Холҳои ҷаримавӣ чӣ хел ҳисоб карда мешаванд?

Маълум аст, ки бо мақсади такмил додани низоми таъмини бехатарии ҳаракати роҳ, пешгирӣ намудани ҳодисаҳои роҳ, ҷорӣ кардани технологияҳои ахбору коммуникатсияи муосир, инчунин боз ҳам афзун гардондани масъулияти ронандагон бобати риояи қатъии қоидаҳои ҳаракати роҳ қарори Девони Вазирон аз 6 майи соли 2025 «Дар бораи ҷорӣ намудани низоми баҳогузории қоидавайронкуниҳои ҳаракати роҳ дар асоси холҳои ҷаримавӣ» қабул гардида буд.

Бинобар ин аз 1 июни соли 2025 мувофиқи 12-то моддаи «Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ» ба баённомаҳои аз  ҷониби кормандони хидмати патрули роҳ сабтёфта ва аз 1 апрели соли ҷорӣ нисбати вайронкунии қоидаҳои роҳе, ки дар Кодекс оварда шудаанд ва онҳоро сохторҳои роҳ ба қайд гирифтаанд, холҳои ҷаримавӣ татбиқ мешаванд. Чи хеле ки таъкид ёфт, дар мамлакати мо бо мақсади таъмин кардани бехатарии ҳаракати роҳ, маҳдуд намудани ҳодисаҳои роҳ ва афзун гардондани шуурнокии ҳуқуқӣ ва масъулияти ронандагон низоми «холҳои ҷарима» ҳоло ба марҳилаи нав бардошта шуд. Акнун нафақат қоидаҳои вайроншуда аз ҷониби кормандони хидмати патрули роҳ муайяншуда, балки қонуншиканиҳои бо ёрии воситаҳои махсуси техникӣ-камераю радарҳо ба қайд гирифташуда низ холҳои ҷаримавӣ татбиқ мегардад. Ин боиси болоравии фарогирӣ ва таъсирнокии низом мегардад.

Моҳияти низом на ҷазо, балки тартиб мебошад. Низоми ҷарима дар асоси хол ин чораи ҷазодиҳӣ нест, балки он пеш аз ҳама механизми профилактикиест, ки ба интизоми ронанда баҳо дода, ӯро аз вайронкунии қоида бозмедорад. Бинобар ин низом вайронкунии ҳар як қоида аз 0,5 то 2 хол муайян шудааст, холҳо дар давоми 12 моҳ гирд оварда мешавад, вақте ки ҷамъи холҳо ба 12-то расид, ронанда аз ҳуқуқи идоракунии нақлиёт маҳрум шуданаш мумкин аст. Ин қоида ронандагонро водор месозад, ки ҳамеша ба қоидаҳои ҳаракати роҳ амал кунанд.

Навгонии муҳимтарин: камераҳо низ «баҳо мегузоранд». Бинобар тартиботи аввала барои вайронкунии қоидаҳое, ки камера қайд кардааст, асосан ҷаримаҳои молиявӣ татбиқ мегардид. Холи ҷаримаро корманди хидмати патрули роҳ мувофиқи ҳолатҳои ба қайдгирифтааш мегузошт. Акнун қонуншиканиҳое, ки аз тарафи камера ва радар бақайдгирифта мешаванд, фавран шомили низоми ҳисобкунии холҳои ҷарима мегарданд. Ин тағйирот имкон медиҳад, ки омили инсон маҳдуд гардад, барои ҳамаи ронандагон меъёри ягона: назорати якхела ва шаффоф зоҳир шавад, пинҳон кардани вайронкунии қоида ва чашмпӯшӣ аз он кам шавад.

Ҷавобгарӣ: касе, ки сари фармони нақлиёт нишастааст, ҷавобгар аст. Яке аз тамоилҳои асосии қарор аниқ муайян кардани ҷавобгарист.

Холҳои ҷарима: на ба соҳиби нақлиёт, балки ба ронандае, ки қоидаро вайрон кардааст, дода мешавад. Ин аз рӯи адолат аст. Дар низом нафақат ҷазо, балки имтиёз низ амал мекунад: агар дар давоми 6 моҳ қоида вайрон нашавад, 2 хол кам карда мешавад. Агар дар давоми 12 моҳ ҳаракат бенуқсон бошад, минбаъд барои вайронкунии аввалини қоида холи ҷаримавӣ қайд намеёбад. Ин ронандагонро ба интизомнокӣ водор месозад.

Шаффофӣ ва назорат: холҳои ҷарима бо низоми электронии махсус ифода меёбад. Ронандагон метавонанд ҳолати худро назорат кунанд. Ҳангоми ба сарҳадҳои муайян наздик расидан огоҳонида мешаванд. Ин кушодӣ ва боваринокии низомро таъмин месозад.

Хулоса, интегратсияи низоми холҳои ҷаримавӣ бо камераҳо дар соҳаи бехатарии ҳаракати роҳ қадами муҳим аст. Ин назоратро қавитар ва адолатро таъмин месозад, вайронкунии қоидаро маҳдуд менамояд, муҳимтаринаш баҳри ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон хидмат мекунад. Ҳар як қоидаи роҳ ин маҳдудият не, балки воситаи ҳифзи ҳаёт аст. Ҳар як ронанда инро бояд донад: холҳои ҷарима бонг, сигнали огоҳкунӣ аст. Ронанда ба туфайли риояи қоида на фақат худ, балки атрофиёнро низ аз хатар, нохушӣ ҳимоя мекунад.

Холҳои ҷарима дар асоси «E-jarimaball»-и Хидмати бехатарии ҳаракати роҳ ба омили инсон ҳисоб карда мешавад. Идоракунанда ҳангоми ворид кардани маълумот бобати автомобилро ба ронанда дар асоси ваколатнома, санади суғурта, варақаи роҳ супориданаш дар низоми ахбори дахлдор дафтари электронии шахсӣ боз мегардад. Ронанда, ки нақлиётро қабул кардааст, маълумоти дастрасшударо тасдиқ мекунад. Аз ин рӯ лозим аст, ки маълумоти ба ронанда дахлдор дуруст, пурра ворид шавад. Бар акси ҳол холҳои ҷарима нисбати соҳиби нақлиёт татбиқ мегардад. Ронандагон дар бораи холҳои ҷаримаи худ маълумоти заруриро дар вақти дилхоҳи худ метавонанд ба воситаи модули «E-jarimaball», ё ки илова пайдо кунанд.

Вақте ки холҳои ҷарима ба 8-то мерасад, ба ронанда тавассути телефони мобилиаш огоҳнома (SMS) мерасад. Агар миқдори холҳо ба 12-то расад, бо тартиби суд ҳуқуқи ронандагӣ бекор карда мешавад.

Бояд таъкид намуд, ки муҳлати баҳисобгирии холҳои ҷаримавии ронандагон аз рӯзи вайронкунии аввалини қоидаи роҳ оғоз ёфта, он то ҳамин рӯзи соли оянда давом мекунад. (Албатта, ронанда мувофиқи «Кодекси ҷавобгарии маъмурӣ барои ҳар як вайронкунии қоидаи роҳ ҷазои асосӣ мегирад).

Агар дар давраи ҳисобкунии холҳои ҷарима – 12 моҳ миқдори холҳо ба 12-то нарасида бошад ҳам, давраи баъдинаи ҳисобкунии холҳо аз сифр оғоз меёбад.

Мувофиқи низом дар бораи тартиби баҳодиҳӣ дар асоси холҳои ҷаримавии вайронкунии қоидаҳои роҳ ва моддаҳои дахлдори кодекс дар бораи ҷавобгарии маъмурӣ холҳои ҷаримавӣ чунин муайян карда шудааст:

Мувофиқи моддаи 125: вайронкунии қоидаҳои истифодабарӣ аз воситаҳои нақлиёт (қисми сеюм) идора кардани воситаҳои нақлиётие, ки рул, тормозашон носоз, барои муҷаҳҳази дуюмбора рухсат надоранд, 0,3 хол; (қисми панҷум) нақлиёти манъгардида, ё худсарона бе рақами давлатӣ идора кардани нақлиёт 1 хол;

Моддаи 126: истифодабарӣ аз автомобили оинаҳояш сиёҳкардашуда, назорааш маҳдуд, (қисми якум) нақлиёте, ки оинаашон сиёҳ карда шудааст ва идораи он барои ронанда мушкилӣ пеш овардааст 0,5 хол; (қисми дуюм) вайронкунии ҳуқуқӣ, ки баъди ҷазои маъмурӣ дар давоми сол боз такрор шудааст 1 хол; моддаи 127: истифода аз воситаҳои садодиҳӣ ва равшанкунии нақлиёт, вайронкунии қоидаҳои шинондани онҳо, (қисми якум) садои бемаврид, гузоштани воситаҳои сигналдиҳию равшанидиҳандаи аз қоида берун, дигаргун карда шинондани онҳо 0,2 хол;  моддаи 1283: зиёд кардани суръати ҳаракати нақлиёт (қисми якум) суръати ҳаракати нақлиётро нисбати меъёр то 20 км/соат зиёд кардан 0,5 хол; (қисми дуюм) суръати ҳаракати нақлиётро нисбати меъёр бештар аз 20 км/соат, вале на бештар аз 40 км/соат 1 хол, (қисми сеюм) суръати ҳаракати нақлиётро нисбат ба меъёр 40 км/соат зиёд, вале на бештар аз 60 км/соат 1,5 хол; (қисми чорум) суръати ҳаракати нақлиётро нисбат ба меъёр бештар аз 60 км/соат бардоштан 2 хол;

 Моддаи 1284: бар хилофи ишораи мамнӯъ (ранги сурх)-и светофор ва нозири роҳ наистода ҳаракатро давом додан (қисми дуюм) ба ишораи мамнӯъи светофор ва нозири роҳ итоат накарда аз хати таваққуф гузаштан 1 хол; моддаи 1285: халалрасонии ронандаи нақлиёт, ё ки бавуҷудории ҳолати садамавӣ, баромадан ба сӯйи ё ки қисми ҳаракати муқобили роҳ, (қисми якум) халалрасонӣ ба ҳаракати нақлиёти хидмати таъҷилӣ ё ки махсус, ки бо афрӯхтани чароғҳои гуногун, ё ки бо бонги хатар наздик меояд 0,5 хол; (қисми дуюм) қоидаи ҳаракати роҳро халалдор карда ба сӯйи ё қисми роҳи ҳаракати муқобил баромадан, ҳамин тариқ сабабгори ҳолати садамавӣ шудан, яъне бо вайронкунии ҳуқуқ иштироккунандагони дигари ҳаракати роҳро ба якбора паст кардани суръат, дигар кардани равия, ё ки баҳри таъмини бехатарии худ ё шаҳрвандони дигар ба дидани чораҳои зарурӣ маҷбур сохтан 1 хол; моддаи 1286: вайронкунии қоидаҳои ист ва нигоҳдории нақлиёт. Аз тарафи ронанда вайрон карда шудани қоидаҳои боздоштан ва истодани нақлиёт 0,2 хол, моддаи 1288: вайронкунии қоидаи роҳ ҳангоми мусофиркашонӣ, (қисми якум) вайронкунии қоида ҳангоми одамкашонӣ 0,3 хол; (қисми дуюм) дар автобус ва автобусҳои хурд ба иштироки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ кашондани мусофирон (агар шарт бошад) 0,5 хол; моддаи 1289: вайронкунии қоида ҳангоми аз нақлиёти дар пеш ҳаракаткунанда ба пеш гузаштан 1 хол; моддаи 129: иштироки ронандагон – ҳамроҳшавии онҳо ба гурӯҳе, ки ҳаракати онҳо ба бехатарии ҳаракати роҳ таҳдид дорад. Иштирок (ҳамроҳӣ) ба ронандагоне, ки гурӯҳ шуда ҳаракат карда, ба бехатарии ҳаракати роҳ таҳдид меоранд, ё ки ҳолати садамавӣ ҳосил мекунанд 1,5 хол; моддаи 130: вайронкунии қоида аз тарафи ронандагон ҳангоми  гузаштан аз гузаргоҳи роҳи оҳан 1 хол; моддаи 137: аз ҷойи ҳодисаи роҳ-нақлиёт худсарона рафтан, (қисми якум) аз ҷойи ҳодисаи рухдода қоидаро вайрон карда рафта мондани иштирокдорони ҳодисаи роҳу нақлиёт 2 хол.

Чи хеле ки таъкид ёфт, мувофиқи вайроншавии ҳуқуқҳое, ки дар моддаҳои Кодекс ифода ёфтааст, ба ронанда ҳам ҷазо дода мешавад, ҳам холҳои ҷаримавӣ амал мекунад. Ҳангоме ки ба ҳолатҳои вайроншавии қоидаҳои роҳ ронандагон эътироз мекунанд, корҳо оиди ҳуқуқвайроншавии маъмурӣ ба суд ҳавола мегардад ва холҳои ҷарима мувофиқи қарори ниҳоии суд ҳисоб карда мешавад.

Ҳамин тариқ, ронандагон оиди холҳои ҷарима метавонанд ба бахшҳои дахлдори хидмати бехатарии ҳаракати роҳи давлатӣ мувофиқи муҳлати дар қонунгузорӣ муайяншуда муроҷиат кунанд.

А. Авезов,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: