«БА ДОНИШ ДИЛИ ПИР БАРНО БУВАД...»

Қариб 70 сол аст, ки бо доктори фанҳои физика-математика, ҷонишини ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, инсони хоксору росткор, меҳрубону дарёдил Аҳмадҷон Солеев риштаи дӯстӣ дорем, дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ ҳамроҳ мебошем, аз суфраи якдигар нону намак мехӯрем, рӯзҳои истироҳат сайри кӯҳсор мекунем ва рӯйи тахтаи шоҳмот «набардҳои шадид» анҷом медиҳем.

То мард сухан нагуфта бошад,
Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

Қариб 70 сол аст, ки бо доктори фанҳои физика-математика, ҷонишини ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, инсони хоксору росткор, меҳрубону дарёдил Аҳмадҷон Солеев риштаи дӯстӣ дорем, дар лаҳзаҳои ғаму шодӣ ҳамроҳ мебошем, аз суфраи якдигар нону намак мехӯрем, рӯзҳои истироҳат сайри кӯҳсор мекунем ва рӯйи тахтаи шоҳмот «набардҳои шадид» анҷом медиҳем.

Тааҷҷубовар, вале ҳақиқат ин аст, вақте тасмим бар ин шуд, ки дар бораи соҳибҷашн, ки аз боғи умри хеш 75-ум маротиба гул мечинад, матлабе нависам, хулоса кардам, ки навиштани мақола дар бораи шахсе фозилу доно, сухандону сухансанҷи ҷаҳонгашта кори осон набудааст. Бо вуҷуди ин, кӯшиш ба харҷ додам, ки матлаби дӯстон амалӣ гардад.

***

Бе азми дурусту саъйи комил,
Касро нашавад мурод ҳосил.

Аҳмадҷон аз волидайн тарбияи хуб гирифт. Аз нобаробарию душвориҳои рӯзгор ноумеду дилшикаста нашуда, баҳри расидан ба қуллаи мурод пайваста ва суботкорона кӯшиш ба харҷ дод. Падари бузургвораш мехост нахустфарзанд, мисли вай ба табиат дил баста, ба факултаи биология ё кишоварзӣ дохил шавад. Вале ӯ фанни душвор – математикаро интихоб намуд.

Ҳамааш аз он оғоз ёфт, ки боре холабачаҳои ӯ аз шаҳри Самарқанд ба меҳмонӣ омаданд. Аҳмадҷон саргарми ҳалли мисолҳои математикӣ буду сари калобаро намеёфт.

– Роҳи осон ана ин тавр, – Озодҷон мисолро зуд ҳал карда, бо завқ хандид. – Ин кор ҳеч душворӣ надорад-ку?!

– Муаллимамон ба тарзи дигар ҳал карда буданд, – ҳайрон шуд Аҳмадҷон, – аммо тафсири шумоён аҷиб. Якто мисолро бо чаҳор-панҷ роҳ ҳал мекунанд ва барои ҳамин фанни риёзӣ шавқовар аст.

Рӯзи дигар омӯзгор аз хонандагон вазифаи хонагиро пурсид. Аҳмадҷон дар як нафас масъаларо бо роҳи дигар ҳал намуд. Омӯзгор дар тааҷҷуб афтод.

– Муаллим, ман боз се тарзи тасрифи мисолҳоро медонам, – гуфт ӯ ва роҳҳои онҳоро нишон дод. Баъди ҳамон воқеа Аҳмадҷон дар озмунҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ширкат ҷуст.

***

То фазлу ҳунар оинапардоз нашуд,
З-иқбол даре ба рӯйи кас боз нашуд.

Дар олимпиадаи вилоятӣ ба ӯ ҷойи дуюм насиб гардид. Раиси комиссияи санҷиш Асад Амонов ҳангоми супурдани ифтихорнома ба ӯ гуфт:

– Ман маслиҳат медиҳам, ки ҳар рӯзи якшанбе шумо бояд ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд омада, дар маҳфили «Математикҳои ҷавон» иштирок кунед. Устодони соҳибтаҷриба дарс мегузаранд. Ҳа, дарвоқеъ, баъди як моҳ дар водии Фарғона олимпиадаи ҷумҳурӣ баргузор мешавад. Умед дорам, ки шумо шарафи Самарқандро муносиб ҳимоя мекунед.

Аҳмадҷон тафсилоти суҳбатро ба падараш гуфт. Қиблагоҳаш Солеҳҷон Шодиев таклифи Асад Амоновро дастгирӣ кард. Акнун ӯ рӯзи истироҳат ба донишгоҳ омада, аз олимони номдор сабақ мегирифт. Аҳмадҷон на танҳо аз риёзӣ, аз дигар фанҳо ҳам аълохон буд. Ӯ мактаби миёнаро бо медали тилло хатм кард.

Ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии Самарқанд супурд. Вай дар курси чаҳорум таҳсил мегирифт, ки аз Маскав А. Брюно ном олими ҷавон омад. Ташрифи ӯ барои донишҷӯён як воқеаи аҷиб ва таъсирбахш буд. Дар 27-солагӣ ба ҳама ҳам доктори фанҳои физика ва математика шудан насиб намегардад. Александр Дмитриевич инчунин профессори Донишгоҳи давлатии Маскав буд.

Ҳангоми дар толор гаштан ӯро аз донишҷӯён фарқ кардан хеле душвор буд. Чунин шуд, ки ӯ дар дигар гурӯҳҳо дарс мегуфт. Аз ҳамин сабаб аксарияти ҷавонони ташнаи илм ба ӯ бо ҳавас менигаристанд.

– Чаро ба мо низ дарс намегӯяд? – рӯзе эътирози худро баён кард яке аз донишҷӯён. – Мо ҳам мехоҳем аз суҳбати ӯ баҳра барем.

– Марҳамат, – гуфт роҳбари гурӯҳ Шаҳобиддин Шарифов, – хоҳишмандон метавонанд ба маърӯзаҳои вай иштирок кунанд.

Дар ҳақиқат, Брюно дар боби алҷабр ва назарияи ададҳо бисёр чизҳо медонист ва аз дарси ӯ толибилм бисёр чизҳоро аз худ мекард.

Дар давоми се моҳ ҷавонони самарқандӣ аз ӯ бисёр чизҳоро омӯхтанд. Онҳо ба Александр Дмитриевич пеш аз бозгаштан аз курси махсуси риёзӣ имтиҳон супурданд. Аҳмадҷон Солеев ва чанд нафари дигар низ хоҳиши аз санҷиш гузаштан карда, диққати муаллими русро ба худ кашиданд. Олими рус аз 12 нафар танҳо ду нафарро интихоб кард.

– Шумо дар Маскав хондан намехоҳед? – ногаҳон таклиф намуд вай ба Аҳмадҷон. – Илмдӯстии шумо ба ман хеле писанд омад.

– Ба ман Ленинград маъқул аст, – фикри худро баён кард Аҳмадҷон, – мегӯянд, ки шаҳри хеле зебо ва муҳити илмиаш ҳам хуб аст.

– Дуруст, – паст наомад А. Брюно, – лекин олимони пурқувват дар марказанд. Ҳангоми интихоби шаҳр ҳамин чизро ҳам ба назар гиред.

Аҳмадҷон аз волидайн фотиҳа гирифт ва ҳамроҳи ҳамкурсаш ба Маскав омад. Донишгоҳи ба номи Ломоносов ӯро ба ҳайрат гузошт. Дар хусуси ин маскани илму ирфон аз рӯзномаю маҷаллаҳо бисёр хонда буд, аммо хондан дигар будаасту дидан дигар. Ба қавле, шунидан кай бувад монанди дидан.

Александр Дмитриевич намояндагони Самарқандро хуш пазируфт. Барои хобгоҳ аз хонааш ҷой дод. Дар донишгоҳ низ роҳбалад буд. Бо чанд ҳамкасби худ ошно сохт, барои донишомӯз шуданашон дасти ёрӣ дароз кард. Аҳмадҷон ва дӯсти ҳамкурсаш ҳангоми саволу ҷавоб бо донишҷӯёни Маскав фаҳмиданд, ки дониши онҳо кофӣ нест. Биноан аз бахши аввал ҳамчун шунавандаи озод асрори риёзиро аз сари нав ба омӯхтан пардохт. Шаб то саҳар ва баъзан рӯзҳои истироҳат танҳо бо донишомӯзӣ машғул мешуд. Шабҳои бехобӣ болои ҳалли мисолу масъалаҳои риёзӣ самараи худро доданд. Вай ба ивази ранҷи бешумори худ соҳиби бахту саодат гардид.

Пас аз бозгашт ба Ватан ӯро ба мудири кафедраи алгебра ва геометрияи факултаи механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд тавсия намуданд. Баъди се сол ӯ вазифаи басо пурмасъулият – бори ҷонишинии ректор дар бахши таълиму тарбияро ба дӯш гирифт. Бо вуҷуди пурташвиш будан, пайваста бо кори илмӣ машғул мешуд. То имрӯз беш аз ҳафтод номгӯй мақолаи илмӣ ва оммавӣ навишта, дар рӯзномаю маҷаллаҳои бонуфузи дунё чоп кардааст.

Аз ҳама муҳимаш, бо ташаббуси ӯ дар шаҳри бостонии Самарқанд анҷуманҳои гуногуни математикҳои ҷаҳон низ гузаронида мешаванд.

Кафедраи алгебра ва геометрия, ки ӯ роҳбарӣ мекунад, маскани дӯстдоштаи математикони на танҳо донишгоҳ, балки тамоми ҷумҳурӣ мебошад.

Камина дар куҷое хонда будам, ки риёзӣ шоҳи тамоми фанҳост.

– Риёзӣ чӣ тавр пайдо шудааст? – боре пурсидам аз ӯ.

– Бо боварии том метавон гуфт, ки баробари пайдоиши инсон, – посух дод Аҳмадҷон Солеевич. – Дар замонҳои қадим одамон бо шикор зиндагӣ мекарданд. Он чизе, ки ба даст меоварданд, байни худ тақсим мекарданд. Мумкин дар навбати аввал бо кумаки ангуштҳо шумора пайдо шуд. Баъд панҷаҳо низ барои ададҳои бисёр камӣ кард, маҷбур шуданд, ки аз сангчаю чӯбча истифода баранд. Бо мурури замон усули ҳисоб тараққӣ ёфт. Аз ин ҷо дар мафҳуми мо калимаҳои «ҷамъ», «тарҳ», «тақсим» ва ғайра пайдо шуд.

Ҳоло мо дар ҳаёти ҳаррӯзаамон дар ҳар қадам бо риёзӣ рӯ ба рӯ мешавем. Аз ҳамин сабаб, ҳаётро бе риёзӣ тасаввур кардан душвор аст.

Ҳамчунин, ӯ ба бозии шоҳмот шавқи зиёд дорад. Агар аз назди чойхона гузараду шатранҷбозонро бинад, ҳатто хӯрокро фаромӯш мекунад. Дар ин бозӣ низ бештар мантиқи риёзиро мебинад.

– Шахсе, ки худро ба риёзӣ бахшидааст, – мегӯяд ӯ, – кӯшиш мекунад, ки онро ба кори тамоми ҳаёташ табдил диҳад. Ба ҳар як ҳодиса аз нуқтаи назари илм менигарад. Садоқат ба шоҳи фанҳо ҳамин аст!

Байтҳои зерини Абулқосими Фирдавсӣ ба ӯ нерӯи тоза мебахшанд:

Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

Ба ранҷ андар орӣ танатро, равост,
Ки худ ранҷ бурдан ба дониш сазост…

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,

хабарнигори «Овози тоҷик»

дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: