Олим, шоир ва инсони дарёдил

Моҳи ҷорӣ дар синни мубораки 90 риштаи ҳаёти олим, шоир, тарҷумон ва инсони дарёдил – Юсуф Вализода Дарбандӣ канда шуд. Тибқи васияти худи олим ҷисми поки марҳум дар қабристони деҳаи Дарбанд ба хок монда шуд.

Юсуф Валиқулов 20 декабри соли 1936 дар деҳаи зебоманзари Дарбанди ноҳияи Бойсун, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Таҳсилоти умумиро дар мактаби миёнаи рақами 9-уми деҳааш гирифтааст. Соли 1953 ба шуъбаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1958 онро бомуваффақият хатм мекунад. Солҳои донишҷӯйӣ ҳамчун эҷодкор, донандаи забони модарӣ – тоҷикӣ ва забонҳои русиву ӯзбекӣ шинохта шудааст. Ҳамон солҳо дар ӯ шавқи омӯзиши фалсафаи халқҳои Осиёи Марказӣ пайдо мешавад. Ба ӯ ба Саридораи адабиёти Тоҷикистон барои кор роҳхат медиҳанд. Ин роҳхат барояш бисёр муҳим буд, зеро ӯ ба таҳқиқи илм камар баста буд.

Соли 1961 дар асоси ихтисоси «Таърихи фалсафа» ба аспирантураи назди Академияи фанҳои Тоҷикистон дохил мешавад. М. А. Баҳовиддинов ҳамчун роҳбари илмӣ ба ӯ сари мавзӯи «Назари иҷтимоӣ-сиёсӣ ва фалсафии мардумони Осиёи Марказӣ аз давраи қадим то аввали асри ХХ» кор бурда, супоридани имтиҳонҳои минимумро маслиҳат медиҳад. Марҳум ба сабаби беморӣ, камбизоатӣ таҳсилро тарк намуда, ба деҳа, назди оила ва фарзандон бармегардад.

Пас аз баргаштан ба деҳа фаъолияти муаллимии ӯ сар мешавад. Аммо он ҳам то дер давом намекунад. Ӯро дар шуъбаи ҷавонони вилояти Сурхондарё ҳамчун мутасаддии мактабҳо ба кор даъват мекунанд ва ӯ аз моҳи марти соли 1963 ин вазифаро ба дӯш мегирад.

Вақте соли 1965 Институти педагогии Тирмиз аз нав ташкил мешавад,   Валиқуловро ба кор даъват мекунанд. Ба донишҷӯён аз фанни фалсафа дарс мегӯяд.

Солҳои 1968-1970 дар шуъбаи вилоятии ҳизб лектор-консултант, мудири гурӯҳи лекторҳо буд.

Соли 1972 ба Афғонистон ба сифати тарҷумон меравад. Соли 1975 сафари хидматиро иҷро намуда, ба Ватан баргашт ва ба Институти педагогӣ бори дувум сари вазифа омад. Аҳд кард, ки бо корҳои илмӣ ҷиддӣ машғул мешавад. Ва ӯ таҳти роҳбарии олими забардаст, профессор П.Ким соли 1990 диссертатсияи номзадии худро ҳимоя мекунад.

Валиқулов то дами вопасини ҳаёти худ дар кафедраи «Таърихи Ӯзбекистон ва фанҳои гуманитарӣ» ҳамчун профессор фаъолият намуд. Таҳти роҳбарӣ ва муҳарририи ӯ дар кафедра дастурҳои фан, васоити таълимӣ-методӣ ба нашр расиданд.

Юсуф Валиқулов ҳамчун тарҷумон низ шинохта шудааст. Натиҷаҳои онро дар тарҷумаи ғазалҳои А. Навоӣ низ дидан мумкин. Ба ғайр аз он ӯ аз эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Ҳилолӣ, Ҷалолиддин Румӣ, Ҳозиқ ва дигаронро ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардааст.

Юсуф Валиқулов ҳамчун шоир бар ғазалҳои Навоӣ, Муқимӣ, Увайсӣ, Нодира, Саҳбо мухаммасҳо бастааст. Ба ғазалҳои навиштаи ӯ санъаткорон оҳанг бастаанд. Намунаи эҷодиёти ӯ дар Афғонистон низ ба табъ расидааст. Дар эҷодиёти шоир мавзӯи ахлоқ, панду насиҳат нақши муҳим доранд.

Номи неку кори неки устоди арҷманд ҳамеша дар ёду қалби хешу пайвандон, ёру дӯстон, ҳамкасбон, шогирдон зинда хоҳад монд. 

Рамазон АБДУЛЛОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷикони вилояти Сурхондарё.

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: