Қаҳрамони мо Шабнам ном дорад. Ӯ дар маҳаллаи Чилгази деҳкадаи зебоманзари Боғучорбоғ, дар оилаи зиёӣ – омӯзгори фанни математика Норбой Ҳамдамов ва кадбонуи хона Зархол Холмуъминова 20-уми январи соли 2008 ба дунё омадааст.
Шабнам духтари ягонаи хонадон буда, таҳти тарбияти падару модар аз овони хурдӣ ба донишандӯзӣ рағбат пайдо мекунад ва ба шеърхонию афсонагӯӣ завқи баланд дошт. Шабнам соли 2015 ба мактаби миёнаи рақами 45-уми зодгоҳ ба синфи якум қадам мегузорад ва аз омӯзгори пуртаҷриба Комил Норқулов таълиму тарбият меомӯзад. Онҳо дар оила чор нафар фарзанд буда, додаронаш Шаҳром дар синфи 9, Шаҳбоз дар синфи 6 ва Элбегӣ дар синфи 2 мехонанд ва ҳар се аълохон мебошанд.
Чуноне ки Шабнам нақл мекунад, ӯро аввал ба боғи маърифати адаб омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Султонмурод Тилабов ҳавасманд гардондааст. Вақте Шабнам синфи 9-ро хатм менамояд, бо маслиҳати падару модар таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами 87-уми ноҳияи Деҳқонобод, ки яке аз мактабҳои беҳтарин дар ноҳия шинохта шуда буд, идома медиҳад. Омӯзгори тоифаи олӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик Тӯйчӣ Чориёров мегӯяд, ки Шабнам яке аз шогирдони беҳтарини ман буда, ба мутолиа ва таҳлили асарҳои бадеӣ завқи баланд дорад. Вай дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳурӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
– Ман хеле хурсандам, ки дар чунин мусобиқаҳои бонуфуз иштирок намуда, муносиби ҷойи дуюм гардидам. Дар ин муваффақият саҳми устодонам, бахусус, муаллими азизу фидоӣ Тӯйчӣ Чориёров бениҳоят бузург аст. Зеро устод ба ман нозукиҳои бахшҳои донишро омӯзониданд, – мегӯяд бо ифтихор Шабнам.
Дар ин хусус аз устод Тӯйчӣ Чориёров пурсон шудем.
– Ман худ иштироккардаи озмун-олимпиадаи бахши ҷумҳуриявӣ будам ва шогирдам низ ин анъанаро идома дод. Гуфтан ба маврид аст, ки дар замири ин бурдбориҳо анъанаи «Устоду шогирд» нақши ҳалкунандаро мебозад. Ман дар ин самт ба устоди азизу меҳрубонам Тошқул Мирзоев изҳори миннатдорӣ баён мекунам, – иброз дошт Т. Чориёров.
Қобили зикр аст, ки директори мактаби рақами 87-уми ноҳияи Деҳқонобод Маҳматнабӣ Ҳамдамов дар бораи рафти кори мактаб ва ходимони он, шароити таълим ва бо ҷиҳозҳои замонавӣ муҷаҳҳаз будани мактабро таъкид намуда, аз ҷумла чунин гуфт:
– Дар мактаби мо аз 32 нафар омӯзгор 7 нафар маоши ҳазор доллар ва аз он зиёд мегирем. Ин, албатта, ба болоравии сатҳи таълими мактаб мусоидат менамояд. Хонандаи синфи 8-уми мактаби мо соли 2020 дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Беҳтарин китобхон» ғолиб шуда, соҳиби китобҳои бадеӣ ба маблағи 60 миллион сӯм гардид.
Аз соли 2019 то имрӯз сатҳи дохилшавии хатмкунандагони мо ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 59 фоиз кам нашуда, холҳои миёна аз 96 поён нарафтааст.
Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2024-2025 сатҳи дохилшавӣ 70 фоизро ташкил дода, холҳои миёна 104,96-ро дар бар гирифт.
Аз даври ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ ҳар сол аз 8 то 12 нафар хонандагони мо ба даври вилоятӣ роҳхат мегиранд ва ҳар сол аз онҳо 2-4 нафар ғолиби даври вилоятӣ мегарданд.
Муҳимтар аз ҳама, хонандаи синфи 11»А»-и мактаби мо – Шабнам Холиқулова дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи асосии фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо 3 миллиону 296 ҳазор сӯм мукофотпулӣ, медали нуқра ва диплом қадрдонӣ карда шуд.
Ба шарофати таваҷҷуҳи Президенти муҳтарам ба соҳаи маориф ва ҷавонон, барои онҳо имтиёзҳои зиёд фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, агар дар бораи имтиёзи ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ сухан гӯем, ба ӯ ҳангоми дохил шудан ба муассисаи таҳсилоти олӣ имтиёз дода мешавад ва агар ҳамчун омӯзгор фаъолият намояд, 100% иловапулӣ мегирад.
Ин маънои онро дорад, ки дар давоми 10 сол то 120 миллион сӯм даромад мешавад, ки дар фаъолияти меҳнатӣ имкони соҳиб шудан ба манзил ва ҳатто мошинро фароҳам меорад.
Илова бар ин, дар солҳои таҳсили 2024-2025 ва 2025-2026 хонандагони мо дар озмуни «Беҳтарин мактаб дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ» дар даври ноҳиявӣ ҷойи 1-умро ишғол намуда, соҳиби мукофоти 100 миллион сӯм гардид. Имсол ният дорем дар даври вилоятӣ иштирок намуда, 250 миллион сӯм ҷоизаро ба даст орем.
Дар самти варзиш низ дастовардҳо назаррасанд. Хонандаи мо Паризод Эргашева дар мусобиқаи варзишии намуди «Санъати ҷанги Ӯзбекистон», ки дар шаҳри Тирмиз баргузор гардид, дар вазни 37 кг. миёни наврасон ғолиби мутлақи ҷумҳурӣ шуд. Ҳамаи хонандагони синфи 10 дорои сертификати сатҳи B2 аз забони англисӣ мебошанд. Нақшаҳои ояндаамон аз он иборатанд, ки хонандагонамон дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, сатҳи дохилшавии хатмкунандагонро ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба 100% расонем.
Эшонқул Ҳамроев,
омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи рақами 87-уми ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё.
Дар сурат: Шабнам Холиқулова
бо устодаш Тӯйчӣ Чориёров.