мамлакатҳои хориҷӣ, ба кор бурдани техникаю технологияи ҳозиразамон дар соҳаи роҳсозӣ, тайёр ва зиёд кардани мутахассисони ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ корҳои амалӣ ҷоннок гардиданд. Коркунони соҳа дар муддати кӯтоҳ, дар роҳҳои автомобилгард ҳаракати нақлиётро қатъ нанамуда, бо ҷидду ҷаҳд сохтмони гузаргоҳҳои асосӣ, кӯпрукҳои боҳашамат, шоҳроҳҳои замонавии серҳаракатро идома медиҳанд. Натиҷаи ҳамин аст, ки равонии роҳҳо ва ҳаракати беисту бехатари нақлиёт таъмин карда мешавад. Ин на танҳо барои ронандагон, балки барои мусофирон ҳам қулайиҳо ба вуҷуд меоварад. Мусофирон, ки роҳи дурашон наздик, мушкилашон сабук мегардад, аз ин имкониятҳо самарабахш истифода мебаранд. На танҳо дар шаҳр, балки дар деҳаҳо ҳам чунин қулайиҳо ба назар мерасанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки барои ҳалли ин мушкилот чораҳоро амалӣ намудан зарур аст. Аз ҷумла, беҳтар намудани инфрасохтори роҳҳо, насби системаи муосири идоракунии ҳаракат, инчунин баланд бардоштани фарҳанги ронандагӣ метавонад ба беҳтар шудани ҳаракат мусоидат намояд.
Далер Азизов,
хабарнигори «Овози тоҷик».