Раиси маркази тоҷикони ноҳияи Олтинсой интихоб шуд

Дар мактаби рақами 53-юми ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Меҳмонон сараввал аз ҳолати мактаб ва китобхонаи он дидан намуда, қаноатмандӣ ҳосил карданд. Ҳини ба китобхона ворид шудан бо як қатор хонандагони фаъоли мактаб, ки новобаста аз рӯзи истироҳат буданаш ба мактаб омада, шуғли китобхонӣ доштанду ба озмуни «Китобхони ҷавон» омодагӣ медиданд, шинос гардиданд.

Сипас, дар толори омӯзгорон маҷлис баргузор гардид, ки дар он масъалаи интихоби раиси Маркази миллӣ-фарҳангии ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тибқи рӯзномаи ҷаласа суханронии рӯзноманигор Олим Панҷизода, шоир Шукрулло Сироҷ, омӯзгор Шералӣ Фузайлов ва директори мактаб Ширинбек Самадов шунида шуд.

Директори мактаб таъкид намуд, ки муаллими фанни забон ва адабиёти мактаби мазкур Шавкати Абдураҳмон барои раисии марказ номзади муносиб мебошад. Ҳозирин ин пешниҳодро якдилона ҷонибдорӣ намуда, номзадии ӯро тасдиқ карданд.

Фарида ШОЙМАРДОНОВА,

омӯзгори тоифаи олии мактаби рақами 53-юми ноҳияи Олтинсой.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: