Дар рӯзҳои гарми тобистон, яхмос яке аз шириниҳои дӯстдоштаи мардум ба шумор меравад. Он на танҳо ташнагӣ ва гармиро каме сабук мекунад, балки рӯҳияро болида месозад ва ба организм миқдори муайяни энергия мебахшад.
Бо вуҷуди ин, ҳангоми истеъмоли ин маҳсулот риояи қоидаҳои бехатарӣ хеле муҳим аст.
Тибқи меъёрҳои амалкунанда, яхмос бояд танҳо дар нуқтаҳои расмии савдо фурӯхта шавад. Аз ҷумла, яхмосҳои мулоим (фрезерӣ) танҳо дар ҷойҳои доимии савдо пешниҳод гарданд. Ҳамчунин, фурӯшандагон бояд аз муоинаи тиббӣ гузашта, бо либоси махсуси санитарӣ фаъолият намоянд.
Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки аз харидани яхмосҳои кушодае, ки дар кӯча ва дар шароити ғайрисанитарӣ фурӯхта мешаванд, худдорӣ намоед. Маҳсулоте, ки дар ҷойҳои номуайян омода ё бе риояи қоидаҳои нигоҳдорӣ нигоҳ дошта мешавад, метавонад сабаби пайдоиши бемориҳои гуногун гардад. Хусусан, яхмоси обшуда ва аз нав яхкардашуда хатари рушди микроорганизмҳоро зиёд мекунад.
Ҳангоми интихоби яхмос ба истеъмолкунандагон тавсия дода мешавад, ки ба нуктаҳои зерин диққат диҳанд:
— танҳо маҳсулотро аз истеҳсолкунандагони боэътимод харед
— санаи истеҳсол ва муҳлати истифодаи маҳсулоти бастабандишударо санҷед;
— мутмаин шавед, ки яхмос дар ҳарорати -18 дараҷа нигоҳ дошта шудааст;
— ба мавҷудияти сертификатҳои сифат ва бехатарӣ аҳамият диҳед.
Ғайр аз ин, ҳангоми истеъмоли яхмос низ бояд меъёрро риоя кард. Хӯрдани зуду саросема метавонад ба гулу ва дандонҳо зарар расонад. Беҳтар аст онро оҳиста-оҳиста, бо қисмҳои хурд истеъмол намоед. Хӯрдани яхмос дар ҳолати шиками холӣ низ барои меъда чандон мувофиқ нест.
Ҳангоми додани яхмос ба кӯдакон, махсусан эҳтиёткор бошед. Зеро системаи масунияти онҳо ҳанӯз пурра ташаккул наёфтааст ва истеъмоли зиёди маҳсулоти сард метавонад ба бемориҳо оварда расонад.
Хулоса: яхмос ширинии болаззат ва дӯстдоштании тобистон аст. Аммо танҳо бо интихоби дуруст, нигоҳдории мувофиқ ва истеъмоли мӯътадил метавон аз он баҳра бурда, саломатиро ҳифз кард.