Қадамҳои лоиҳаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» дар ноҳияи Нурато

Солҳои охир дар Ӯзбекистон ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дастгирии қишрҳои осебпазир ва беҳтар намудани сифати зиндагии шахсони ниёзманд аҳамияти махсус дода мешавад.

 Яке аз ташаббусҳои муҳим дар ин самт барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» мебошад, ки барои густариши хидматрасониҳои иҷтимоӣ ба шахсоне, ки ба нигоҳубини дигарон эҳтиёҷ доранд, роҳандозӣ гардидааст. Ин барнома на танҳо як тадбири иҷтимоӣ, балки қадами ҷиддӣ ба сӯйи баланд бардоштани шаъну шарафи инсон, дастгирии оила ва фароҳам сохтани шароити мусоид барои зиндагии арзанда мебошад.

Қарори Девони Вазирон аз 29 январи соли 2026, ба такмили заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии ин барнома равона гардида, ворид намудани як қатор тағйиру иловаҳоро ба қарорҳои қаблии Ҳукумат пешбинӣ намудааст. Ҳадафи асосии ин ҳуҷҷат таъмини иҷрои Қонун «Дар бораи ҳуқуқи шахсони маъюб» ва инчунин иҷрои қарори Президент аз 8 майи соли 2025 мебошад. Дар ин хусус мо бо мудири шуъбаи кор бо шахсони калонсол ва оилаҳои вазъияташон душвори назди Маркази хидматрасониҳои иҷтимоии «Инсон» дар ноҳияи Нурато Ёрқин Наврӯзов суҳбат оростем.

– Мегуфтед, ки моҳияти асосии барномаи »Қадам ба ҳаёти фаъол» дар чӣ зоҳир меёбад?

– Барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» ба он равона шудааст, ки шахсони ба нигоҳубини дигарон муҳтоҷ, пиронсолони танҳо, шахсони маъюб ва оила-ҳое, ки дар вазъияти душвори иҷтимоӣ қарор доранд, аз хидматрасониҳои муосир  мақсаднок баҳраманд гарданд. Моҳияти барнома дар он аст, ки ёрии иҷтимоӣ танҳо дар шакли кӯмакпулӣ ё дастгирии яквақта маҳдуд набошад, балки ба низоми мукаммали хидматрасонӣ табдил ёбад.

Дар доираи барнома якчанд намуди хидматрасонии иҷтимоӣ дар хона ҷорӣ карда шудаанд. Ба онҳо хидматрасонии иҷтимоӣ-маишӣ дар хона, нигоҳубин дар хона, хидматрасонии тиббӣ-иҷтимоии реабилитатсионӣ, нигоҳубини рӯзона ва хидмати ёвари шахсӣ дохил мешаванд. Ин чораҳо барои он пешбинӣ шудаанд, ки шахси ниёзманд ҳарчи бештар дар муҳити хонаводагӣ ва иҷтимоии худ боқӣ монад, беҳтар зиндагӣ кунад ва аз танҳоӣ, маҳдудият ва душвориҳои рӯзгор ранҷ набарад.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими ин барнома он аст, ки давлат кӯшиш дорад хидматрасониҳоро шаффоф, мақсаднок ва бо истифодаи технологияҳои рақамӣ ба роҳ монад. Аз ҷумла, тартиби додани ваучер, пардохти маблағи онҳо ва бастани шартнома бо хидматрасонҳо тавассути платформаи  «Ҳамкории оила» дар низоми иттилоотии my.ihma.uz амалӣ мегардад. Ин раванд имкон медиҳад, ки ҳам идоракунӣ осонтар шавад ва ҳам шаффофият таъмин гардад.

– Тағйироти муҳиме, ки қарор пешбинӣ мекунад, кадомҳоанд?

– Қарори нави Ҳукумат якчанд тағйироти муҳимро дар механизми амалисозии барнома муқаррар кардааст. Пеш аз ҳама, баъзе талаботи такрорӣ ва расмиёти зиёдатӣ бекор карда шудаанд. Масалан, талабе, ки мувофиқи он шароити зиндагии шахсони муҳтоҷ ҳар семоҳа аз нав арзёбӣ карда мешуд, бекор гардидааст. Ин қарор аз як ҷониб барои сабуктар кардани кори сохторҳои иҷтимоӣ, аз ҷониби дигар барои пешгирии сарсониву ташвиши изофии шаҳрвандон нигаронида шудааст.

Ҳамзамон, нақши гурӯҳҳои бисёрсоҳа дар мониторинг қавитар гардидааст. Акнун ҳангоми гузаронидани мониторинг на танҳо шароити зиндагии шахси муҳтоҷ аз нав омӯхта мешавад, балки самаранокии хидматрасонии иҷтимоӣ низ арзёбӣ гардида, нақшаи инфиродии хидматрасонӣ таҷдиди назар ё қатъ карда мешавад. Ин нишон медиҳад, ки барнома танҳо бо пешниҳоди хидмат маҳдуд намешавад, балки ба натиҷаи воқеӣ ва таъсири он ба зиндагии инсон диққати ҷиддӣ медиҳад.

Қарор инчунин асосҳои дақиқи бекор кардани ваучер, аз қайд баровардани хидматрасонӣ аз платформа ва масъалаҳои марбут ба ҳисобгирии электрониро муайян мекунад. Ин ҳама ба низоми кор ва пешгирии истифодаи нодуруст мусоидат менамояд.

– Доир ба навгониҳои иҷтимоии барои шахсони махсусан ниёзманд ҷоришуда маълумот медодед.

 – Яке аз муҳимтарин навгониҳо он аст, ки аз 1 марти соли 2026 барои шахсони махсусан ниёзманд, ки гирифтори деменсия, паркинсон ё алтсгеймер мебошанд ва таҳти назорати диспансерӣ қарор доранд, хидматрасонии нигоҳубини рӯзона роҳандозӣ карда мешавад. Ин иқдом барои оилаҳое, ки нигоҳубини чунин шахсонро ба ӯҳда доранд, аҳамияти хеле калон дорад.

Нигоҳубини чунин афрод кори сангин, пурмасъулият ва тӯлонӣ аст. Дар бисёр ҳолатҳо аъзои оила наметавонанд ҳамзамон кор кунанд, таҳсил намоянд ё фаъолияти иқтисодии худро пеш баранд. Барномаи нав дар асл ба чунин оилаҳо имкон медиҳад, ки ҳам шахси ниёзманд аз нигоҳубини лозим бархурдор гардад ва ҳам наздиконаш тавонанд зиндагии фаъоли худро идома диҳанд. Ин аст моҳияти аслии барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол».

– Оиди татбиқи барнома дар ноҳияи Нурато сухане чанд мегуфтед.

– Дар мисоли ноҳияи Нурато метавон гуфт, ки барнома аллакай ба марҳилаи амалӣ гузаштааст ва қадамҳои аввалини он натиҷаҳои мушаххас медиҳанд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар ноҳия тавассути платформаи рақамӣ ваучерҳо ташаккул дода шуда, хидматрасониҳои иҷтимоӣ ба шаҳрвандон пешниҳод мегарданд.

То имрӯз дар ноҳия 109 ваучер ташаккул дода шудааст. Аз ин шумора, 34 ваучер барои нигоҳубин дар шароити хона ва 75 ваучер барои хидматрасонии иҷтимоӣ-маишӣ дар хона дода шудааст. Дар доираи ин хидматрасониҳо 13 ваучер махсус барои хидматрасонии тиббӣ-иҷтимоии реабилитатсионӣ шакл гирифтааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки барнома танҳо як ташаббуси коғазӣ нест, балки дар сатҳи маҳаллӣ ба мардум хидмат мерасонад.

Қобили зикр аст, ки дар ноҳия маркази иҷтимоии «Инсон» дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор вазифаи муҳимро иҷро менамояд. Маҳз тавассути чунин марказҳо муайян кардани эҳтиёҷмандон, ташкили хидматрасонӣ, назорат аз болои сифати хидмат ва расонидани ёрӣ ба шаҳрвандон сурат мегирад. Нақши чунин ниҳодҳо дар амалӣ шудани ислоҳоти иҷтимоӣ назаррас мебошад.

Аҳамияти барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» танҳо дар шумораи ваучерҳо ё хидматҳои расонидашуда нест. Арзиши воқеии он дар он аст, ки муносибат ба шахси ниёзманд тағйир меёбад. Агар пештар кумак бештар шакли маъмурӣ ва умумӣ дошта бошад, ҳоло таваҷҷуҳ ба эҳтиёҷи мушаххаси инсон, вазъи хонаводагӣ, сатҳи саломатӣ ва имкониятҳои иҷтимоии ӯ бештар шудааст.

Ин барнома инчунин барои таҳкими масъулияти ҷомеа ва оила мусоидат мекунад. Зеро бисёр ҳолатҳо вуҷуд доранд, ки шахси нигоҳубинкунанда – модар, падар, фарзанд ё дигар аъзои оила худаш низ ба дастгирӣ ниёз дорад. Вақте давлат чунин механизмҳоро ҷорӣ мекунад, дар асл на танҳо ба як шахс, балки ба тамоми оила кумак мерасонад.

Илова бар ин, истифодаи платформаҳои рақамӣ ва низоми электронии давомот ба шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва сарфаи вақт мусоидат менамояд. Дар шароити муосир чунин равиш барои самаранокии хидматрасонии давлатӣ хеле муҳим аст.

Барномаи «Қадам ба ҳаёти фаъол» яке аз намунаҳои равшани сиёсати иҷтимоии инсонпарварӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Мазмуни асосии он дар фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзанда, дастгирии шахсони ба нигоҳубин мӯҳтоҷ ва сабук кардани бори иҷтимоии оилаҳо ифода меёбад. Қарори нави Ҳукумат барои такмил додани заминаи ҳуқуқӣ, сода кардани расмиёт, рақамикунонии хидматрасонӣ ва баланд бардоштани самаранокии он хидмат мекунад.

Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: