Ҷасорат ва фидокорӣ фаромӯш намешаванд

Таърих гувоҳ аст онҳое, ки барои озодию ободии Ватан, рӯзгори осоиштаи мардум ҷони худро нисор кардаанд, ё бар муқобили душманон – истилогарон дар набардҳо ҷасорату фидокорӣ зоҳир намудаанд, ҳаргиз фаромӯш намешаванд. Мутаассифона, ҳаёт ҳамеша аз шодию сурур, роҳату фароғат иборат нест. Ҷангу набардҳо манбаи харобию вайронагӣ, хонумонсӯзию одамкушиҳо мебошанд.

Имсол ба Ғалаба аз болои фашизми Олмон дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ 81 сол пур шавад ҳам, ҳанӯз осори ин ҷанги хунин дар ҳар як хонадони диёри мо низ эҳсос мешавад. Дар ин ҷанг аз Ӯзбекистон қариб 2 миллион нафар иштирок карда, тақрибан 500 ҳазори онҳо барнагаштаанд. Фидокорию ҷасорати бобову падарони шуҷоъ моро аз истибдоди фашизм раҳонид ва имрӯз дар осоиштагию шукуфоии Ӯзбекистони соҳибистиқлол саҳми онҳо низ беандоза аст.                                                                                             

Замони мактабхонии мо дар ҳамаи деҳаю деҳкадаҳо миқдори иштирокдорони ин ҷанг зиёд буд. Онҳо ба мактабҳо, муассисаю корхонаҳо ташриф меоварданд. Дар вохӯриҳо «гули сари сабад»-и анҷуман, дар тӯю маросимҳо файзбахши давра буданд. Нақлу ҳикояҳои собиқадорони ҷангу меҳнат чун «таърихи зинда» барои хурду калон дарси мардонагӣ ва садоқат буд. Мо дар  ҷашну тантанаҳо ташриф овардан ва суханрониҳои эшонро интизорӣ мекашидем. Ин анъана имрӯз ҳам идома дорад. Инсон сарнавишти худро намедонад. Вай чун ашки рӯйи мижгон амонат аст. Мутаассифона, ҳоло миқдори «таърихи зинда» – иштирокдорони ҷанг каму ангуштшумор аст. Дар аксар шаҳру ноҳияҳо онҳо намондаанд. Соли гузашта дар вилояти Бухоро эшон 7 нафар буданд, ҳоло танҳо 3 нафар: Файзулло Ҳоҷиев (дар ноҳияи Бухоро), Ҳоҷимурод Бектошев (Олот) ва Аҳмад Мӯҳсинов (шаҳри Бухоро) зиндаву саломатанд.

Сардори шуъбаи корҳои мудофиаи ноҳияи Бухоро Фирӯз Қодирович ба мо бобати дастрас кардани маълумот дар бораи иштироккунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон, ногирои гурӯҳи якум Файзулло Ҳоҷиев кумак кард. Баъди мулоқоти телефонӣ бо набераи ин собиқадори ҷангу меҳнат Шоҳзод Файзуллоев, ки корманди садорати бехатарии ҳаракати роҳи вилоят будааст, ҷониби деҳаи Арабхонаи ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Туркон» равона шудем.  Ҳавлии бобо дар шафати роҳи мумфарш, дар канори рӯд ҷойгир буд. Девори болои дарвозаро лавҳа бо навиштаҷоти «Дар ин хонадон иштироккунандаи Ҷанги дуюми ҷаҳон Ҳоҷиев Файзулло истиқомат мекунанд» зеб медод. Вақте вориди ҳавлӣ гардидем, хитоби баланди тоҷикии даруни хона диққатамонро беихтиёр сӯйи худ кашид. Аён гардид, ки духтури деҳа Мурод Ҳоҷиев бо ҳамшираи тиббӣ ба хабаргирии Файзуллобобои 104-сола омодаанд. Баъди вохӯрӣ бо онҳо шинос шудем.

– Сӣ сол боз ба Файзуллобобо ва аҳли ин хонадон кумаки тиббӣ мерасонем, – гуфт духтур Мурод Ҳоҷиев.

– Парастори асосии Ф. Ҳоҷиев келинашон – Дилбар Рашидова мебошанд, – илова кард вай ва маро ба Файзуллобобо шиносо намуд.

Суҳбати мо бо мӯйсафед осон нашуд. Чанд саволи ман беҷавоб ҳам монд. Аз гаронии гӯшҳо суҳбат осон накӯчид. Келини хонадон кумак расонд. Вай ба гӯши бобо наздиктар истода, матлаби моро мефаҳмонд. Писари хурдии Файзуллобобо, собиқ корманди Садорати корҳои дохилии вилоят Насрулло вориди хона шуд ва баъди вохӯрӣ вазъияти маро дида гуфт:

–  Ин бобати муомила бо падарам сазовори мукофот аст, – табассумкунон сӯйи ҳамсараш ишора кард вай.

– Панҷ-шаш сол пеш худашон даробаро мекарданд, акнун бистарӣ шудаанд. Хайрият, ҳамин модари бачаҳо ҳаст, – шукргузорӣ кард Насрулло...

Файзулло Ҳоҷиев 20 феврали соли 1922 дар деҳаи Арабхонаи ҷамоати шаҳрвандони деҳоти «Галаосиё» (ҳоло ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Туркон»)-и ноҳияи Бухоро дар хонадони Ҳоҷӣ Ҳасанов (соли таваллудаш 1870) ба дунё омадааст. Вай дар панҷсолагӣ аз модар ятим монда, таҳти парастории аммаю хешу табор ба воя расидааст. Файзулло то синфи 6-ум дар мактаби ба номи Ленини деҳаи Харгӯш таҳсил гирифтааст. Ӯ солҳои 1937-1942 сокини хоҷагии ҷамоавии «Куйбишев» буд. Соли 1942 аз ҷониби комиссариати ҳарбии ноҳияи Вобканд ба фронт сафарбар гардид.

Аскари қатории бистсола ҳамчун тирандози полки тирандозии рақами 7-уми Фронти 2-юми Белоруссия моҳи майи соли 1942 ба набард даромада, то моҳи январи соли 1944 баҳри озодии ватан дар ҷангҳои шадид иштирок кард. Борҳо бо аҷал рӯ ба рӯ омад, дар як лаҳза аз дӯстони ҷонӣ, ҳамяроқон ҷудо шуд, замин сахту осмон баланд буд. Чунин нокомию талафҳо, вайронию валангориҳо, даргирию хонумонсӯзиҳо сари ҳар дақиқаю ҳар соат ба вуқӯъ меомаданд. Вай дар зери борони аҷал бо ҷанговари солхӯрдаи самарқандӣ Мурод Шодиев ва ҳамполки вай Жулмебекови қазоқ шинос шуд ва чор-панҷ моҳ ба онҳо кумак расонд.

Боре онҳо дар чиллаи зимистон, ки ҳама ҷоро барф фаро гирифта буд, сӯйи ғарб ҳаракат карданд.

Баъди тақрибан ҳар 5 километр командирон ба нафасросткунӣ рухсат медоданд. Дар фронт 4-5 рӯз хӯрок нахӯрда ҷангидан ранги одатро гирифта буд. Як сӯи роҳ ҷарӣ буд. Баъзе куҳансолон ба ягона чанаи асп арғамчин баста, бо ёрии он пеш мерафтанд. Боре ҳамяроқи самарқандӣ назди Файзулло омада гуфт: «Ман туро дуо кардам, ту аз фронт сиҳҳату саломат ба зодгоҳат баргашта соҳиби оила, хонаю дар мешавӣ, хоҳиш дорам, агар дар ҷанг шаҳид шавам, ба болоям хок парто.»

Файзулло розӣ шуд. Мурод Шодиев қаноат ҳосил кард. Вай бо иҷозати командир нияти пасгардӣ дошт. Якчанд қадам ниҳода буд, ки ногаҳон самолёти душман пайдо шуда бомба партофт. Пайкари М. Шодиев баробари барфу хок ба ҳаво парид ва дигар нопадид шуд. Барои ба болои ҷасад хок партофтан ҳам ҳоҷат намонд. Ин воқеаи даҳшатнок дар хотири ӯ нақши пуралам гузошт...

Ф. Ҳоҷиев баъди ярадор шудан аз моҳи январи соли 1944 то феврали соли 1944 дар госпитали 5956-уми шаҳри Киев муолиҷа гирифт.

Сипас то июни ҳамон сол дар сафи тирандозони полки 210-уми Фронти 2-юми Белоруссия дар набардҳои шадид иштирок карда, боз захмдор шуд ва қариб шаш моҳ дар госпитали 4415-уми шаҳри Куйбишев хобид. Баъди муолиҷа моҳи ноябри соли 1944 ба полки тирандозии рақами 206-ум  ҳамроҳ шуд. Дар озодкунии шаҳрҳо иштирок карда, ба фарорасии Рӯзи Ғалаба аз болои фашизм 9 май саҳм гузошт.

Файзулло Ҳоҷиев дар давоми муҳорибаҳои пуршиддати шаҳрҳои Петропавловск, Курск, Воронеж, Улянов, Житомир, Киев, ҷангҳои соҳили Латвия, Полша, Литва, Пруссияи шимолӣ ширкат ҷуста, баъди поёнёбии ҷанг низ то ноябри соли 1945 хидмати ҳарбиро идома дод.

Вай моҳи декабри соли 1945 ба зодгоҳаш баргашт. Ӯро фавран табелчии бригадаи пахтакории колхози Ленин таъин карданд. 16 сол дар ҳамин вазифа кор кард. Аз моҳи марти соли  1961 то феврали соли 1985 дар хоҷагии ҷамоавии «Янги турмуш» ҳамин вазифаро давом дод. Баҳри равнақи хоҷагии халқи мамлакат, болоравии таҷрибаи зироатпарварӣ, рушди кишоварзӣ дар ҳудуд саҳмгузорӣ намуд. Дуои ҳамроҳ ва дӯсти самарқандиаш Мурод Шодиев мустаҷоб шуд, ки гуфтаҳояш пурра рӯи об баромаданд. Соҳиби оила, панҷ духтару панҷ писар, 31 набера, 67 абера, 7 чабера гардид. Файзулло Ҳоҷиев аз тири душман се дафъа захмдор (ду бор аз пой, як дафъа аз ҷоғ) шуда бошад ҳам, умри бобаракат дид. Вай сарбаланд аст, ки ҷасорату мардонагӣ, хидматҳои софдилонааш баҳри озодӣ ва тараққиёти халқу ватан бенатиҷа намондаанд. Собиқадори  ҷангу меҳнат бо бисёр ордену медалҳо, аз ҷумла бо ордени «Шараф» (дараҷаи сеюм), медали «Ҷасорат» (бо фармони Президенти Ӯзбекистон, соли 1994), нишонҳои  хотиравии ҷашнҳои «Ғалаба» ва ғайра мукофотонида шудааст. Ҳар сол дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр мувофиқи Фармони Президент роҳбарони вилоят ва мутасаддиён соҳа ба ҳавлиаш омада, ба вай «Табрикнома»-и сарвари давлат, мукофоти як дафъаинаи пулӣ, инъому туҳфаҳо месупоранд, аз ҳолаш хабар мегиранд, барои хидматҳои беғаразонааш сипосгузорӣ мекунанд. Файзуллобобо хуб медонад, ки дар мамлакати мо қадри инсон, масъалаи розӣ кардани мардум мақоми аввалиндараҷа пайдо кардааст. Аз ин рӯ, вай на фақат аҳли оила, фарзандону наздикони худ, балки хурду калон – ҳамдиёрони меҳрубонашро мунтазам дуо мекунад, онҳоро ба шукронагӣ, донистани қадру қимати осоиштагии Ватани азиз, ободтар намудани он даъват менамояд.

Амрулло Авезов,  хабарнигори

«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: