Оё матбуот, воқеан озод аст?

Дар замони имрӯзаи ҷаҳонишавӣ иттилоот нерӯи бузургест. Аз ин нуқтаи назар озодии матбуот аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои муҳимтарини ҳар як ҷомеаи демократӣ маҳсуб мешавад.

Мо ба муносибати 3 май – Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар байни намояндагони соҳаҳои ба матбуот наздики вилояти Намангон дар мавзӯи «Оё матбуот, воқеан озод аст?» пурсиш гузаронидем.

Илҳомҷон РАҲМАТОВ – роҳбари хадамоти иттилоотии ҳокимияти  вилоят:

– Имрӯз матбуот новобаста аз он, ки нашрияи чопӣ, телевизиониву радиоӣ ё шабакаҳои иҷтимоист, метавонад ҳар мавзӯъеро, ки хоста бошад, инъикос ва баррасӣ кунад.

Аз ҷумла, дар рӯзномаи «Наманган ҳақиқати», ки нашрияи ҳокимияти вилоят аст, мо на танҳо дар бораи натиҷаҳои ислоҳот, ҳамчунин вобаста ба камбудиҳое, ки дар маҳалҳо маҷуданд, мақолаҳо мехонем. Дар рӯзномаҳои «Наманган садоси» ва «Янгиқӯрғон ҳаёти» низ мақолаҳои танқидӣ чоп мешаванд.

Сухан танҳо дар бораи нашри мақолаҳои танқидӣ нест, озодӣ танҳо бо ин чену баркаш карда намешавад. Барои намояндаи матбуот дар бораи корхона, муассиса ва ташкилоте бидуни ягон монеа ва мушкилот маълумот гирифтану фаъолияти онро инъикос кардан муҳим аст. Ҳоло мо метавонем бигӯем, ки таваҷҷуҳ ба хидматрасонии иттилоотӣ дар мақомоти давлатӣ асоснок карда шудааст. Зеро новобаста аз он, ки намояндаи воситаи ахбори оммавӣ ба кадом созмон ё агентӣ муроҷиат кунад, ҳоло мутахассисе ҳаст, ки метавонад мустақиман бо ӯ мулоқот кунад. Агар дар мисоли хадамоти иттилоотии маъмурияти вилоят бигирам, то ҳол ягон дархости намояндаи ВАО ё блогер беэътибор намондааст ва дар оянда низ беэътибор нахоҳад монд.

Абдулвоҳид НУРИДДИНОВ– дотсенти Донишгоҳи давлатии Намангон:

– Дар соҳаи матбуот озодии мутлақ нисбатан вуҷуд дорад. Мо аз ин ё аз он ҷиҳат бояд ва водорем дар доираи ин ё он қонун фикр баён кунем.

Масалан, тарғиби либоси миллӣ ба маъракабозӣ табдил ёфтааст. Дар баъзе ташкилоту корхонаҳо, дар муассисаҳои таълимӣ фақат як рӯз ё як соат либоси миллӣ пӯшида, аксбардорӣ карда ба наворҳо муҳр мекунанду бас. Дар ин хусус дар матбуот низ бонг мезананд. 

Гулчеҳра БУВАМИРЗОЕВА – хабарнигори «Наманган ҳақиқати», узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон:

– Агар журналист ҷуръат дошта бошад, дониши ҳуқуқӣ ва касби худро хуб донад, метавонад дар ин масъалаи озодии сухан андешаҳояшро нависад.

Имрӯз дар ҷомеа тафаккури танқидӣ пайдо шудааст, ҳатто масъулони вазорату ҳокимиятҳо низ ба рӯзноманигорон маълумот медиҳанд. Рафтор, тарзи либоспӯшӣ ва тӯйҳои боҳашамати мақомдорон дар байни мардуми одӣ муҳокима мешаванд. Яъне ҳама дар ҷомеа бояд дар назди қонун баробар бошанд ва ба қонунҳо итоат кунанд. Агар ҷомеа фаъол бошад ва кормандони воситаҳои ахбори оммавӣ аз гуфтани ҳақиқат натарсанд, дар оянда натиҷаҳои боз ҳам беҳтарро ба даст овардан мумкин аст.

Дар ҷомеа мушкилоти зиёде ҳастанд, ки мо бояд якҷо ҳал намоем. Бар зидди коррупсия мубориза барем. Аз ҷумла, ташкилотҳо бояд ҷалби кормандонро ба тариқи онлайн рақамӣ кунанд. То ки мутахассиси дипломдор кори арзандаро пайдо кунад. Иштироки фаъоли ҷомеа дар муайян кардани онҳое, ки ба шиносбозӣ роҳ медиҳанд, зарур аст. Аммо пӯшида нест, рӯзноманигоре, ки андешаи худро озодона баён мекунад, ноаён бо монеаҳо ва фишорҳои гуногун рӯбарӯ мешавад. 

Мусохон АППАҚОВ – роҳбари Шӯрои маънавият ва маърифати вилоят:

– Солҳои охир имкониятҳои паҳн кардани иттилоот васеъ шудаанд ва баёни озодонаи афкор тавассути платформаҳои онлайн осонтар гардидааст. Интернет майдони имкониятҳои нав аст. Рушди блогнависон ва рӯзноманигории мустақил озодии матбуотро то андозае васеъ кардааст.

Озодии матбуот на танҳо бо қонун, балки бо муҳити ҷорӣ низ муайян карда мешавад. Ҳарчанд сатҳи ошкороии матбуот афзоиш ёфтааст, на ҳама дарҳо барои маълумот гирифтан кушодаанд.

Яъне озодӣ ҳаст, аммо маҳдудиятҳо низ ҳастанд. Боз бисёр журналистон баъзан худашон аз фарогирии мавзӯъҳои муайян худдорӣ мекунанд, зеро аз фишор метарсанд. Ин шаҳодати он аст, ки озодӣ комил нест.

Абдулло ҒОЗИЕВ – муҳаррири газетаи «Шифокор ва ҳаёт»-и нашри Садорати нигаҳдории тандурустӣ ва саломатии вилоят:

– Имрӯз дар бораи озодии матбуот фикрҳои гуногун мавҷуданд. Ҳамчун мутахассиси соҳа метавон гуфт, ки имкониятҳои гирифтан ва паҳн кардани ахбор нисбат ба пештара ба таври назаррас васеъ шудааст. Суръат тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ афзоиш ёфтааст ва журналистон имкон доранд, ки масъалаҳои гуногунро ошкоро муҳокима кунанд. Ин яке аз нишонаҳои муҳими озодии матбуот аст. 

Саидолим АБДУРАҲМОНОВ – роҳбари хадамоти иттилоотии Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва мактабии вилоят:

– Дар ҷомеаи имрӯза муайян кардани соҳиби матбуот душвор аст. Матбуот озод нест, ҳеч гоҳ озод набуд ва ҳеч гоҳ озод нахоҳад шуд. Маблағгузорӣ ягона сабаби ин аст. Ҳар кӣ барои матбуот пул диҳад, ӯ соҳиби он аст. Матбуот таърихан ба «изм»-ҳо хидмат кардааст.

Матбуоте, ки дирӯз партовро танқид кард, рӯзи дигар соҳиби партовро ситоиш мекунад. Чаро? Чунки ба пул муҳтоҷӣ дорад.

Баҳодир СОТИМОВ – роҳбари шуъбаи таҳсилоти томактабӣ ва мактабии ноҳияи Чуст:

– Озодии матбуот ҳанӯз пурра таъмин нашудааст. Дар баъзе мавридҳо фишор ё худсензура низ мушоҳида мешаванд. Ба фикрам, матбуоти озод на танҳо танқид аст, балки таъминсозии иттилооти беғараз, рост ва масъулиятнок низ ҳаст. Мардум мехоҳанд, маълумоти боэътимод ва тасдиқшударо гиранд. Аз ин рӯ дар баробари озодии матбуот, масъулияти касбии рӯзноманигор низ нақши муҳим дорад. Барои пурра таъмин кардани озодии матбуот на танҳо асосҳои ҳуқуқӣ, балки шаффофият ва мавқеи фаъоли шаҳрвандии ҷомеа низ зарур. Танҳо дар он сурат матбуот воқеан озод буда метавонад.

Пурсиши  Шоҳида ДАМИНОВА,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: