Дар бинои нави сафоратхонаи Тоҷикистон дар Ӯзбекистон доир ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» брифинг доир гардид.
Дар он намояндагони соҳаҳо, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои дахлдор, сафирони кишварҳои муқими кишвари иқомат, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ширкат доштанд.
Брифинг бо суханони ифтитоҳии сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Насредин Исматулло оғоз ёфт. Сафир оид ба чорабинии сатҳи баланд, омодагиҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои мизбонии конфронс маълумоти муфассал дод.
Қайд гардид, ки ҳадафи конфронс ба таҳкими ҳамкорӣ, фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати роҳандозии амалҳои мушаххас барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва дастгирии татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об, инчунин амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амал буда, он ҳамчун чорабинии калидӣ барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 ва баргузории машваратҳо, муҳокимаҳои ғайрирасмӣ бо ҷонибҳои манфиатдор оид ба Конфронси оби СММ дар соли 2028, ки дар Тоҷикистон доир мегардад, хидмат мекунад.
Конфронс намояндагони сатҳи баландро аз кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, сохторҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, муассисаҳои молиявию илмӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон, мардуми бумӣ ва бахши хусусиро барои пешбурди уҳдадориҳо ва таъкиди василаҳои ҳалли дигаргунсозандаи соҳаи об ҷамъ меорад.
Иштирокчиён дар нишастҳои пленарии сатҳи баланд, нӯҳ ҷаласаи ихтисосиро, ки бо мавзуъҳои Муколамаҳои интерактиви Конфронси оби СММ ҳамоҳанг шудаанд, инчунин дар чорабиниҳои пешазконфронсӣ, чорабиниҳо дар ҳошияи ҳамоиш ва намоишҳои байналмилалӣ иштирок мекунанд. Барномаи конфронс ҳамзамон чорабинии минтақавии Созмони Милали Муттаҳид барои омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026-ро, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои Осиё ва уқёнуси Ором ташкил карда мешавад, дар бар мегирад. Чорабинии мазкур ба кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором барои ҳамоҳангсозии мавқеъҳои минтақавӣ ва таҳкими саҳми дастҷамъонаи онҳо имконияти муҳим фароҳам меорад. Дар давоми Даҳсолаи амали об, масъалаҳои марбут ба об ба рӯзномаҳои байналмилалӣ оид ба рушди устувор, иқлим, гуногунии биологӣ, биёбоншавӣ ва хушксолӣ, коҳиши хатари офатҳо, муҳити зисти ҷаҳонӣ, уқёнусҳо ва дигар соҳаҳо бештар ворид карда шудаанд. Эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии пиряхҳо аз ҷониби СММ робитаҳои байни рӯзномаҳои иқлим ва обро таъкид карда, огоҳиро дар бораи оқибатҳои обшавии босуръати пиряхҳо баланд бардошт. Ғайр аз ин, Даҳсолаи амал барои дастгирии илмҳои криосферӣ – 2025-2034 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ аз 13 августи соли 2024 расман эълон карда шуд.
Сарфи назар аз эътирофи васеъ, ки об калиди рушди устувор ва решакан кардани камбизоатӣ аст, миқёси мушкилоти об афзоиш меёбад. Миллиардҳо нафар то ҳол ба санитария ва оби нӯшокии бехатар дастрасӣ надоранд. Тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ ва хатари афзояндаи офатҳо ба захираҳои об фишори афзоянда меоранд. Тақрибан 10% аҳолии ҷаҳон айни замон дар шароити сатҳи баланд ё шадиди танқисии об зиндагӣ мекунанд.
Барои ҳалли ин мушкилот ва тақвияти дастгирии амалиёти об дар ин лаҳзаи муҳим, Ҳукумати Тоҷикистон якҷоя бо Созмони Милали Муттаҳид ва шарикон Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи амалиёти обро аз 25 то 28 майи соли 2026 баргузор мекунад.
Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори Даҳсолаи амалиёти об ва ҳамраиси Конфронси оби СММ дар соли 2023, Раванди оби Душанберо ҳамчун механизми пайгирӣ, бахусус барои таъмини платформа барои гузоришдиҳӣ дар бораи Рӯзномаи амалиёти об ва мониторинги пешрафт дар иҷрои ӯҳдадориҳои ихтиёрӣ, пешниҳод мекунад.
Дар тӯли чанд соли охир, конфронсҳои оби Душанбе барои ҷонибҳои манфиатдор ва сиёсатгузорон як платформаи беназирро барои муҳокимаи роҳҳои ҳалли амалӣ оиди масъалаҳои об фароҳам оварданд. Аз оғози Даҳсолаи амали об, се конфронс дар солҳои 2018, 2022 ва 2024 баргузор шудаанд.
Ташкили Конфронси чоруми Даҳсолаи амали об дар Душанбе анъанаи деринаи Тоҷикистонро дар таъмини платформа барои муҳокимаҳои сиёсӣ, муколама, шарикӣ ва амали ҷаҳонӣ идома хоҳад дод.
Ҳамчунин Конфронси оби Душанбе имконияти беназири иштирок дар гаштҳои махсус низ фароҳам меорад. Ин сайру гаштҳо ба ширкаткунандагон фурсат медиҳад, то бо мероси ғании фарҳангӣ ва таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла тамаддунҳои бостонӣ ва мероси Роҳи абрешим шиносоӣ пайдо карда, оид ба таҷрибаи Тоҷикистон дар мудирияти захираи об, инчунин инфрасохтори устувори об ва гидроэнергетикии кишвар аз наздик ошно гарданд.
Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва Саҳми расмӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2026 инъикос меёбад.
Конфронс ҳамчун як платформаи муҳими ҷаҳонӣ барои таҳкими шарикӣ, ҳавасмандгардонии навоварӣ, маблағгузорӣ ва суръат бахшидан ба амалҳои мушаххас оид ба таъмини рушди устувор ва таҳияи роҳҳои ҳалли ҳамоҳангшуда барои таъмини амнияти об хидмат мекунад.
М. Мамаҷонова,
хабарнигори «Овози тоҷик».