Хоб аз ниёзҳои асосии инсон мебошад. Он ба одам чун обу ғизо зарур буда, танҳо василаи истироҳат нест, балки як раванди бисёр муҳими физиологист, ки барои фаъолияти дурусти мағзи сар, дилу рагҳо, низоми масуният, мубодилаи моддаҳо ва ҳолати равонӣ аҳамияти алоҳида дорад.
Бо вуҷуди ин, бисёр одамон ба хоб аҳамияти кофӣ намедиҳанд ва бехобиро танҳо чун як ҳолати муваққатӣ ё мушкили ночиз қабул мекунанд. Дар асл, бехобӣ метавонад на танҳо нишонаи хастагӣ ё ташвиш бошад, балки ба як мушкили ҷиддии саломатӣ табдил ёбад. Мо ба мақсади равшанӣ андохтан ба ин масъала бо асабшинос (невропотолог), шифокори тоифаи олии Иттиҳодияи тиббии ноҳияи Нурато Ибодулло ҲАҚбердиев суҳбат оростем.
– Бехобӣ чист ва чӣ нишонаҳо дорад?
– Дар зиндагии ҳар як инсон баъзан шабҳое мешаванд, ки хобаш намебарад, нимишабӣ ё субҳи бармаҳал бедор мешавад. Ин ҳолатҳо аз ҳаяҷон, фикру ташвиш, тағйири реҷаи рӯз, хастагӣ ё баъзан аз вазъияти ногувори муваққатӣ ба вуҷуд меоянд. Аммо, чун ин ҳолат такрор ёбад, чандин рӯз, ҳафта ё моҳ идома кунад, ба фаъолияти рӯзонаи инсон бевосита таъсир мерасонад ва ба масъалаи ҷиддӣ мубаддал мешавад. Дар илми тиб ин ҳолатро «инсомния» ё бехобӣ меноманд.
Бехобӣ танҳо маънои тамоман нахобиданро надорад. Ба он дер хоб рафтан, зуд-зуд бедор шудан, хоби сатҳӣ, эҳсоси хастагӣ баъди бедорӣ низ дохил мешаванд.
– Омилҳои пайдоиши бехобӣ кадомҳоянд?
– Сабабҳои бехобӣ гуногунанд. Яке аз сабабҳои асосӣ ҳолати равонӣ мебошад. Изтироб, асабоният, стресс, фикрҳои зиёд, ғаму ташвиш ва ҳаяҷони дохилӣ мағзи сарро дар ҳолати бедорӣ нигоҳ медоранд. Агар инсон пеш аз хоб дар бораи мушкилот, баҳсҳо, корҳо ё воқеаҳои нохуш бисёр фикр кунад, мағзи сар ором намешавад ва хоб дер меояд ё умуман гум мешавад. Аз ин рӯ, бехобӣ дар одамони эҳсосотӣ ва онҳое, ки зуд асабонӣ мешаванд, бештар мушоҳида мегардад.
Омили дигар тарзи нодурусти зиндагӣ ва одатҳои бад мебошанд. Алҳол бисёр одамон пеш аз хоб аз телефон, компутер ва дигар дастгоҳҳои электронӣ истифода мебаранд. Нури экран ба кори табиии организм халал мерасонад ва истеҳсоли мелатонинро коҳиш медиҳад. Мелатонин гормонест, ки ба организм расидани «вақти хоб»-ро хабар медиҳад. Чун кори он халалдор шуд, инсон дертар хоб меравад ва хобаш ҳам сатҳӣ мешавад. Ғайр аз ин, шомгоҳ хӯрдани ғизои вазнин, нӯшидани қаҳва ё чойи талх дар нимаи дуюми рӯз, истеъмоли машрубот, камҳаракатӣ ё баръакс, машқҳои вазнини шабона низ метавонанд сабаби бехобӣ гарданд.
Дар ин бобат шароити номувофиқи хоб низ нақши муҳим дорад. Агар хона хеле равшан, пурғавғо, аз ҳад беш гарм ё баръакс сард бошад, инсон наметавонад ба хоби амиқ равад. Ҳатто ашёҳои рӯшноидеҳ, овозҳои паст, телефони назди болин ё одати хондану кор кардан дар ҷойгаҳ метавонанд мағзро аз истироҳати воқеӣ дур созанд. Вақте ки бистар ба ҷойгоҳи хоб не, балки ба ҷойи фикркунӣ, кор, тамошо ё изтироб табдил меёбад, мағзи сар касро дигар бо оромӣ ва хоб вобаста намекунад.
Баъзе ҳолатҳои ҷисмонӣ ва бемориҳо низ бехобиро ба вуҷуд меоранд. Масалан, бемориҳои асаб, мушкилоти рӯҳӣ, осебҳои мағзи сар, бемориҳои дилу раг, ҷигар, гурда, ғадуди сипаршакл ва дигар ихтилолҳои дохилӣ метавонанд боиси халалдор шудани хоб шаванд. Дар баъзе одамон бехобӣ бо омилҳои ирсӣ ё хусусиятҳои биологии организм низ алоқаманд аст. Дар чунин мавридҳо танҳо риоя ба одатҳои хуб кофӣ нест, аз ин рӯ машварати мутахассис зарур мешавад.
– Умуман хоб дар ҳаёти инсон чӣ аҳамият дорад?
– Саволи дуруст. Бояд гуфт, ки хоб барои организм танҳо як истироҳати одӣ нест. Ҳангоми хоб дар аъзои бадан равандҳои муҳими барқароршавӣ ҷараён мегиранд. Дар марҳилаҳои хоби амиқ гормонҳои зарурӣ ҳосил мешаванд, бофтаҳо барқарор мегарданд, кори дил ва рагҳо сабуктар шуда, низоми масуният фаъол мегардад. Мағзи сар хабарҳои рӯзро таҳлил, хотираро мустаҳкам месозад ва аз худ моддаҳои нолозимро хориҷ мекунад. Аз ҳамин ҷиҳат, хоби бароҳат барои қобилияти фикрронӣ, омӯзиш, хотира, рӯҳия ва саломатии умумӣ хеле муҳим аст.
– Оид ба паёмадҳои нохуши бехобӣ ба саломатии инсон низ чанд ҳарф мегуфтед.
– Вақте инсон ба қадри кофӣ намехобад, таъсири бади он аввало ба рӯҳия ва қобилияти фикрронӣ мерасад. Одам хаставу парешон мешавад, диққаташ суст мегардад, зуд асабонӣ мешавад ва қобилияти барқароршавӣ коҳиш меёбад. Эҳсоси хотирпарешонӣ, фаромӯшкорӣ, коҳиши қувват ва кам шудани сабр аз оқибатҳои маъмули бехобӣ мебошанд. Баъзан инсон гумон мекунад, ки ба чунин ҳолат одат кардааст, аммо дар асл фаъолияти мағзи сари ӯ ба таври назаррас суст мешавад.
Бехобии дарозмуддат ба ҳолати равонӣ низ таъсири ҷиддӣ дорад. Изтироб, асабоният, нооромӣ, ҳисси дилтангӣ ва ҳатто ҳолатҳои афсурдагӣ метавонанд тақвият ёбанд. Вақте ки инсон муддати тӯлонӣ хоби бароҳат намеравад, тобоварии ӯ нисбати стресс кам мешавад. Чизҳое, ки пештар одӣ буданд, метавонанд асабро хароб кунанд. Хулоса, бехобӣ на танҳо натиҷаи ташвиш, балки сабаби зиёд шудани он низ шуда метавонад.
Зарари ҷисмонии бехобӣ низ кам нест. Хоби нокифоя ба кори дилу раг фишор меоварад. Миқдори гормонҳои стресс зиёд мешавад, фишори хун метавонад тағйир ёбад, кори дил тез гардад. Ин ҳолат чун дарозмуддат шуд, хавфи бемориҳои дилу раг, фишорбаландӣ ва дигар мушкилотро зиёд мекунад. Ҳамзамон мубодилаи моддаҳо низ халалдор мешавад: иштиҳо тағйир меёбад, майл ба хӯрокҳои ширин ва серғизо меафзояд, вазн зиёд шуда, хавфи диабет бештар мегардад.
Низоми масуният ҳам аз бехобӣ осеб мебинад. Шахсе, ки мунтазам намехобад, зуд-зуд ба беморӣ гирифтор шуда метавонад, зеро қувваи муҳофизатии бадан суст мешавад. Ҷисм пас аз беморӣ сусттар барқарор гардида, қувваи умумӣ коҳиш меёбад. Ҳатто тавоноии ҷисмонӣ ва фаъолияти гормонӣ низ коста мегардад.
– Оё хоб меъёр дорад?
– Баъзе одамон гумон доранд, ки камхобӣ боиси сермаҳсулӣ аст ва бо 4-5 соат хоб метавон зиндагии фаъол дошт. Ин андешаи хатост. Шояд инсон муваққатан худро ба он мутобиқшуда шуморад, вале ҷисм ва мағзи сар норасоии хобро ҳис мекунанд. Зарарҳои бехобӣ дарҳол падидор намешаванд, онҳо тадриҷан ҷамъ шуда, дертар дар шакли хастагии музмин, асабоният, фаромӯшкорӣ, хотирпарешонӣ, сустшавии кори дил, халалдории гормонӣ ва дигар мушкилот зоҳир мегарданд.
