Дар саҳифаҳои таърихи тиб ва таҷрибаи рӯзгори ниёгони мо мева ҳамеша ҳамчун манбаи асосии шифо ва нерӯ зикр шудааст.
Дар миёни неъматҳои фаровони табиат себ мақоми хоса дорад. Беҳуда нест, ки дар урфият гуфтаанд: «Хӯрдани як себ дар як рӯз инсонро аз табиб бениёз месозад». Тадқиқоти охирини соҳаи ғизошиносӣ ва тиб, ки дар аввали соли 2025 мавриди бозбинӣ ва навсозӣ қарор гирифтанд, бори дигар собит намуданд, ки ин меваи дастрас дорои хусусиятҳои нодири шифобахш мебошад. Ин неъмати биҳиштӣ бо рангҳои дилрабо ва таъми гуногуни худ – аз навъҳои шаҳдбор то навъҳои иштиҳоовар – барои ҳар як дасторхон зиннати хоса ва барои ҳар як инсон манбаи ҳаловат аст.
Дар зер 10 хусусияти таъсирбахши ин меваи муъҷизавиро, ки аз ҷониби олимон собит шудаанд, пешкаши муштариён мегардонем.
1. Манбаи бойи маводи ғизоӣ ва антиоксидантҳо.
Себ аз ҷумлаи меваҳоест, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ бештар истеъмол мешавад. Вай серғизо буда, дар як ҳиссааш миқдори зиёди моддаҳои ҳаётан муҳим мавҷуданд. Себ манбаи ғании полифенолҳо – гурӯҳи муҳими антиоксидантҳо аст. Ҳарчанд ин пайвастагиҳо дар тамғакоғазҳои ғизоӣ нишон дода намешаванд, маҳз онҳо хосиятҳои муфиди себ мебошанд. Барои фоидаи комил тавсия мешавад, ки себ бо пӯсташ истеъмол шавад, зеро қисми зиёди антиоксидантҳо дар пӯсти он аст.
2. Кӯмак барои коҳиши вазни зиёдатӣ.
Себ аз нах ва об ғанист, ки боиси эҳсоси серӣ мегардад. Олимон муайян кардаанд, ки хӯрдани як себи тамом нисбати шарбаташ эҳсоси сериро бештар мекунад, зеро суръати холӣ шудани меъдаро суст месозад. Ин хусусият барои нафароне, ки мехоҳанд вазни худро кам кунанд, хеле муфид аст. Истеъмоли мунтазами он ба коҳиши индекси вазни бадан мусоидат намуда, аз фарбеҳшавии изофа пешгирӣ мекунад.
3. Муҳофизи боэътимоди дил ва рагҳо.
Истеъмоли ҳаррӯзаи себ сабаби коҳиши эҳтимоли бемориҳои дил мегардад. Тадқиқот собит кардаанд, ки дар як рӯз хӯрдани 100-150 грамм себ хатари фишори баланди хунро кам мекунад. Сабаби асосии ин дар себ мавҷудияти нахҳои ҳалшаванда ва полифенолҳо мебошад, ки ба паст кардани сатҳи холестерин ва танзими фишори хун кӯмак мерасонанд. Он ҳамчунин хатари гирифторшавӣ ба сактаи мағзро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
4. Коҳиши хатари бемории қанд (диабет).
Себ метавонад эҳтимоли гирифторӣ ба диабети навъи дуюмро кам кунад. Дар таркиби он мавҷуд будани антиоксиданти кверсетин ба танзими қанди хун мусоидат менамояд. Шарҳи илмии соли 2019 собит кард, ки истеъмоли себ хатари ин бемориро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Аммо нафарони гирифтори диабет бояд ҳамеша миқдори истеъмолро назорат намоянд.
5. Беҳтар кардани саломатии рӯдаҳо.
Рӯдаи солим асоси саломатии умумии бадан мебошад. Себ дорои моддаи пектин мебошад ва ҳамчун пребиотик барои бактерияҳои муфиди рӯда хидмат мекунад. Он на танҳо ҳозимаро беҳтар месозад, балки баданро аз бемориҳои музмин, ба монанди фарбеҳӣ ва саратон муҳофизат менамояд.
6. Пешгирӣ аз бемории саратон.
Полифенолҳои таркиби себ метавонад монеи афзоиши ҳуҷайраҳои саратонӣ гарданд. Тадқиқоти лабораторӣ нишон медиҳанд, ки моддаҳои ин мева ба пешгирии пайдоиши омосҳо кӯмак мерасонанд. Ин мева барои мустаҳкам кардани ҳифозати табиии бадан ва пешгирии тақсими ҳуҷайраҳои зараровар аҳамияти бузург дорад.
7. Мубориза бо бемории астма ва роҳҳои нафас.
Пӯсти себ аз антиоксиданти кверсетин сероб аст, ки метавонад системаи масунияти инсонро танзим кунад ва илтиҳоби баданро коҳиш диҳад. Ин хусусият себро дар мубориза бо бемориҳои роҳи нафас ва аксуламалҳои астмаи бронхиалӣ муфид мегардонад.
8. Ҳифзи фаъолияти мағзи сар.
Кверсетин дар себ мағзи сарро аз зарарҳои вобаста ба фишори оксидшавӣ муҳофизат мекунад. Он барои пешгирии бемориҳои асаб, аз ҷумла бемории Алтсгеймер, нақши муҳим дорад. Истеъмоли себ дар пиронсолӣ қобилияти зеҳнро нигоҳ медорад.
9. Таъсири мусбат ба саломатии рӯҳӣ ва рӯҳия.
Истеъмоли бештари меваву сабзавот ба рӯҳияи инсон таъсири мусбат мерасонад. Тибқи тадқиқоти нав, наврасон ва калонсолоне, ки дар номгӯйи хӯрокашон себ бештар аст, ба афсурдагӣ ва фишори рӯҳӣ кам дучор мешаванд. Саломатии рӯҳӣ бо ғизои солим робитаи зич дорад.
10. Беҳбудии ҳозима ва рафъи қабзият.
Хӯрдани себ кӯмак мекунад, ки тана хӯрокро беҳтар ҳазм намояд. Вай эҳтимоли гирифторӣ ба бемории баргашти туршии меъдаро коҳиш дода, дар ҳолатҳои қабзияти шикам ёрии калон мерасонад. Нахҳои он ҳаракати рӯдаҳоро муътадил мегардонанд.
Хулоса, себ на танҳо як ғизои хушхӯр, балки дори табиӣ низ ҳаст, ки барои ҳар як оила дастрас аст. Ворид кардани ин меваи муъҷизавӣ ба ратсиони ҳаррӯза, метавонад саломатиро беҳ ва умрро дароз намояд.
Таҳияи Файзалӣ Ҷумъаев,
донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Бухоро.