Шуҳрат ОРИФ, адиби ӯзбек
Инсоне, ки ба дарвеш монанд аст, дарвеш нест. Дарвеши ба одам монанд дарвеш аст.
***
Агар ҳамроҳ парвоз накунед, ҳамзистӣ маъно надорад.
***
Гулҳои дар қалбатон шукуфтаро наканед. Бегона тобанд ҳам наканед. Тухми онҳоро Офаридгор пошидааст.
***
Мавҷуд будани болу пар парвозро кафолат намедиҳад.
***
Ба манзил нарасида ба манзил табдил ёфта наметавонед.
***
Ҳар рӯз сухани гуфтанӣ ба шумо дорад. Шумо ё намешунавед, ё намефаҳмед.
***
Баъзе одамон дар ҷустуҷӯйи муҳаббатанд. Баъзе одамонро муҳаббат ҷустуҷӯ мекунад.
***
Зан барои киҳое ҳузур. Барои киҳое қусур. Барои киҳое нур.
***
Дар ишқ бо чашм дидан нест, танҳо ҳис кардан ҳаст.
***
Меҳр аз даст ҳам омаданаш мумкин, муҳаббат танҳо аз қалб меояд.
***
Ҳама чизро ба ҳукми вақт нагузоред. Баъзе чизҳоро аз вақт ситондан лозим, зеро онҳо ҳамеша туҳфа карда намешаванд.
***
Мисли ҳама фикр кунед майлаш, лекин мисли ҳама нигоҳ накунед.
***
Ба бахт тани танҳо соҳиб шудан душвор. Бахт ҳамеша комёбии ду қалб аст.
***
Ҳаёт – харсанги аз қулла сарнагуншударо бардошта ба ҷояш бурда мондан. Аз ҳама бадаш, лозим меояд ин корро ҳар рӯз кунед.
***
Гул ҳадя кардани ҳаётро интизор нашавед. Худатон ба он гул ҳадя кунед!
***
Шумо муносиб шудан гиред. Муносиби шумо худаш меояд.
***
Ҳар як рӯзи нав – машқ! Барои асаб ва сабратонро санҷидан – машқ. Муборизаро давом диҳед.
***
Вақте муносиб наомад, донед, ки ҳанӯз муносиб нашудаед.
***
Зеботарин шаб – шаби ошиқон. Ошиқон дар шаб нафас мекашанд.
***
Одамони баҳрдида дигархелтаранд. Онҳо бовар мекунанд, ки мавҷҳо мавҷуд ва худашон ҳам мавҷ зада метавонанд.
***
Дар тарозу ҳамин хел мувозинат дарёбед, ки ба ҳар ду дунё дар сафи ғолибон бошед.
***
Манзил дар асл дур нест. Ба роҳ ҳозир шуданамон дур аст.
***
Дар тақдир тасодуфҳо шуданаш мумкин. Лекин армуғони тақдир тасодуфӣ нест.
***
Рӯзҳои мусоид бо пойи худ намеоянд, онҳоро офаридан лозим.
***
Як гул эҳтимол ҳаётатонро дигар созад. Вақте гул надоданд, донед, ки ба дигар шудан эҳтиёҷ надоред.
***
Зебо меомадаҳо бисёр. Зебо мерафтаҳо кам.
***
Ба омадан худатон имкон меёбед, ба рафтан имконро тақдир медиҳад.
***
Дӯст бисёр шуданаш мумкин, лекин ҳамроҳ яктост.
***
Саросема нашавед. Натозед. Лекин аз роҳ намонед.
***
Дардҳое ҳастанд, ки бахт медиҳанд.
Бахтҳое ҳастанд, ки дард медиҳанд...
***
Одамон висолро меҷӯянд. Висол ҷӯёи ошиқон аст.
***
Ёрро дар роҳ наҷӯед. Ӯро дар манзил меёбед.
***
Ҳамааш одӣ: Шумо кофтан мегиред, шуморо кофтан мегиранд. Кофтанро бас кунед, шуморо ҳам намекобанд.
Тарҷумаи Муҳаммадҷон Шодӣ.