Зери чунин ном дар толори нигористони Дӯстии халқҳо ва осорхона-мамнӯъгоҳи давлатии Самарқанд намоишгоҳ оғоз ёфт, ки ба таърих, меъморӣ ва экспонатҳои нодири мақбараи Хоҷа Аҳмади Яссавӣ бахшида шудааст.
Мақбараи Яссавӣ ёдгории машҳури Осиёи Марказӣ буда, ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудааст.
Ба гуфтаи ходими калони илмии осорхонаи давлатии таърихии фарҳангии Ӯзбекистон Гулбаҳор Абдураҳмонова мақбараи Яссавӣ яке аз қадимтарин ва пурра ҳифзшудаи замони Соҳибқирон Амир Темур аст.
Асрори кошинкории осмонӣ имконият медиҳад, ки тамошобинони самарқандӣ ва меҳмонони хориҷӣ ягонагии таърихии фарҳангии Осиёи Марказиро дарк намоянд.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.