Дар маҳаллаи «Ҳаёт»-и деҳаи хушманзари Ӯхм, ки дар доманаи кӯҳпояи Нурато маскан гузидааст, дар ин рӯзҳои хушу офтобии баҳор чорабинии фарҳангӣ-фароғатии «Сайри суманак» баргузор гардид.
Онро дар яке аз хона-меҳмонхонаҳо, ки оилаи Эгам Анҷиров ба роҳ мондааст, хеле бо шукӯҳ гузарониданд. Ба ин гӯшаи зебои деҳа аз кунҷу канори олам тӯли сол сайёҳони бисёр меоянд. Қуллаи баландтарини кӯҳистони Нурато ҳам дар қарибии ҳамин маҳалла воқеъ аст. Ба чорабинии фарҳангӣ аз муассисаву ташкилотҳои ноҳияи Фориш намояндагон иштирок намуданд. Дастаҳои ҳунарии хонаи фарҳанги ноҳия суруду тарона ва рақсҳои дилнишин иҷро карданд, ба онҳо, ҳатто сайёҳони хориҷӣ ҳамовоз шуда арғушт рафтанд.
Барои меҳмонон ва фаъолони маҳалла хони зиёфат густурда шуд. Кадбонуҳо бо сарварии момои Бозоргули дорандаи ордени «Дӯстӣ» суманак пухта, ба дасторхон кашиданд. Дар чорабинӣ маснуоти гуногуни ҳунармандӣ ба намоиш гузошта шуданд. Наврасон аз руйи гӯштини миллӣ қувваозмоӣ карданд.
Ҳокими ноҳияи Фориш Соҳиб Исломов ҳозиринро табрик гуфт ва дар бораи имкониятҳои сайёҳӣ, ҷалби меҳмонони хориҷӣ ҳарф зад.
Раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони вилояти Ҷиззах Абдукарим Шарифов ба сухан баромада, ба бонувони фаъол ташаккурномаҳо супурд.
Дар анҷом Сатторқулбобои навадсола – сокини маҳаллаи номбурда даст ба дуо бардошта, ба ҳама офият, ба диёрамон осудагиву амонӣ талабид.
Собир Эргашев,
ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззах.