«Ҳамчун як Ватан, як халқ ҳаёт ва ояндаи навро меофарем»

Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев 1 апрели соли ҷорӣ «Дар бораи омодагии васеъ ва баргузор намудани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» қарор имзо кард.

Дар ин ҳуҷҷат вазифаҳои баргузории чорабиниҳои иди мустақилӣ дар сатҳи баланд ва инъикоси васеи рушди кишвар муайян карда шудаанд.

Мувофиқи қарор консепсияи ид тасдиқ карда шуд ва Комиссияи ҷумҳуриявӣ барои омодагӣ ва баргузории он, ки бар асоси ғояи «Ҳамчун як Ватан, як халқ  ҳаёт ва ояндаи навро меофарем» асос ёфтааст, таъсис дода шуд.

Ин комиссия барномаи мукаммали чорабиниҳоро дар минтақаҳо ва сатҳи ҷумҳуриявӣ таҳия ва татбиқи онро таъмин хоҳад кард.

Барои таъмини  иҷрои ин қарор дар минтақаҳо чорабиниҳо ва озмунҳои гуногун баргузор мешаванд. Аз ҷумла, дар вилояти Намангон низ бо мақсади иҷрои қарор якчанд лоиҳа ба нақша гирифта шуданд.

Дар ин хусус, бо раиси шӯрои маънавият ва маърифати вилоят Мусохон Аппақов суҳбат оростем.

– Дар ҳуҷҷат баргузории чорабиниҳои маънавиву фарҳангӣ ва вохӯриҳо дар саросари ҷумҳурӣ дар моҳҳои апрел-сентябр  таҳти «Ӯзбекистони мустақил – ғурури ман, ифтихори ман»  пешбинӣ шудааст.

Дар зиёда аз 70 идораю ташкилоти вилоят ва зиёда аз 350  маҳаллаи шаҳру ноҳияҳо  «Харитаи роҳ» тасдиқ гардид ва мавриди амал қарор дода шуд.

Бо мақсади таблиғи мутолиа дар байни хонандагон ва волидони онҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар мавзӯи «Ярмаркаи китоб», «Рӯзҳои адабиёт», «Китоби ман – офтоби ман», «Китобхони ҷавон», «Китобхон момо», «Оилаи китобхон»  ном  чорабиниҳои адабӣ баргузор мешаванд.

Мувофиқи нақша бо ҳамкории  якчанд  ташкилоту муассисаҳо семинар, конфренсияи илмиву адабӣ ва тадбирҳои маънавӣ-маърифатӣ ташкил мекунем. Дар мавзӯъҳои «Дар оилаи ягона», «Ӯзбекистони Нав – ҷамъияти бомаърифат», «Маънавият халоскори оламу одам аст», «Ҷавонон – бинокорони Ӯзбекистони Нав», «Сулҳ  неъмати олӣ аст» ва  «Китобхони фаъол» чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, суҳбатҳо, семинар ва конфренсияҳо ташкил карда  мешаванд. 

Дар ҷашнвораи 65-умини байналмилалии  «Фестивали гул», ки дар шаҳри Намангон моҳҳои май-июли соли ҷорӣ  баргузор мегардад, бо ҳамкории марказҳои миллӣ-маданӣ дар мавзӯъҳои  «Ӯзбекистон – хонаи умумии мо!», »Иди гул – иди амният», «Мо фарзандони як Ватанем!»  якчанд тадбири маънавию маърифӣ баргузор мегарданд.

Дар маҳаллаҳо дар мавзӯъҳои «Оила – даргоҳи муқаддас», «Оилаи китобхон»,  «Оилаи ибратноки Ӯзбекистони Нав», «Ҳар як нуронӣ ба 10 ҷавон – масъул!» ва «Ба аҷдодон муносиб бошем!» тадбирҳои маънавию маърифатӣ ташкил карда мешаванд.

 Ҳар рӯзи ҷумъа дар ҳокимият ва ташкилоту корхонаҳо соати маънавият гузаронида мешавад. Дар ҷамъомад фаъолон дар мавзӯъҳои маънавию маърифатӣ суханронӣ мекунанд. 

Дар  асоси нақшаҳои Маркази маънавият ва маърифати ҷумҳурӣ, Ассотсиатсияи муассисаҳои таълимии ғайридавлатӣ, дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои баланд бардоштани самаранокии корҳои  маънавию тарбиявӣ лоиҳаҳо амалӣ карда мешаванд.

Бо мақсади баланд бардоштани маънавият, маърифат ва фарҳанги аҳолӣ, махсусан ҷавонон, дар як ҳафта як рӯзро  «Рӯзи театр» эълон карда, ба он кормандони ташкилоту корхонаҳо, сокинони маҳаллаҳо ва омӯзгорони мактабҳои миёна ва олиро ҷалб мекунем. Ғайр аз ин, барои аҳолии ноҳияҳои масофааш дур «театри сайёр» ташкил карда мешавад. Бо ҳамкории Кумитаи иттифоқи касабаи вилоят ба ҷойҳои таърихию маданӣ ва зиёратгоҳҳои кишварамон сафарҳо ташкил мекунем.

Шоҳида ДАМИНОВА,

мухбири «Овози тоҷик»

дар вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: