Имрӯзҳо дар ноҳияи қадимии Бойсуни вилояти Сурхондарё, ки дар иҳотаи кӯҳҳои сарсабзу осмонбӯс қарор дорад ва бо табиати дилфиреб, таърихи куҳан, мероси ғании фарҳангӣ, манзараҳои дилкаш, ҳавои мусаффо ва обу гиёҳҳои шифобахши худ шуҳратёр гардидааст, мавсими сездаҳуми Ҷашнвораи байналмилалии фолклории «Баҳори Бойсун» идома дорад.
1-2 майи соли ҷорӣ гурӯҳи намояндагони як қатор марказҳои милливу фарҳангии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи муносибатҳои байнимиллӣ ва масъалаҳои ҳамватанони бурунмарзӣ Қаҳрамон Сориев бо мақсади иштирок дар ҷашнвора, инчунин, шиносоӣ бо корҳое, ки дар минтақа ҷиҳати ҳифзи анъана ва арзишҳои миллии намояндагони миллатҳои гуногун, тарбияи насли наврас дар руҳияи ҳамҷиҳатии байнимиллӣ ва фарохдилӣ амалӣ мегарданд, аз Сурхондарё боздид ба амал оварданд.
Зиндагии фаъол дар «Орол»
Ҳайати намояндагонро дар вокзали роҳи оҳани Тирмиз вакилони ҳокимият ва марказҳои милливу фарҳангии вилоят пешвоз гирифтанд.
Баъдан меҳмонон аз Маркази ахбор-китобхонаи ноҳияи Тирмиз, воқеъ дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Орол» дидан карданд.
Ин марказ дар асоси қарори Президент аз 7 июни соли 2019 «Дар бораи минбаъд такмил додани хидматрасонии ахбор-китобхона ба аҳолии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» таъсис ёфта, алҳол яке аз масканҳои писандидаи китобдӯстони ноҳия ба шумор меравад.
– Дар марказ шӯъбаҳои «Ҳифз ва коркарди китобҳо», «Абонемент ва хизматрасонӣ ба корбарон», «Хидмати ахборот-библиография» ва «Технологияҳои ахбору коммуникатсионӣ ва рақамикунонӣ» амал мекунанд, – иброз дошт роҳбари шӯъбаи «Абонемент ва хизматрасонӣ ба корбарон»-и марказ Дилфуза Амонова. – Дар бойгонии мо беш аз 22 ҳазор дона китоб – дурдонаҳои адабиёти миллӣ ва ҷаҳон, инчунин, дастурҳои методӣ, китобҳои сабтӣ (аудиоӣ) маҳфузанд. Шумораи умумии аъзои китобхона беш аз 13 ҳазор нафарро ташкил намуда, теъдоди асосии онҳо донишомӯзон ҳастанд. Ғайр аз ин, дар марказ маҳфилҳои «Пайравони ҷадидон» ва «Китобхонҳои заковатманд» низ амал мекунанд, ки дар машғулоту чорабиниҳои онҳо низ наврасони ноҳия фаъол иштирок менамоянд.
Зикр гардид, ки дар назди Маркази ахбор-китобхонаи ноҳия Осорхонаи кишваршиносӣ ташкил гардидааст. Дар он таърих, фарҳанг, тарзи зист ва анъанаҳои мардуми маҳаллӣ инъикоси худро ёфтаанд.
Дар идома ҳайати намояндагон ба хонадони яке аз фаъолони маҳалла Хонгелдӣ Қурбонов ташриф оварда, бо анъана ва ҳунарҳои миллии мардуми туркман аз наздик шинос гардиданд.
Бояд гуфт, ки «Орол» яке аз маҳаллаҳои пешқадами ноҳия ба шумор рафта, 95 дарсади сокинони онро туркманҳо ташкил медиҳанд. Зимни мулоқот бо аҳолии маҳалла аён гардид, ки мардум аз ҳаёти худ мамнунанд ва аз имкониятҳое, ки дар мамлакат барои беҳбуди сатҳи зиндагонии аҳолӣ фароҳам мегарданд, босамар истифода мебаранд.
– Дар 753 хонадони маҳалла 4173 нафар аҳолӣ умр ба сар мебаранд, – иброз дошт сардори ҷавонони маҳалла Аҳрор Алламуратов. – Дар маҳалла ду кӯдакистон – ташкилоти таълими томактабии рақами 12 ва як боғчаи хусусӣ амал мекунад. Инчунин, мактаби таълими умумии рақами 3 фаъолият дорад, ки дар он қариб 900 нафар донишомӯз таҳсил мегиранд.
Бино ба таъкиди сардори ҷавонон, аҳолии маҳалла асосан бо кишоварзӣ машғул гардида, дар соҳаи истифодаи гармхонаҳо, бахусус парвариши бодиринг, помидор, шибиту гашнич таҷрибаи ба худ хос доранд.
Пас аз суҳбату мулоқоти самимӣ ва баҳра бурдан аз сурудҳои миллии халқи туркман ҳайати намояндагон ҷониби ноҳияи хушманзари Бойсун роҳ гирифтанд.
Бойсун – шоҳкории мероси фарҳангии башарият
Он рӯз табиати Бойсун, бахусус, ҳудуди маҷмааи сайёҳии маҳаллаи Бибиширин файзу шукӯҳи дигар дошт. Сим-сим борон меборид ва насими форам накҳати баҳори нозанин, гулу раёҳинро ба машом мезад. Ҳама ҷониб пургул буд. Аз ҳар гӯша садои савту суруд ба гӯш мерасид.
Пайроҳаи дароз ба масофаи 180 метр тӯл кашида, дар худ ҳашт услуби миллиро таҷассум намуда буд. Дар канори он намунаҳои санъати амалӣ ва ҳунармандӣ, лавозимоти рангоранг, адрасу атлас ба чашм мерасиданд. Кӯрпаи қуроқ, ки 35 метр дарозӣ ва 5 метр паҳноӣ дошт, инчунин, тоқӣ, доира, лаган ва ашёи дигари миллӣ, ки аз таърихи куҳани ин манзили бостонӣ гувоҳӣ медоданд, ҳар як тамошобинро шефтаи худ мекарданд. Намоишгоҳҳои мероси моддиву ғайримоддии воҳа, қӯрғонҳои алоҳидаи ҳар як ноҳияи вилоят, намоиши анъана ва арзишҳо, либосҳои миллӣ, намунаҳои эҷодиёти даҳонакии халқ, суруду рақсҳои қадимӣ, бозиҳои мардумӣ табъро болида менамуданд. Бо як сухан, таровати баҳорӣ ва рӯҳияи таърихии Бойсун дар маҷмааи сайёҳӣ ба ҳам омада буданд.
Ҳайати намояндагон, ҳокимони шаҳру ноҳияҳои вилояти Сурхондарё, вакилони сафоратхонаҳои давлатҳои хориҷӣ дар мамлакат, меҳмонон ва дастаҳои фолклории хориҷӣ, пиру ҷавони ноҳияи Бойсун аз павилонҳои шаҳру ноҳияҳо боздид намуданд.
Сипас, маросими тантанавӣ оғоз ёфт. Ҳокими вилояти Сурхондарё Улуғбек Қосимов иштирокдорони фестивалро табрик кард. Ҷашнвораи байналмилалӣ кушода эълон гардид. Суруди миллӣ танинандоз шуд.
Таъкид гардид, ки муҳити нодири фарҳангии Бойсун соли 2001 аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун шоҳкории «Мероси фарҳангии даҳонӣ ва ғайримоддии башарият» эътироф гардид ва соли 2002 ба ин фестивал асос гузошта шуд. Баъдан, соли 2008 ба Рӯйхати репрезентативии «Мероси фарҳангии ғайримоддии башарият» дохил карда шуд. Ва маҳз дар натиҷаи таваҷҷуҳи махсуси Президент Шавкат Мирзиёев ба масъалаи ҳифзу рушди фарҳанг, санъат ва мероси миллӣ нуфузи ҷашнвораи «Баҳори Бойсун» дар миқёси байналмилалӣ вусъат ёфт. Дар ҷашнвораи имсола иштирок кардани беш аз 150 нафар намояндагон қариб аз 40 мамлакати ҷаҳон, инчунин, 16 дастаи фолклорӣ-этнографӣ низ инро собит менамояд.
Маҳаллаи аҳлу тифоқ ва обод
Тибқи барномаи сафар, рӯзи дуюм меҳмонон ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Авлод»-и ноҳияи Бойсун рафтанд. Қисми асосии мардуми ин маҳаллаи дурдасти дорои табиат ва манзараҳои дилкаш, тоҷикзабонҳо ҳастанд.
Аҳли маҳалла намояндагонро бо шеъру суруд пешвоз гирифт. Сипас, ба онҳо дар бораи таомҳои миллӣ, гиёҳҳои шифобахши кӯҳистон, ҳунарҳои мардумӣ маълумот доданд. Анъанаҳои худро муаррифӣ карданд.
– Маҳаллаи мо хеле ободу сарсабз аст, – гуфт раиси маҳалла Ӯрол Тӯраев. – Боғдорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ бахшҳои асосии даромади мардум ба шумор меравад. Дар маҳалла як кӯдакистони хусусӣ ва мактаби таълими умумии рақами 8 фаъолият доранд, ки ҳар ду дорои шароити хубу замонавӣ ҳастанд. 90 дарсади роҳҳои дохилӣ мумфаршанд ва дар ҳама ҷо обравҳои бетонӣ гузошта шудааст. Беш аз 2700 нафар аҳолии маҳалла аҳлу тифоқ умр ба сар мебаранд. Ман беҳуда ба ҳамҷиҳатии мардум ишора накардам. Мо ба маънои воқеӣ муттаҳид ҳастем ва ин аст, ки аксар корҳои ободонии маҳалларо бо роҳи ҳашар, аз як гиребон сар бароварда, анҷом медиҳем. Маҳз ба туфайли чунин ҳамдигарфаҳмӣ се бор дар лоиҳаи «OpenBudget» ғолиб шудем. Дар пирӯзии аввал мактабро таъмир кардем. Дар мавсими якуми «Буҷети ташаббуснок» барои соли 2026 низ ду лоиҳаи мо аз рӯйи сохтмони стадиони хурди футбол ва ҳавзи шиноварии болопӯшида ғолиб гардид. Ҳоло корҳои сохтмон дар арафаи оғозёбист.
Бо як сухан, Ҷашнвораи байналмилалии «Баҳори Бойсун» ҳамчун платформаи муҳим дар ҳифз ва тарғиби мероси ғании фарҳангии Ӯзбекистон хидмат мекунад. Тавассути ин чорабинӣ анъанаҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, ҷашнвора барои таҳкими минбаъдаи мавқеи Ӯзбекистон дар харитаи фарҳангии ҷаҳон мусоидат менамояд. Дар доираи чунин ҷашнвораҳо ба деҳаву маҳалҳои маскуни миллатҳои гуногун ташкил намудани сафарҳо бошад, барои боз ҳам баланд бардоштани эътибори чорабинӣ ҳамчун ҷашнвораи дӯстӣ, ҳамҷиҳатӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва сулҳу субот хидмат хоҳад кард.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик».
Тошканд – Тирмиз – Бойсун – Тошканд.