Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд

  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд
  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд
  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд
  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд
  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд
  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд
  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд
  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд
  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд
  • Дастовардҳо зиёданд ва мушкилиҳо низ вуҷуд доранд

Дар пурсишномаи рӯзҳои охире, ки таҳририяти рӯзномаи «Овози тоҷик» дар байни даҳ мактаби таълимоти умумии ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона гузаронид, мактаби рақами 13-ум, воқеъ дар қаламрави ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Себзор» бо ба даст овардани беш аз 750 овоз ғолиби он эътироф гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюм насиби мактабҳои рақами 3-юм ва 12-ум гардид.

«Баҳодури тоҷик» – ифтихори мардум

Баъди натиҷагирии пурсишнома ба мактаби таҳсилоти умумии рақами 13-ум ташриф овардем, то ки бо рафти корҳои таълиму тарбия дар он аз наздик ошно шавем. Ин мактаб аз шумори он мактабҳои собиқадор ба шумор меравад, ки таълиму тарбия дар он хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Чашмони ҳар меҳмоне, ки ба ин мактаб ташриф меоварад, пеш аз ҳама ба нимпайкараи қаҳрамонписари тоҷик Тешабой Одилов меафтад, ки бо виқори хос як гӯшаи саҳни ҳавлии ин мактабро шукӯҳ бахшидааст.

Дарвоқеъ, мо дар саҳифаҳои «Овози тоҷик» доир ба кору пайкори  Тешабой Одилов борҳо матолиб чоп кардаем. Вай аз шахсиятҳои маъруфе ба шумор меравад, ки ғайр аз мардуми ду кишвари дӯсту бародар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон дар соири кишварҳои дигари пасошӯравӣ низ шинохта шудааст. Дар бораи ҷасорату қаҳрамониҳои ӯ дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳон  адибони зиёди тоҷику ӯзбек, русу украин ва белорус, мисли М.Турсунзода, С.Улуғзода, М. Миршакар, М. Раҳимӣ, З. Ҷавҳарӣ, М. Аминзода, Ойбек, А. Раҳмат, А. Гитович, П. Лукнитский, Т. Дяченко, З. Пивен, А. Белоголовсев ва дигарон қиссаву достон, шеърҳо ва маводи зиёди публитсистӣ навиштаанд.

То барҳамхӯрии номи муассисаҳои таълимоти умумӣ дар кишварамон мактаби таълимоти умумии рақами 13 ба номи Тешабой Одилов номгузорӣ мешуд. Ҳоло низ дар як гӯшаи долони дароз доир ба кору фаъолияти Тешабой Одилов чи дар майдони ҷанг ва чи дар хоҷагии халқ маълумоти фаровон гирдоварӣ шудааст. Нимпайкарае, ки дар саҳни мактаб гузоштаанд, бо ташаббуси маъмурияти он ва фарзандони ин шахси барӯманд насб гардидааст ва чаҳор фасли сол атрофашро гулҳои тару тоза зеб мебахшанд. 

Директори ҷавон ва ҷамоаи фаъоли ӯ

Султонбек Анварбеков яке аз ҷавонтарин директорони мактабҳои ноҳия муаррифӣ шудааст. Вай факултаи тайёрии ҳарбии Донишгоҳи давлатии Фарғонаро хатм карда, дар ин мактаб машғули фаъолият шудааст.

– Бо маслиҳату машварати бевоситаи устодони ботаҷриба ҳоло корҳоямон хеле хуб пеш мераванд. Дар мактаб 43 нафар омӯзгорон ба 553 нафар донишомӯзон таълиму тарбия медиҳанд. Аз ин шумор 6 нафар соҳиби дараҷаи олӣ, 7 нафар дараҷаи аввал, 7 нафар дараҷаи 2-юм ва 20 нафар аз зумраи мутахассисон маҳсуб меёбанд, – мегӯяд С. Анварбеков.

Ба таъкиди ӯ ба ҷамоаи мактаб имсол ду нафар омӯзгорони ҷавон – Меҳриноз Алимуҳаммадиён ва Шоҳина Азимҷонова пайвастаанд, ки ба шогирдон аз санъати тасвирӣ ва забони русӣ сабақ медиҳанд. Вай тазаккур дод, ки дар доираи вакантҳое, ки эълон карда буданд, чаҳор нафар омӯзгорон аз минтақаҳои гуногун ба мактаби онҳо ба кор ҷалб карда шудаанд ва онҳо ба таълиму тадриси забони англисӣ, фанҳои кимёву биология, математика ва дарси тарбияи ҷисмонӣ машғуланд.

 

Шеърдонӣ нутқи шогирдонро бурро мекунад

 

Бо роҳбаладии директор вориди чанд синф шудем. Маро он нукта ба ваҷд овард, ки ҷамъи омӯзгорон ба донишомӯзони ҳамаи синфҳо одоби муоширатро хеле хуб ёд додаанд. Хусусан, аз рафти таълиму тарбия дар синфҳои ибтидоӣ хеле хурсанд шудем. Дар синфи 2-юм моро муаллим Лутфулло Иброҳимов бо чеҳраи кушод истиқбол гирифт.

Бо иҷозаи ӯ аз донишомӯзон пурсидем, ки кӣ шеър мехонад. Ҳамаи дастҳо бардошта шуданд. Шогирдони Лутфулло яке аз паси дигар ба шеърхонӣ даромаданд.

– Донистану қироати шеър забони кӯдаконро хеле бурро мекунад. Зеро агар дар синфи ибтидоӣ кӯдак ба шеърдонӣ ва азёд кардани ҷадвали зарб муваффақ шавад, дар синфҳои болоӣ донишомӯзӣ барояш осон мегардад, – мегӯяд Лутфулло Иброҳимов.

– Ибораҳои «Ассалому алайкум», «Хуш омадед» сарчашмаи одобу ахлоқи ҳамида мебошанд, ки бояд кӯдаконамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем ва онро дар зеҳнашон мустаҳкам кунем, – мегӯяд омӯзгори синфи 1-ум Садоқат Одилова.

Такмили ихтисос таҷдиди назар мехоҳад

Баҳодур Ботиров ҳанӯз соли 1991 ба мактаби рақами 13 ба кор омадааст. Вай мегӯяд, ки мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм карда, дар шуъбаи ғоибонаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил намуд.

– Он замон дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик дар мактаб хеле зиёд буд. Дар синфҳои 5-11 ин дарсҳо тадрис мешуданд. Аммо ҳоло вазорати таълим соатҳои дарси забону адабиёти тоҷикро хеле ихтисор кардааст ва сабабашро касе ба мо шарҳ намедиҳад. Агар солҳои пеш дар мактаб 5-6 омӯзгор бо соатҳои дарсии забон ва адабиёти тоҷик таъмин мешуданд, ҳоло танҳо ду нафар метавонад ба тадриси забон ва адабиёти тоҷик машғул шавад, – мегӯяд бо таассуф Б. Ботиров.

Вай соҳиби тоифаи олӣ мебошад, бо вуҷуди ин, маошаш ҳудуди панҷ миллион сӯмро ташкил мекунад, ки ба гуфтаи ӯ дар шароити имрӯза чандон маблағи қобили мулоҳиза намебошад.  

– Дар масъалаи забони китобҳои дарсӣ низ баъзе эътирозҳо дорам. Хусусан, зимни ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани осори як қатор адибон ба саҳлангориҳо роҳ додаанд. Ба назарам, забони тоҷикӣ ба ҷойи содашавӣ мушкилфаҳм шуда меравад. Гузашта аз ин, дар як синфе, ки 30-35 нафар донишомӯз таҳсил мекунад, гузаштани дарс ва кор бо шогирдон осон намешавад. Баъзе дарсҳоро дар мактаб тақсим карда мегузаранд ва агар чунин имконият барои муаллимони забон ва адабиёти тоҷик низ фароҳам оварда шавад, нур болои нур хоҳад буд, – иброз медорад Б. Ботиров.

Тавре ки вай боз тазаккур дод, масъалаи такмили ихтисоси муаллимони забон ва адабиёти тоҷик низ таҷдиди назар мехоҳад.

– Дар дарсҳои забон ва адабиёти тоҷик бояд навиштани диктанту иншоро тақвият бахшид ва ба ин васила дараҷаи саводнокии донишомӯзонро боло бурд. Хушбахтона, дар мактабамон ба синф бо телефон даромадан манъ аст ва ин боис мегардад, ки фикру зикри донишомӯзон фақат ба дарс ҷалб гардад, – мегӯяд Б. Ботиров.

Муаллим набояд ба ҳаққи шогирдон хиёнат кунад

Суҳбатамон бо омӯзгори фанни физикаву риёзиёт Ҳамидҷон Ҳакимҷонов аз он шурӯъ шуд, ки пешравии давру замон танҳо аз кадрҳои донову салоҳиятнок вобаста аст. Вай гуфт, замон хеле босуръат тараққӣ мекунад, технологияҳои наву замонавӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти имрӯза корбаст мегарданд. Барои ҳамин, агар муаллим шогирдони ба талаби давру замон ҷавобгӯ тайёр накунад, бояд аз пайи кору шуғли дигар шавад.

Дарвоқеъ, вай аз зумраи он омӯзгорон ба шумор меравад, ки баъди чаҳор соли хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе дар ноҳия ба ҳайси омӯзгори варзида шинохта шудааст ва бо тавсияи шуъбаи таълими халқ таҷрибаи ӯро дар мактабҳои дигар оммавӣ гардондаанд.

– Соли 1993 ин кор ба вуқӯъ пайваст. Дар семинари минтақавие, ки дар мактаби мо аз фанни физика баргузор гардид, доир ба беҳбуди таълими ин фан ва истифодаи таҷҳизоти гуногун баромад кардам ва ба саволҳои зиёд посух додам. Муҳтавои баромади бандаро иштирокчиёни семинар хеле хуб истиқбол гирифтанд, – бо фурӯтанӣ ба ёд меорад Ҳ. Ҳакимҷонов.

Шуъбаи таълими халқи ноҳия фаъолнокӣ ва ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, соли 1998 Ҳамидҷон Ҳакимҷоновро директори ин мактаб таъин кардааст. Вай мегӯяд, ду нафар шогирдонаш – Шерхон ва Шаҳзод Асрорхӯҷаевҳо бевосита пайрави ӯ шуданианд ва ҳоло дар факултаи физикаву риёзиёти Донишгоҳи давлатии Фарғона муваффақона машғули таҳсил мебошанд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ҳоло низ бо ҳамон шавқу рағбат ба синф медарояд ва талош меварзад, ки шогирдонаш чӣ тавр гузаштани 45 дақиқаро ҳис накунанд. Вай мегӯяд, омӯзгор ҳақ надорад, ки ин вақти кӯтоҳакакро ба ҳарфу корҳои беҳуда сарф намояд ва ба ҳаққи шогирдони худ хиёнат кунад.

– Вақте ки Фаррух Пӯлодови омӯзгор, Аслонбек Муродови иқтисодчӣ, пизишкон – Нозирҷон Назаров, Меҳрубон Болтаев, Фирдавс Амирбеков ва Шӯҳрат Холбобоев, Фаррух Билолови соҳибкор дар вақтҳои фориғ аз корашон ба мактаб ташриф меоранд, аз суҳбати гарму самимиашон ҷисму ҷонамро ифтихор фаро мегирад. Онҳо баъди хатми донишгоҳҳо ба халқу Ватан бо сарфарозӣ хидмат мекунанд. Оё аз ин дида барои устодон бахти баланд ҳаст? – суол мекунад ӯ ва худаш посух медиҳад: – Ҳаргиз!

Аз зумраи шогирдони дигари ӯ – Ҳасан ва Ҳусейн Болтаев, Наимҷон Алимуҳаммадов ва Абдувалӣ Турдиалиев дар донишгоҳҳои хеле муътабари ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд. Ҳусейн Болтаев аз номи Донишгоҳи иқтисодиёти Тошканд дар олимпиадаи байналмилалӣ, ки дар Туркманистон шуда гузашт, соҳиби медали биринҷӣ шуд, ки боиси фахри устодонаш гардид. 

Ногуфта намонад, ки Ҳамидҷон Ҳакимҷонов борҳо аз тарафи Садорати таълими халқи вилоят ва шуъбаи таълими халқи ноҳия низ бо ташаккурнома ва мукофотҳои гуногун сарфароз гардидааст. Аммо барояш нишони сарисинагии «Фидокори таълим» хеле азиз мебошад.

«Падарам мехостанд, ки ман муаллими фанни забони англисӣ шавам»

 Қобилҷон Муҳиддинов зодаи деҳаи Қизилқиёқи ноҳияи Янгиқӯрғони вилояти Намангон мебошад. Вай соли 2023 факултаи забони англисии Донишгоҳи давлатии Намангонро хатм кардааст ва дар муддати ду соли фаъолият соҳиби тоифаи олӣ шудааст. Дар оғози суҳбат ҳисси кунҷкобиам боло гирифт ва суол кардам, ки чӣ тавр ба ноҳияи дурдасти Сӯх ба кор омад.

– Вақте ки аз вакант будани муаллими забони англисӣ дар мактаби рақами 13-уми ноҳияи Сӯх огоҳ шудам, бе дудилагӣ қарор кардам, ки ба ин ноҳияи эксклави ҷумҳурӣ биёям ва ба донишомӯзони он забони англисиро ёд диҳам, – посух дод Қ. Муҳиддинов.

Ба гуфтаи Қобилҷон, бевосита бо ташаббуси падар аввал ба омӯзиши забони русӣ пардохтааст ва дар пай забони англисиро ёд гирифтааст. Вақте ки аз таҷрибаи чанд моҳи худ нақл намуд, ки дар мактаби рақами 13 пиёда мекунад, хеле ба ваҷд омадам ва ин аз ҳисоби маблағҳои шахсии худ рағбатноккунии шогирдонаш мебошад.  

– Дар байни шогирдон озмун эълон кардам ва гуфтам, ки ҳар кӣ дар як моҳ ҳудуди як ҳазор вожаи англисӣ ёд гирад, ғолиб соҳиби планшет, ҷойи дувум сазовори ду миллион сӯм, ҷойи сеюм соҳиби 600 ҳазор сӯм, ҷойи чорум – 300 ҳазор сӯм ва ҷойи панҷум – 200 ҳазор сӯм ба даст меорад. Бовар кунед, натиҷаи хеле хуб ба даст омад! Донишу малакаи шогирдон дар муддати кӯтоҳ тақрибан ба 50 дарсад боло рафт. Ҳоло 8 нафар донишомӯзони мо барои ба даст овардани сертификат талош мекунанд ва албатта, муваффақ хоҳанд шуд, – мегӯяд бо итминон Қ. Муҳиддинов.

Дарвоқеъ, дар ин мактаб аз рӯи вакант чаҳор нафар омӯзгорон аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ба кор ҷалб шудаанд. Барои он маъмурият шароити кофиро фароҳам овардааст. Директори мактаб мегӯяд, чанд муддат мактабашон дар рӯйхати сурх қарор дошт ва ҳоло вазъият комилан тағйир ёфтааст ва корҳои таълиму тарбия хеле хуб пеш мераванд.

Забони русӣ – забони Пушкин

Заррина Мамаҷонова дар шаҳри Конибодоми Тоҷикистон зода шудааст. Падару модараш дар омӯзишгоҳи педагогии ин шаҳр таҳсил намуда, беш аз даҳ сол он ҷо зиндагӣ кардаанд. Барои ҳамин, Заррина то синфи панҷум дар мактаби рақами 1-уми ин шаҳр таҳсил кардааст ва мактаби рақами 14-ро дар деҳаи Ҳушёр хатм намудааст.

– Соли 1991 ба шуъбаи рӯзонаи факултаи забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии  омӯзгории Самарқанд дохил шудам ва аз вақти хатми он то кунун дар синфҳои 2-11-и мактаби рақами 13 ба шогирдон забони Пушкин, Лермонтов, Толстой ва Тургеневро меомӯзонам. Соли 2005 дар озмуни Муаллими сол ширкат кардам ва яке аз ҷойҳои ифтихориро ба даст овардам, – мегӯяд З. Мамаҷонова.

– Усул ё методикаи таълиму тадрис равандест, ки танҳо гирифтани диплом кифоят намекунад ва кори асосӣ дар мактаб оғоз меёбад. Солҳои аввали ба кор омаданам ба ин мактаб бароям устодон С. Болтаева ва М. Сангинов хеле дасти ёрӣ дароз кардаанд, ки ҳамеша аз онҳо сипосгузорам. Ҳарчанд ҳарду аз собиқадорони мактабамон маҳсуб меёбанд ва ҳоло давраи бознишастагиро паси сар мекунанд, гоҳ-гоҳ ба ин маскани илму маърифат ташриф меоранд ва аз мо даъват мекунанд, ки нисбати ин кори пурмасъулият ва пуршараф бетафовут набошем.  

Варзиш – гарави саломатӣ

– Мактаб дорои ду варзишгоҳ мебошад. Дар варзишгоҳи сақфаш пӯшида дар фасли сармо машғулиятҳо мегузаронем. Аммо аз аввали фасли баҳор то фаро расидани таътили тобистона, инчунин зимни боришоти борон машғулиятҳо дар варзишгоҳи фаршаш сунъӣ гузаронида мешаванд. Ҳар ду варзишгоҳ бо маводи зарурӣ хеле хуб муҷаҳҳаз шудаанд. Варзишгоҳи дувум ба ивази маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст, – мегӯяд муаллими тарбияи ҷисмонии ин мактаб Равшан Миршарифов.

Вай меафзояд, ки барои духтарон машғулиятҳои ин дарсро ҳамтояш Нодира Қӯзибоева мегузаронад. 

Хоҷагии ёрирасон – манбаи даромад

Дар айни ҳол атрофи бинои мактаб хеле сарсабзу хуррам ва ниҳолҳои ороишиву мевадиҳандаи он нашъунамо доранд.

– Дар майдонҳои киштшаванда зироати гуногун парвариш меёбанд. Як қисми ҳосилро дар ошхонаи мактаб истифода мебарем. Маблағе, ки аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти зиёдатӣ ва меваҳои гуногун ба даст меояд, барои рафъи эҳтиёҷи мактаб сарф мекунем, – мегӯяд Султонбек Анварбеков.

 Вай боз меафзояд, ки соли гузашта аз дарахтони себу зардолу хеле ҳосили фаровон ба даст омад. Имсол низ ин дарахтон ҳосили хуб хоҳанд дод. Масъули парвариш ва нигоҳубини хоҷагии ёрирасони мактаб бар дӯши Қамбаралӣ Акбаралиев гузошта шудааст, ки аз илму ҳунари деҳқонӣ хеле хуб бохабар мебошад.

***

Ба шарафи пирӯзии мактаби таҳсилоти умумии рақами 13 дар пурсишномаи рӯзномаи «Овози тоҷик» дар Кохи фарҳанги деҳаи Ҳушёр як чорабинии доманфароху мутантан роҳандозӣ гардид. Ин чорабиниро директори мактаб Султонбек Анварбеков бо сухани муқаддимавӣ кушод.

– Пирӯзии мактабамон дар пурсишнома боиси ифтихори ҷамоаи омӯзгорону донишомӯзони мактаб, ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Қақир» ва падару модарон мебошад. Минбаъд низ мо ҳамкориро бо ин рӯзнома давом медиҳем ва ваъда медиҳем, ки барои ним соли ояндаи соли 2026 ҳамаамон ба он обуна мешавем. Албатта, бо ин роҳ ҳар як шумораи онро мехонем, – гуфт директори мактаб.

Банда ба сифати хабарнигори рӯзнома маъмурияти мактаб, донишомӯзон ва онҳоеро, ки дар ин пирӯзӣ саҳм гирифтаанд, табрик гуфтам. Баъд аз номи таҳририяти рӯзнома ба маъмурияти мактаб бо имзои сармуҳаррири он Шерпӯлод Вакилов «Ташаккурнома», телевизор ва ба бист нафар омӯзгорону донишомӯзони фаъол туҳфаи хосу гаронбаҳо супоридам.

Чорабиниро гурӯҳи ҳунарии «Ситораҳои кӯҳсор»-и Кохи фарҳанги деҳа таҳти роҳбарии Равшан Аҳроров, овозхонони моҳир Гулнор Саидова ва Неъматҷон Мамасолиев шукӯҳи хос бахшиданд. 

Матолиби саҳифаро мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Фарғона Мирасрор АҲРОРОВ ба чоп омода кард.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: