Ӯзбекистон ва Тоҷикистон: Дӯстии аз санҷиши асрҳо гузашта

Алҳол муносибатҳои дӯстонаи байни кишварҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ба сатҳи нав бардошта шуданд. Ин табиист, зеро ҳангоме ки дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳру деҳоти кишварҳои мо сайру саёҳат мекунед, ҳадду ҳудуд ва фарқияти байни фарҳангҳои мардуми моро эҳсос намекунед.

Онҳо хеле ночиз ва ноаён ҳастанд. Бинобар ҳамин ҳам моро бисёр вақт «як халқи ба ду забон сухангӯ» меноманд. Ин воқеиятест, ки мо онро дар ҳаёти маишӣ, дар ҷашнҳо ва анъанаҳои оилавии худ мунтазам мушоҳида мекунем.

Мероси маънавӣ ва фарҳангӣ

Қаробати маънавии халқҳои мо садсолаҳо пеш ибтидо гирифтааст. Вале рамзи равшани ин ваҳдату ягонагӣ, бешубҳа, дӯстии ду мутафаккири бузург, шоирон Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба шумор меравад. Асарҳои ин ду нобиғаро то имрӯз дар мактабу донишкадаҳои ҳар ду кишвар меомӯзанд, арзиши асарҳои навиштаи онон то кунун қадру қиммати худро гум накардаанд. Ин дӯстии бисёрасрина алҳол дар доираи беш аз пеш васеъ таҷассуми нави худро дармеёбад. Ба наздикӣ ба наворбардории филми бадеии таърихии «Дурахши ситораҳо: Ҷомӣ ва Навоӣ» ба анҷом расид. Он дар бораи дӯстии халалнопазири ин шоирони бузурги асрҳои XIV-XV, ки қисмат ва эҷодиёташон тӯли даҳсолаҳо ба ҳам зич алоқаманд буд, ҳикоя мекунад.

Сарони ду давлат – Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускорони банаворбардории филми мазкур гардиданд. Ин шаҳодати он аст, ки ҳар ду мамлакат ба ҳифзи мероси умумии фарҳангӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.

Мусиқа, анъана ва ҳунар

Мусиқа ва санъат низ аз ҷумлаи соҳаҳое ҳастанд, ки халқҳои моро муттаҳид мекунанд. Оҳангҳои классикии «Шашмақом» сарвати умумии ду халқ ба шумор мераванд. Оҳангсозони ҳар ду мамлакат аз созу асбобҳои ягона, аз ҷумла най, доира, ғиҷҷак, дутор, рубоб ва ғайра истифода мебаранд. Дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ ҳунармандон  аз Тошканд ва Душанбе аксар ҳангом якҷо баромад мекунанд. Ин ягонагӣ дар ҳар оҳанг, дар ҳар шеър, суруд ба гӯш мерасад. Рақс, суруд ва урфу одатҳои ҷашниву сурии мо низ решаҳои ягона доранд. Умуман дар созу навоҳои ду халқ оҳанги ягонаи тантанавӣ ва сурури умумӣ танинандоз мегарданд.

Ҳунар ва маишати халқҳои мо ончунон ба ҳам омехтаву печидаанд, ки эҷодиёташон, гӯё як ороиши нотакрор дорад. Газворҳои машҳури атлас ва адрас бо рангу гулҳои нодир ва пурҷозиба аз тариқи технологияҳои ягонаву қадимии ҳар ду мамлакат истеҳсол карда мешаванд.

Гулдӯзиҳои сӯзанӣ, ки хонаҳоро ҳусн мебахшад, маснуоти сафолии Риштон ё худ Истаравшан ҳама аз наху гили ягонаи анъанавӣ бофтаву сохта шудаанд. Устоёни моҳир тӯли асрҳо табодули таҷриба кардаанд, асрори рангрезии ришта ва пухту пази гилро ба ҳамдигар омӯхтаанд. Мо дар рӯзгори ҳамарӯза мушоҳида мекунем, ки мӯди кунунӣ низ чи дар Ӯзбекистон ва чи дар  Тоҷикистон ин нақшҳои бостониро ба нозукӣ истифода мебаранд ва дар пояи онҳо навъҳои наву тоза меофаранд.

Сайёҳӣ

Сайёҳӣ боз як махсусияти пешбурди дӯстии халқҳои мост. Ин ба хусус дар рушди хатҳои сайёҳии Самарқанду Бухоро, Хуҷанду Помир равшан эҳсос мегардад. Ба шарофати барқарор шудани хатсайрҳои нақлиётӣ, ки тӯли солҳои дуру дароз пӯшидаву мамнӯъ буданд, ҷанбаи сайёҳӣ дар ҳар ду кишвар зуд ва ҳамаҷониба тараққӣ кард. Баъди моҳи марти соли 2018, ки роҳҳои сарҳадии байни Ӯзбекистону Тоҷикистон кушода шуданд, хатсайрҳои автобус ва автомобилгарди байни шаҳрҳои ду кишвар низ боз гардиданд ва имрӯз ҳатто дар байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар ҳам равуои автобусҳои мусофиркашон ба роҳ монда шудаст.

Иқтисодиёт, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ

Агар мубодилаи моли байни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соли 2017-ум тақрибан 200 миллион долларро ташкил дода бошад, ин нишондиҳанда ҳоло  аз 800 миллион доллар гузашт. Сарони ҳар ду кишвар бар онанд, ки нишондиҳандаи савдои тарафайнро тӯли солҳои наздиктарин то ба миллиард доллар расонанд.

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти озуқаворӣ, маводи сохтмон, маҳсулоти кимиёвӣ, дӯзандагӣ, автомобил ва техника расонда медиҳад. Тоҷикистон бошад, дар навбати худ ба Ӯзбекистон алюмин, нахи пахта, меваву сабзавот, ҳамчунин симон мерасонад.

Тӯли солҳои  2017-2025 дар Тоҷикистон даҳҳо корхонаҳои муштарак кушода шуданд. Алҳол ширкатҳои ӯзбекистонӣ ба соҳаҳои саноати хӯрокворӣ, сохтмон ва хидматрасонии кишвари ҳамсоя фаъолона сармоягузорӣ мекунанд. Банкҳои кишвари мо бо муассисаҳои молиявии Тоҷикистон муносибати қаринро ба роҳ мондаанд, ки ин ҳисобу китоби байни корхонаҳои ду мамлакатро хеле содатар кард. Дар ноҳияҳои сарҳадӣ хонаҳои муштараки савдо ва марказҳои логистикӣ, ки нуқтаҳои рушди тиҷорати хурду миёнаи ҳар ду мамлакат шуданд, боз гардидаанд.

Ораш АКАБОЕВ,

хатмкунандаи Донишгоҳи давлатии забонҳои ҷаҳони Ӯзбекистон.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: