Дар шаҳри Врнячка-Баняи Сербия чемпионати ҷаҳон оид ба шоҳмот дар намуди рапид ва блис (тезамал ва барқосо) дар байни духтарони аз 8 то 18-сола ба поён расид.
Намояндаи Ӯзбекистон гроссмейстери байналхалқӣ, соҳиби ҷоизаи ба номи Зулфия – Афрӯзабону Ҳамдамова аз 9 имконият 8,5 хол гирифта, соҳиби медали тилло шуд.
Афрӯзабону яке аз чеҳраҳои шинохташуда дар байни духтарон аст. Ӯ бори нахуст дар 8-солагӣ қаҳрамони ҷаҳон шуда, то имрӯз ҳафт маротиба ба шоҳсуфаи баланд баромад. Пас аз бозгашти қаҳрамон ба Самарқанд мо бо ӯ ва падараш Акбар Ҳакимов суҳбат оростем. – Духтарам айёми бачагӣ ба шоҳмот дил баста, дар панҷсолагӣ аллакай асрори мӯҳраронӣ, раддабандӣ, ҳаракатҳои ғайричашмдошту ногаҳонӣ сохтанро омӯхт. Он айём бо дӯстон рӯйи тахтаи шоҳмот барои пирӯзӣ ба қавле «набардҳои шадид» авҷ мегирифтанд ва ӯ бо диққату эътибори хоса мушоҳида мекард. Ман шавқу ҳавасашро дида донарониро ёд додам. Дере нагузашта ба натиҷаи мусавӣ розӣ нашуд. Ана барои ин аз Сурхондарё ба шаҳри зебои Самарқанд кӯч бастем, ки дар ин ҷо шатранҷбозон ва мураббиёни соҳибтаҷриба хеле бисёранд. Раҳматӣ Шаҳоб Ҳамроқулов Афрӯзаро ба шогирдӣ гирифт ва пайваста асрори мӯҳрарониро омӯзонд.
– Акбарҷон, шумо ҳамчун падар ва нахустин устод гӯед, ки барои тарбияти қаҳрамони ҷаҳон чӣ бояд кард?
– Аввало меҳнатқаринӣ. Вале танҳо меҳнат кам аст. Барои пирӯзӣ ва комёбӣ соатҳои тӯлонӣ дар паси тахтаи шоҳмот нишаста, бозиҳои мунтахаби чемпионҳои номдори ҷаҳонро таҳлил ва хатокории хешро фаҳмидан, пуртоқат будан ва дигар хислатҳои варзишгарони иродаашон қавӣ тақлид намудан лозим.
– Асрори чунин комёбиҳо дар чист?
– Албатта, хидмати шоистаи устодони соҳибтаҷриба бузург аст. Ҳоло ғайр аз ман се нафар устодони номдори хориҷӣ, ки дар байни онҳо қаҳрамонҳои ҷаҳон ҳастанд, дарсҳои маҳорат мегузаранд. Бо вуҷуди он Афрӯзабону пайваста бозиҳои шатранҷбозони машҳур Андерсен, Пол Морфӣ, Михаил Чигорин, Александр Алёхин, Михаил Ботвинник, Бобби Фишер, Вера Менчик, Нона Гаприндашвилӣ, Майя Чебурданидзе, Юдит Полгар ва дигаронро таҳлил мекунад, меомӯзад. Бо ин роҳ истеъдоди худро сайқал медиҳад. Рост гуфтаанд, ки ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд, ҳеч оҳане ханҷари тезе нашуд.
– Дар Сербия рақибони ман низ қавӣ буданд, – ба суҳбат ҳамроҳ шуд Афрӯзабону, – намояндаи Русия, гроссмейстери байналхалқӣ Олесия Власова ва дар бозии охирин Зарина Нургалиева аз Қазоқистон, ба қавле, рақибони «дандоншикан» буданд, вале офтоби бахт ба рӯям тофт.
– Афрӯза, мағлубиятро чӣ гуна қабул мекунед?
– Ҳар як мағлубият дарс аст. Баъди мағлубият беихтиёр фикру андеша мекунед, ки дар куҷо иштибоҳе шудааст. Ҳақ асту рост, ки: «Ҳар кӣ ӯ бар айби худ бино шавад, рӯҳи ӯро қуввате пайдо шавад».
– Нақшаҳои ояндаатон аз чӣ иборат?
– Дар моҳи майи соли равон дар Муғулистон чемпионати Осиёи Марказӣ баргузор мешавад, ки камина дар дастаи мунтахаби Ӯзбекистон шарафи кишвари азизро ҳимоя мекунам. Дар охири моҳи август бошад, дар шаҳри Самарқанд Бозиҳои 46-уми ҷаҳонии шоҳмот хоҳад шуд. Мо – варзишгарони Ӯзбекистон кӯшиш мекунем, ки чун дар Ҳиндустон аз шоҳсуфаи баланд ҷой гирифта, нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорем.
Аз фурсат истифода бурда, ба ҳокими вилоят, раиси Федератсияи шоҳмоти вилояти Самарқанд Адиз Бобоев миннатдорӣ изҳор мекунам, ки ниҳоят дар шаҳри мо мактаби махсуси шатранҷ таъсис ёфт ва Президент дар ифтитоҳи муассиса ширкат варзид.
Умедворем, ки варзишгарони самарқандӣ дар бозиҳои гуногуни байналхалқӣ ва ҷаҳон ба муваффақиятҳо соҳиб мешаванд.
– Ба шумо дар як вақт ҳам таҳсил дар мактаб ва ҳам иштирок дар мусобиқаҳо, чӣ тавр муяссар мешавад?
– Ҳоло дар синфи 10-уми мактаби таҳсилоти умумии рақами 43-юми шаҳри Самарқанд таҳсил мегирам, ҳангоми сафар тавассути онлайн сабақ гирифта истодаам. Гарчанде забони модарии ман тоҷикӣ аст, ба забонҳои ӯзбекӣ, русӣ, англисӣ озод ҳарф мезанам.
Зоҳир Ҳасанзода,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.