Зафари нави ҷавонон: қадамҳои устувор ба сӯйи оянда

Дар замони рушди босуръати илму технология ҷавононе, ки бо донишу истеъдод ва заҳмати пайваста пеш мераванд, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа баромад мекунанд. Дар ин замина, дастовардҳои собиқ донишомӯзони мактабҳои рақами 30 ва 43-юми ноҳияи Нурато, ҳоло дастпарварони литсейи академии назди Донишгоҳи давлатии кон ва технологияи Навоӣ намунаи равшани чунин пешравиҳо ба ҳисоб мераванд.

Донишомӯзони болаёқат Ёдгор Суярқулов ва Парвин Абдуназаров бо натиҷаи назаррас дар имтиҳонҳои фаннӣ бори дигар собит сохтанд, ки ҷавонони имрӯз соҳиби донишу қобилияти баланд мебошанд. Онҳо бо ба даст овардани сертификат ва  гирифтани 189 холи максималӣ пеш аз мӯҳлат соҳиби мақоми донишҷӯ гардиданд. Ҳар ду бо баҳои аъло аз фанҳои физика ва математика, инчунин натиҷаҳои хуб аз дигар фанҳо маҳорати баланди зеҳнии худро нишон доданд.

Ин дастовардҳо танҳо маҳсули заҳмати шахсии донишомӯзон нестанд. Дар паси ҳар як муваффақият меҳнати содиқи омӯзгорон ва дастгирии доимии волидон меистад. Маҳз ҳамин ҳамкории сеҷониба – хонанда, омӯзгор ва оила заминаи муваффақиятҳи бузургро фароҳам меоварад. Бешубҳа, чунин пирӯзиҳо натанҳо ифтихори муассисаи таълимӣ, балки сарбаландии ҷомеа низ ба шумор мераванд.

Ӯзбакбойи Раҳмон,

хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти Навоӣ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: