Дар Донишгоҳи давлатии тиббиёти байторӣ, чорводорӣ ва биотехнологияи Самарқанд чорабинии пуршукӯҳи хотирнишон ба вуқӯъ пайваст, ки дар он депутатҳои Палатаи қонунофарии Олий Маҷлис, намояндагони ҳизби экологии Ӯзбекистон, олимону пажӯҳишгарон, профессору устодони соҳаи экология ширкат варзиданд.
– Замин – асоси ҳаёти инсон, бехатарии озуқаворӣ ва ояндаи кишвари азизу муқаддаси мо аст, – иброз дошт депутати Олий Маҷлис Зебунисо Раҳмонова, – фаромӯш набояд кард, ки масъалаи экология асоси сиёсати давлатӣ, саломатии аҳолӣ ва ояндаи дурахшон аст. Дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» аҳамияти лоиҳаи «Макони сабз» қайд гардида, бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон Ӯзбекистони Нав ба диёри ҷаннатмакон табдил меёбад.
Дар анҷуман намояндагони соҳаҳо низ ба сухан баромада, оиди эҳёи табиат ҳарф заданд.
Сипас иштирокчиёни тадбир дар атрофи донишгоҳ барои бунёди боғу бӯстон саҳми арзанда гузоштанд.
Баҳодури ЗОҲИР.
Вилояти САМАРҚАНД.