– мегӯяд Фариштамоҳи иштирокдори олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойи сеюм насибаш гашт
– Модар!
– Ҷони модар!
– Шодиёна диҳед, духтаратон аллакай шомили донишгоҳ шуд!
– Э, офарин, духтараки азизам! Дар ин рӯзи пурфайзи баҳорон бисёр хабари хушу гуворо бароямон туҳфа кардӣ, – духтарашро бо навозиш ба оғӯш гирифт модар ва аз кулчаҳои алвонии ду бари рӯяш нармак бӯсид. – Духтари донои модар, пайрави бобову момо, ту дар оянда ифтихори аҳли деҳ хоҳӣ шуд!
– Кӯшиш мекунам, модарҷон, – аз ҳарфҳои модараш рӯҳаш болида гуфт Фариштамоҳ.
Чанд дона ашки шодӣ рухсораи Фариштамоҳро шуста фаромад. Вай ҷуссаи нозуки худро дубора ба оғӯши модар андохт ва худро хушбахттарин духтари олам эҳсос намуд.
Ҳамон шаб ба шарафи пирӯзии духтарбузургаш Рауфҷон ва Фарангис падару модар, хусуру хушдоман ва хешу ақрабои худро ба гирди дасторхони пурнозу неъмат даъват карданд ва онҳо то поси шаб пирӯзии Фариштамоҳро ҷашн гирифтанд.
Фариштамоҳ Ҳасанҷонова дар деҳаи Ҳушёри ноҳияи Сӯх, дар хонаводаи зиёиён ба дунё омадааст. Падараш – Рауфҷон муҳандиси барқ ва модараш – Фарангис омӯзгори забони русӣ мебошад. Тавре аз суҳбат бо онҳо маълум шуд, барои фарзандон шароити лозимаро фароҳам овардаанд, то ки илму маърифат омӯзанд, забонҳои гуногунро ёд гиранд.
– Ман аз синфи нӯҳ сар карда дар олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок мекунам. Борҳо дар сатҳи ноҳиявӣ ва вилоятӣ пирӯзӣ ба даст овардаам. Аммо ба сифати хатмкунандаи мактаби таълимоти ҳамагонӣ иштирок дар озмуни ҷумҳуриявиро хеле муҳим ва сарнавиштсоз мешуморам, – мегӯяд зимни суҳбат Фариштамоҳ Ҳасанҷонова.
Ба гуфтаи ӯ, вақте ки дар вилоят ғолиб дониста шуд ва ба олимпиадаи ҷумҳуриявии забон ва адабиёти тоҷик роҳхат гирифт, сараш ба осмони ҳафтум расид. Чунки кайҳо ба дарки ин маънӣ расидааст, ки фақат иштирок дар олимпиада басанда нест ва бояд ба пирӯзӣ расид.
– Вақте аъзои ҳакамон мавзӯи иншоро эълон карданд, бидуни саросемагӣ ба навиштани он шурӯъ намудам. Боре дар вақти машғулиятҳои тамринӣ устодам Равшанҷон Амалов гуфтанд, ки навиштани иншо дар мавзӯъҳои озод низ басо муҳим аст ва инро ҳаргиз фаромӯш накунам. Сонӣ ду-се мавзӯъ пешниҳод карданд, ки яке аз онҳо тоза нигоҳ доштани муҳити атроф ва экология низ буд. Перомуни он иншо навиштам ва он ба устодам писанд омад. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ низ мавзӯъ ба муҳити зист мутааллиқ буд ва ман ба осонӣ ба таҳқиқи он пардохтам, – иброз медорад Фариштамоҳ.
Ба таъкиди ӯ бо баҳонаи озмун ба шаҳри куҳани Қаршӣ рафт ва чанд ёдгории таърихиву меъмории ин шаҳри зеборо аз наздик тамошо кард, одамони ин шаҳр писандаш омад ва онҳо дар муносибат, рафтору гуфтор хеле мардуми бофарҳангро мемонданд.
Дар шароити деҳот духтарон ба корҳои хона хеле зиёд ҷалб карда мешаванд. Тақрибан як-ду даҳсола пеш идомаи таҳсил барои духтарони деҳоти Сӯх кори сода набуд, ба ҷои он ки онҳо ба китобхонӣ ва омӯзишу такрори илм машғул шаванд, хона мерӯфтанд, алаф меоварданду ба молҳо нигоҳубин мекарданд ва дигар корҳои рӯзгорро иҷро мекарданд, – мегӯяд директори мактаби рақами 28-ум Дониёр Ҳакимов ва меафзояд:
– Ман хеле хурсандам, ки як идда падару модарон акнун дар ин маврид фикри худ дигар кардаанд ва талош мекунанд, ки дар баробари ҷавонписарон духтаронашон низ таҳсилро дар донишгоҳҳо идома диҳанд.
Ногуфта намонад, ки мактаби рақами 28 аз ҷавонтарин мактабҳои таҳсилоти умумии ноҳия ба шумор меравад. Натиҷаи кори омӯзгорони он хеле хушҳолкунанда мебошад. Ба таври мисол, хатмкунандаи ин мактаб Фархунда Мандонова ба сифати яке аз иштирокчиёни фаъоли олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҳоло бо гранти давлатӣ дар курси чаҳоруми гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Фарғона таҳсил мекунад. Вай сазовори чандин озмуни байни ҷавонон низ мебошад, ҳатто номзадии ӯ ба Мукофоти давлатии Зулфия пешниҳод шудааст.
– Шогирди дигари мактабамон Шодиёна Собирҷонова ба гирифтани ҷойи дуюми олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соҳиб шудааст ва ҳоло курси якуми факултаи филологияро хатм хоҳад кард. Дар ба даст овардани ин муваффақиятҳо саҳми омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Равшанҷон Амалов хеле бузург аст, – бо ифтихор мегӯяд Дониёр Ҳакимов.
– Ман ифтихор мекунам, ки бо Фариштамоҳ дар як синф таҳсил мекунам. Ҳар ду дар як парта мешинем. Вай хеле хоксору нармсухан аст ва ҳамеша ба дигар ҳамсинфон дасти кумак дароз мекунад. Манижа Соҳибҷонова, Асалхон Рауфҷонова, Сардорбек Раҳмонбердиев ва Асалбек Қосимҷонов низ аз фаъолони синфамон маҳсуб меёбанд, – мегӯяд Марҷона Эркинова, ки ба гуфтааш дар оянда духтур шудаву саломатии беморонро барқарор карданист.
– Гуфта метавонем, ки роҳи ту ба гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи донишгоҳҳои мамлакат аллакай боз аст. Аммо оё дар оянда соҳиби ягон касби дигар ҳам шудан мехоҳӣ? – пурсидам аз Фариштамоҳ.
– Бале, ман мехоҳам, ки журналист шавам ва ба халқу Ватанам хидмат кунам, – посух дод ӯ ва афзуд: – Зеро журналистӣ касби хеле шавқовар аст. Соҳибони ин касб ба ҷойҳои дуру наздик сафар мекунанд, бо одамони гуногун дидору суҳбатҳо анҷом медиҳанд, аз кору фаъолияти онҳо мардумро огоҳ месозанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.