ҲАФТ ҒАЗАЛ

Ту дунёӣ, намоиш то диҳӣ дунёи маъниро,

Ту дунёӣ, намоиш то диҳӣ дунёи маъниро,
Диҳӣ ово, ки дунё бишнавад овои маъниро.
Ту гар рӯди равон аз бекарон то ҷовидон астӣ,
Ба ҳар як қатраат гунҷондаӣ дарёи маъниро.
Ту дар садриву мисле шоҳ дар мулки маониӣ,
Худо ёри ту ҳасту ёр ту мавлои маъниро.
Ба рӯзе, ки пур аз маънои олӣ ҳаст, шоҳона,
Бипайвандӣ ҳама рӯзу шабон шабҳои маъниро.
Ба ҳар шаклу намуди туст мафтун дидаву дилҳо,
Ба бар бинмуда то ҳар ҳарфи ту дебои маъниро.
Дамӣ чун субҳи зебоиву бо боде, ки ҷонбахш аст
Намоӣ боз хуррам ҳар дами зебои маъниро.
Баҳорон бо «Баҳористон»-и ту гӯёст гӯиё,
Намудӣ «Гулситон»-у «Бӯстон» саҳрои маъниро.
Зи рӯзе, ки бино гардид кохи назм бар олам,
Туӣ ободгар, шеъри дарӣ, маъвои маъниро.
***
Чу мо ҳастем фарзандони модар,
Ту тифлӣ бар дилу бар ҷони модар.
Зи дасти мо чӣ ояд? Гашт обод,
Забон, дунёт бо дастони модар.
Чу нони гандум астӣ неъмати мо,
Зи дони туст гӯё нони модар!
Забони миллативу давлатиӣ,
Ту шаъни давлативу шони модар.
Ҳиҷову ҳарфи ҷонбахши ту мисле
Ғазалҳои тар аз девони модар.
Дарӣ, то гавҳари чашми ту бинем,
Назар дӯзем бар чашмони модар.
Зи домони ту умре дошт тоҷик
Раҳо гаштаст гар домони модар.
***
Ба китфе, ки таҳи бор аст, душвор,
Ба ҷоне, ки гирифтор аст, душвор.
Чу мо, фарзандҳо, майхора ҳастем,
Ба ҳар модар, ки ғамхор аст, душвор.
Чу хоболуд виҷдон, рӯз бинӣ!
Ба виҷдоне, ки бедор аст, душвор...
Дар ин шаҳре, ки занҳо мардикоранд,
Ба он марде, ки бекор аст, душвор.
Ба ҳар ҷо мерасад пойи сиҳатманд,
Ба барҷомонда бемор аст душвор.
Чу дунё ҷамъи з-одамҳост безор,
Ба ҳар танҳо, ба ҳар зор аст душвор.
На бар ӯ, ки чароғи хонааш мурд,
Ба дилторик душвор аст, душвор.
***
Булбулӣ дар чамани шеъри дарияст ҳунар,
Дарки бӯйи сумани шеъри дарияст ҳунар.
Зиндагӣ дар бағали кӯҳ агар «зист»-у бас,
Зиндагӣ дар дамани шеъри дарияст ҳунар.
Гар туӣ тӯтии Кашмир, гуфтан сухане
Аз дилу аз даҳани шеъри дарияст ҳунар.
Гар ту дурри Аданӣ, қадр намо дурри сухан,
Гавҳарӣ дар Адани шеъри дарияст ҳунар.
Гар ту навроҳ чу мо, доштан, эй тифли сухан,
Зи бари пираҳани шеъри дарияст ҳунар.
Ту агар сарвари Донишгаҳи ин даҳр, бидон,
Дарсгӯйӣ зи фани шеъри дарияст ҳунар.
Шеъргӯйист магар ҳунар ба ҳар кунҷи ҷаҳон?
Шоирӣ дар ватани шеъри дарияст ҳунар!
***
Бо дилу бо дидаи бино ба дунёи сухан,
Бесухан, бобои мову туст Бобои сухан!
Дар ҷавонӣ бар Бухоро омаду эҷод кард,
Гашт Пири шеър дар шаҳри дилорои сухан.
Гар малеҳии дигар дарёфт шеъри форсӣ,
Чашми Бобо буд маҳви ҳусни зебои сухан.
Рӯдакӣ дар Қасри олӣ дошт гарчи эътибор,
Манзили умронаи ӯ буд маъвои сухан.
Монд аз по дар раҳи шеърофарӣ бобои ҷон,
Бар баландиҳои маънӣ то расад пои сухан.
Буд рӯйи даст агар Соҳибқирони шоирӣ,
Зери по бинмуд ҷоҳил қадри донои сухан.
Кӯрдил чун мил дар пирӣ ба чашми ӯ кашид,
Гашт нобино ту гӯӣ чашми бинои сухан.
Гавҳари ду чашми пири шеър чун дармегирифт,
Об гашту рехт дурри чашми дарёи сухан.
Кард манзил Рӯдакӣ бо нуриён дар осмон,
Меҳр монду Моҳ ӯ бар рӯзу шабҳои сухан.
***
Саҳарҳо шилдироси об шеър аст,
Ҳар эҳсосу ҳавоси об шеър аст.
Хусусан бо гияҳҳои лаби ҷӯ
Самимӣ пурсупоси об шеър аст.
Бигӯянд «Ассалом, эй об!» лабҳо,
Алайки дилшиноси об шеър аст.
Баҳорон то лаби ҷӯбор тозаст,
Ба мо арзи сипоси об шеър аст.
Ҳаросон аст, гӯё мегурезад
Зи мову ин ҳароси об шеър аст!
Ба ҳарфу сабзи тар ташнаст оҳу,
Ба кӯҳистон тамоси об шеър аст.
***
Бе моҳ гар шабҳои дил, дунё набинмояд ба чашм,
Тираст то дунёи дил, дунё набинмояд ба чашм.
Ҳарчанд пои мо равон, «ҳастем озоду амон»,
Занҷир гар дар пои дил, дунё набинмояд ба чашм.
То дур завқи зиндагӣ, ноҷӯр шавқи зиндагӣ,
Шӯрид то дарёи дил, дунё набинмояд ба чашм.
Рӯй аст гарчи гулфишон, дардо, хазон андар ниҳон,
Чун дард дар маъвои дил, дунё набинмояд ба чашм.
Дуктури тан бемор гар, дуктури дигар бешумар,
Бемор гар Синои дил, дунё набинмояд ба чашм.


 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: