Дар шароити имрӯза, масъалаи беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад.
Ободонии маҳаллаҳо ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ табдил ёфтааст. Маҳз маҳалла ҳамчун пояи ҷомеа метавонад симои умумии шаҳр ё ноҳияро муайян намояд.
Ташаббуси созанда, ки дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и ноҳияи Навбаҳор бо ташаббуси ҳокими ноҳия Алишер Рашидов роҳандозӣ гардидааст, намунаи равшани чунин раванд мебошад. Дар доираи барномаҳои навсозӣ, ки ба беҳтар намудани инфрасохтор ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ нигаронида шудаанд, корҳои сохтмон ва ободонӣ бо суръати баланд ҷараён доранд.
Хусусияти муҳимми ин раванд, пеш аз ҳама, ҷалби фаъоли аҳолӣ ба корҳои ҷамъиятӣ мебошад. Эълон шудани «Се рӯзи зарбдор» ва ташкил кардани ҳашарҳои умумӣ нишон медиҳанд, ки сокинон худ низ дар ободу зебо гардонидани маҳалли зисташон саҳми назаррас мегузоранд. Ин гуна иқдом натанҳо ба беҳбуди муҳит мусоидат мекунад, балки рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагиро дар ҷомеа таҳким мебахшанд.
Мутахассисон бар он назаранд, ки чунин таҷрибаҳо метавонанд ба дигар маҳаллаҳо низ ҳамчун намуна хидмат кунанд. Зеро ободонии муҳит танҳо бо талоши як ниҳод маҳдуд намешавад, балки ҳамкории зичи давлат ва ҷомеаро талаб мекунад.
Дар маҷмӯъ, корҳои ободонӣ дар маҳаллаҳо натанҳо тағйироти зоҳириро ба вуҷуд меоранд, балки дар ташаккули фарҳанги шаҳрнишинӣ, эҳсоси масъулият ва муҳаббат ба зодгоҳ нақши муҳим мебозанд. Маҳаллаи обод – нишонаи ҷомеаи пешрафта ва ояндаи дурахшони кишвар аст.
Ӯзбакбойи Раҳмон,
хабарнигори «Овози тоҷик».
Вилояти Навоӣ.