Дар масъалаи давомнокии хоб низ эътидол муҳим аст. Аксари калонсолон ба ҳисоби миёна аз 7 то 8 соат ба хоби шабона ниёз доранд. Барои баъзеҳо андаке камтар ё бештар ҳам мувофиқ буда метавонад. Аммо нишондиҳандаи асосӣ на шумораи соатҳо, балки эҳсоси субҳона ва фаъолияти рӯзона аст. Агар инсон худро баъди хоби шабона ором, қавӣ ва ҳушёр ҳис кунад, эҳтимолан реҷаи ӯ мувофиқ аст. Агар ҳар рӯз хастагӣ, хоболудӣ ва бесару сомониҳо эҳсос шаванд, ҳатто бо вуҷуди чандин соат дар бистари хоб будан, ин аломати халалдор гардидани сифати хоб аст.
– Бобати ташхис, пешгирӣ ва табобати бехобӣ чӣ маслиҳат медиҳед?
– Пешгирии бехобӣ дар бисёр маврид аз худи инсон вобаста аст. Пеш аз ҳама, вақти хоб рафтану бедоршавӣ бояд то ҳадди имкон яксон ва хонаи хоб ором, торик, тоза ва андак ҳавогузар бошад. Пеш аз хоб бояд аз хабарҳои ташвишовар, истифодаи зиёди телефон, баҳсҳои асабхаробкунанда ва фикрҳои вазнин дурӣ ҷуст. Истеъмоли қаҳва, чойи талх ва ғизои вазнини шом маҳдуд карда шавад. Машқи ҷисмонӣ муфид аст, вале беҳтар аст дар қисми аввали рӯз ё чанд соат пеш аз хоб анҷом пазирад. Одатҳои оромбахш, аз қабили роҳгардии сабук, нафасгирии амиқ, шустушӯ бо оби гарм, хондани китоб ё шунидани овози ором метавонанд ба мағзи сар барои гузаштан ба ҳолати истироҳат ёрӣ расонанд.
Бо вуҷуди ин, на ҳама ҳолатҳои бехобиро метавон танҳо бо тағйири одатҳо рафъ кард. Агар мушкили хоб дар як ҳафта чандин бор такрор ва зиёда аз ҳафта ё моҳ идома ёбад, ба кори рӯзона, рӯҳия ва саломатӣ таъсири нохуш расонад, бояд ба духтур муроҷиат кард. Ҳамчунин, агар инсон шабона зуд-зуд бедор шавад, нафаскашияш халалдор гардад, сахт хурак кашад ё субҳ бо хастагии шадид бедор шавад, ташхиси ихтисосӣ гузаронидан беҳтар аст. Истифодаи худсарона аз доруҳои хобовар метавонад хатарнок бошад, зеро чунин доруҳо на ҳамеша сабаби асосиро бартараф мекунанд ва дар баъзе мавридҳо, ҳатто вобастагиро аз ин доруҳо ба вуҷуд меоваранд.
Дар табобати бехобӣ имрӯз на танҳо дору, балки усулҳои бидуни он низ аҳамият доранд. Яке аз роҳҳои муассир ин ислоҳи одатҳо ва муносибати ҷиддии инсон ба хоб мебошад. Вақте шахс аз бистари хоб танҳо барои хоб истифода мебарад, худро маҷбур намекунад, ба вақти муайян мехобад ва аз тарсу ташвиши вобаста ба хоб дур мешавад, мағзи сар тадриҷан режими дурусти худро барқарор мекунад. Дар ҳолатҳои муайян маслиҳати равоншинос, асабшинос ё сомнолог низ метавонад хеле муфид бошад.
Ва боз, агар хоби орому осуда мехоҳед, шомгоҳон, албатта аз таомҳои шӯр, тунду тез, серравғану душворҳазм парҳез кунед. Ҳадди ақалл соате пеш аз ба ҷойгоҳи хоб даромадан асалчой нӯшед, ки воқеан хобовар аст.
Хулоса, бехобӣ масъалаи одӣ нест. Он метавонад аз стресс, тарзи зиндагии нодуруст, шароити носозгор ё бемориҳои гуногун сарчашма бигирад. Дар оғоз вай танҳо як нороҳатии муваққатӣ менамояд, вале агар беэътиноӣ зоҳир шавад, тадриҷан ба фаъолияти фикрӣ, рӯҳия, масуният, дилу раг ва саломатии умумӣ зарар мерасонад. Аз ҳамин сабаб, хобро бояд ҳамчун қисми ҷудонопазири ҳаёти солим қабул кард. Инсон на танҳо барои кору фикр ва фаъол шудан, балки боз барои дуруст хобидан масъул аст. Хоби бароҳат асоси рӯзгори солим, фикри равшан ва нируи ботинии инсон мебошад.
– Барои суҳбати пурмазмун ва муфид ташаккур.
– Саломат бошед, рӯзномахон низ хобу зиндагии бароҳат дошта бошад.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.