Баҳор бо таровату латофати хоси худ ҳамеша илҳом ва нерӯбахши инсон будааст. Ин фасли зебо на фақат табиатро бедору зинда месозад, балки дар қалби инсон эҳсоси тозаи умед, шодмонӣ ва эҷодкориро ато мекунад.
Маҳз дар баҳори пурнишот дар гӯшаҳои гуногуни кишвар бисёр чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ баргузор гардида, мардумро ба ҳам меоранд ва бинои дӯстиву ҳамдигарфаҳмиро мустаҳкам менамояд.
Дар деҳаи Синаи ноҳияи Деҳнав таҳти унвони «Таомҳои миллӣ» чорабинии ҷолибу хотирмон баргузор гардид. Ин тадбир бо ҳадафи эҳё ва муаррифӣ намудани анъанаҳои миллии тоҷикон, инчунин таҳкими робитаҳои фарҳангӣ миёни аҳли ҷомеа бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир шуд. Дар он аъзои фаъоли Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳияи Деҳнав бо сарварии раиси он Шерзод Саидов, сардори дастаи ҳунарии «Маҳфилоро» Додарҷони Юсуфзод ба чорабинӣ рӯҳияи тоза бахшиданд. Меҳмонон бо навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ шинос ва аз ҳунару маҳорати пазандагони маҳаллӣ баҳравар гардиданд.
Идомаи ин фазои идона як рӯз баъд дар Донишгоҳи омӯзгорӣ ва соҳибкории Деҳнав ба амал омад. Дар ин ҷо бахшида ба 148-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, асосгузори адабиёти муосири тоҷик, устоди сухан Садриддин Айнӣ бо иштироки васеи зиёиён, олимон, соҳибкорон ва намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, номзади илмҳои иқтисодӣ Ойбек Рӯзиев ҳозиринро самимона табрик гуфта, аз зиндагӣ ва фаъолияти пурбаракати Устод Айнӣ ёдовар шуд ва аҳли нишастро ба илмомӯзӣ, худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Сипас раиси Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ноҳияи Сариосиё Адҳам Сафаров дар бораи аҳамияти илму маърифат андешаҳои арзишманд баён кард.
Дар ҷараёни чорабинӣ шоирони маҳаллӣ аз ашъори худ пораҳо қироат намуданд, санъаткорон бо иҷрои сурудҳои дилнишин ва рақсу самоъи миллӣ фазои идонаро боз ҳам гарму ҷолиб гардониданд. Аз ҷумла, Тоҳири Зокириён ғазали маъруфи Устод Садриддин Айнӣ «Лаъли шакарқанди шумо»-ро ба оҳанги хунёгари мумтоз Ҷӯрабек Муродов иҷро намуда, сазовори кафкӯбии гарми ҳозирон шуд. Ҳунарнамоии Додарҷони Юсуф ва Абдураҳмони Хӯҷа низ боиси хушҳолии ҳозирин гардид. Духтаракони чаканпӯш бо рақси зебои миллӣ саҳнаро рангинтар намуданд.
Қироати шеъри шоира Розия Бадал ба унвони «Эй дараи Ниҳони ман», ки бо ишора ба романи машҳури «Дохунда»-и Устод Айнӣ эҷод шудааст, хотирмон буд.
Тарабхонаи «Яккасарой», ки дар соҳили дарёчаи Сурхоб ҷойгир аст, бо тарҳи замонавӣ ва ороиши зебояш таваҷҷуҳи ҷамъомадагонро ҷалб сохт. Дар ин ҷо қисми ғайрирасмии чорабинӣ бо суханрониҳои пурмазмуни пирони рӯзгордида ҳусни анҷом пазируфт.
Онҳо таъкид карданд, ки ҳар як ҷавон бояд аз имкониятҳои имрӯза барои таҳсил самаранок истифода барад.
Чунин чорабиниҳо ҳам барои эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳам барои таҳкими ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аҳамияти бузург доранд. Маҳз бо чунин иқдоми нек мо метавонем фарҳанги худро муаррифӣ кунем, шуҳрати онро дар арсаи ҷаҳонӣ баландтар бардорем.
Муҳаммадрӯзӣ Ғанизод,
вилояти Сурхондарё.