Лабораторияҳои муҳандисӣ дар мактабҳо

Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар асоси таҷрибаи ноҳияи Олмазор, дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои ташкил намудани лабораторияҳои муҳандисӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ пайваста идома доранд.

Ин ташаббус яке аз қадамҳои муҳимест, ки ба баровардани низоми таҳсилот ба сатҳи муосир ва рушди тафаккури техникӣ ва инноватсионии донишомӯзон равона шудааст.
Дар доираи иҷрои ин супориш то имрӯз дар ду мактаби ноҳияи Навбаҳори вилояти Навоӣ утоқҳои замонавии лабораторияҳои муҳандисӣ ташкил гардида, ба истифода дода шуданд. Ин лабораторияҳо барои донишомӯзон на танҳо манбаи нави дониш, балки ҷойи муҳим барои ба даст овардани таҷрибаи амалӣ низ мебошад.
Дар мактабҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 5 ва 10-уми ноҳия, ки дар онҳо хонаҳои муҳандисӣ ташкил шудаанд, донишомӯзон донишҳои амалии худро дар самтҳои робототехника, барномасозӣ ва технологияҳои пешрафта мустаҳкам менамоянд. Машғулотҳо дар асоси усулҳои муосири педагогӣ гузаронида шуда, ба зиёд гардидани шавқи хонандагон мусоидат мекунад.
Ҷорӣ намудани чунин лабораторияҳо дар омода намудани насли ҷавон ба касбҳои оянда ва ошкор намудани иқтидори эҷодӣ ва муҳандисии онҳо аҳамияти калон дорад. Муҳимтар аз ҳама, ин ташаббус донишомӯзонро на танҳо ба гирифтани дониш, балки ба истифодаи амалии он низ ҳидоят мекунад.

Бешубҳа, таъсиси лабораторияҳои муҳандисӣ дар мактабҳо қадами муҳим дар роҳи рушди низоми таҳсилоти муосир мебошад.

Ӯзбакбойи Раҳмон, хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: