Президент Шавкат Мирзиёев зимни сафар ба вилояти Фарғона бо фаъолияти корхонаи “Қува Агростар” шинос шуд.
Дар соҳаи кишоварзии мамлакат на танҳо ба парвариши маҳсулот, балки ба эҷоди арзиши иловагӣ, коркарди амиқ ва афзоиши ҳаҷми содирот таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Бо ҳамин мақсад ширкати “Uzagrostar xolding” таъсис ёфта, бо муассисии он дар 21 ноҳия маҷмааҳои ихтисосонидашудаи аграрӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Яке аз мушкилоти асосии соҳа пароканда будани занҷираи истеҳсолот буд. Деҳқон маҳсулот истеҳсол мекард, аммо имконияти нигоҳдорӣ, ҷудосозӣ, бастабандӣ ва баровардан ба бозори хориҷӣ маҳдуд буд. Маҷмааҳои ихтисосонидашудаи аграрӣ маҳз ҳамин холигиро пур мекунанд.
Яке аз онҳо корхонаи “Қува Агростар” мебошад. Ин маҷмаа, ки дар ноҳияи Қува ҷойгир аст, тамоми равандро аз парвариши солонаи 5 ҳазор тонна маҳсулоти 12 навъ то нигоҳдорӣ, коркард, бастабандӣ ва содирот дар як занҷири ягона муттаҳид кардааст.
Технологияҳои муосир, ки аз Италия, Испания, Германия ва Хитой оварда шудааст, инчунин сертификатҳои байналмилалии Global GAP, ISO 22000, Halal ва HACCP барои таҳкими сифати маҳсулот ва эътимод ба бренди миллӣ хизмат мекунанд.
Дар натиҷаи чунин равиши бонизом, соли 2025 бори аввал маҳсулот тавассути нақлиёти ҳавоӣ ба бозорҳои серталаби Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ содир карда шуд. Имсол содироти маҳсулот ба маблағи 25 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.
Дар 33 маҳаллаи ноҳия бо 3 ҳазор хонавода ва 1 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ робитаҳои кооператсионӣ роҳандозӣ шудааст. Ба мардум роҳҳои аз 10 хол замини наздиҳавлигӣ то 250 миллион сӯм даромад ба даст овардан омӯзонда мешавад.
Дар ҳамин ҷо корҳое, ки оид ба омӯзонидани истифодаи самараноки замини наздиҳавлигӣ анҷом меёбанд ва амиқтар ихтисосонидани маҳаллаҳо муаррифӣ гардид.
Таъкид шуд, ки замини наздиҳавлигӣ набояд танҳо манбаи даромади иловагӣ бошад, балки бояд ба самти самараноки соҳибкории оилавӣ табдил ёбад. Зарурати бозомӯзии малакаҳои амалӣ оид ба интихоби тухмӣ, дуруст анҷом додани чорабиниҳои агротехникӣ, гирифтани ҳосили босифат, мутобиқ кардани маҳсулот ба талаботи бозор ва бастабандии мувофиқ ба стандартҳои содиротӣ ба аҳолӣ таъкид гардид.
Роҳбари давлат натиҷаҳои кори “Қува Агростар”-ро баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки истифодаи самараноки замин, коркарди амиқи маҳсулот ва равонасозии он ба содирот барои эҷоди арзиши баланди иловагӣ ва муҳимтар аз ҳама, барои ба таври назаррас зиёд кардани даромади деҳқонон ва соҳибони заминҳои наздиҳавлигӣ аҳамияти калон дорад. Бо ҳамин мақсад дар вилояти Фарғона вилояти дар 50 ҳазор гектар замин ба таври таҷрибавӣ низоми кишоварзии бар пояи агротехнологияҳои пешрафта ҷорӣ карда мешавад.