КИТОБ – ГАНҶИ ДОНИШ

Дар доираи «Ҳафтаи китобхонӣ», ки ҳоло дар кишвари мо идома дорад, дар маркази ахбор-захираи ноҳияи Самарқанд чорабинии пуршукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он адибон, шоирон, санъаткорон, муаллимони фанҳои адабиёт ва забони модарӣ, вакилони гузару маҳаллаҳо ширкат варзиданд.

Ҷонишини роҳбари  китобхонаи ноҳияи Самарқанд, Узви иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ Озод Ҳамидзода ҳозиронро хайра мақдам гуфта, таъкид намуд, ки солҳои охир бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон ба масъалаҳои нашру табъи адабиётҳои бадеӣ, тарғибу ташвиқоти китобхонӣ диққату эътибори махсус дода мешавад.

Дар тадбир раиси Хазинаи «Нурониён»-и ноҳия Саид Мардонов, роҳбари раёсати маҳаллаҳо Абдуҷаббор Умаров, тадбиркор Маматқул Шарипов, депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия Шоиста Неъматова, роҳбари маркази ахбор-ресурси ноҳия Нилуфар Қаҳҳорова гуфтанд, ки масъалаи рушди фарҳанги мутолиаро на танҳо дар чорабинии «Ҳафтаи китобхонӣ»,  балки мунтазам давом додан зарур аст. Зеро китоб хазинаи дониш мебошад.

Баҳодури Зоҳир,
ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: