Дар Ӯзбекистони Нав бо таваҷҷуҳу сиёсати оқилона ва дурандешонаи Сарвари давлатамон риштаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ густариш меёбад.
Чанде пеш ҳайати вилояти Самарқанд таҳти роҳбарии ҳокими вилоят Адиз Бобоев ба мамлакатҳои Малайзия ва Индонезия азми сафар карда, шартномаҳои ҳамкорӣ бастанд. Дар доираи сафар ҳокими вилоят дар Куала-Лумпур бо вазири сайёҳӣ, санъат ва фарҳанги Малайзия доктор Дато Кинг Синг суҳбат ороста, ба созиш расиданд, ки моҳи май дар Самарқанд Рӯзҳои фарҳанги Малайзия ва моҳи сентябри соли равон дар Куала-Лумпур Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон баргузор хоҳад шуд.
Инчунин ҳайати вилоят дар Индонезия бо вазири корҳои дини кишвари мазкур Насаруддин Умар мулоқоти самимона ороста, ба масъалаҳои густариши иқтидори сайёҳӣ ва ҳамкорӣ дар самти фарҳанги тарафайн созиш карданд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.