ПУРСИШНОМА ДАР БАЙНИ МАКТАБҲОИ ВИЛОЯТИ ТОШКАНД АНҶОМ ЁФТ: НАТИҶАҲО ЧӢ ХЕЛ?

Дар пурсишнома, ки аз 29 апрел (соати 12:12) то 6 май (соати 15:00) идома ёфт, ҷамъ 3076 нафар овоз доданд.

Дар саҳифаи расмии рӯзномаи “Овози тоҷик” дар телеграм бо мақсади муайян кардани мактаби фаъолу пешқадами вилояти Тошканд дар байни чордаҳ мактаби ноҳия пурсишнома гузаронида шуд.

Дар пурсишнома, ки аз 29 апрел (соати 12:12) то 6 май (соати 15:00) идома ёфт, ҷамъ 3076 нафар овоз доданд.

Бино ба натиҷаҳои ҷамъбастӣ мактаби таълими умумии рақами 9-уми ноҳияи Бӯка (директор Саидбунёд Аҳмедов) бо ҷамъ овардани 1028 овоз ҷойи якумро ба даст овард.

Ҷойи дувум ба ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 55-уми ноҳияи Бӯка (директор Муҳаммадзоҳид Ҳафизов), ки 940 овоз ҷамъоварӣ намуданд, насиб кард.

Ҷойи сеюмро бо ҷамъоварии 403 овоз ҷамоаи мактаби таълими умумии рақами 17-уми шаҳри Ангрен (директор Зебинисо Маҳкамова) соҳиб шуданд.

Дар пурсишнома ҷамоаи мактабҳои 25 (275 овоз, Бӯка), 44 (147 овоз, Бӯстонлиқ), 56 (126 овоз, Бекобод) ҷамъ карданд.

Аз рафти ҷамъоварии овоз низ метавон фаъолият, ташаббускорӣ, фаъолӣ ва самарадории кори директорони мактабҳоро баҳо диҳем. Сад афсӯс, ки баъзе мактабҳо, аз ҷумла, мактабҳои 37 (67 овоз, Ангрен), 14 (36 овоз, Паркент), 45 (22 овоз, Бӯстонлиқ), 47 (11 овоз, Чиноз), 54 (7 овоз, Паркент), 48 (6 овоз, Бӯстонлиқ), 42 (4 овоз, Паркент) ва 10 (4-то, Ангрен) ҳатто 100-то овоз ҷамъ карда натавонистанд. Дар ҳоле, ки овоздиҳӣ ягон мушкил, заҳмат ва ё маблағ талаб намекунад.

Ба ҳамаи онҳое, ки дар раванди овоздиҳӣ иштирок карданд, ТАШАККУР мегӯем.

Ёдовар мекунем, ки дар бораи ҳаёти мактаби фаъолу пешқадами ноҳияи Бӯка – мактаби рақами 9, ки дар пурсишнома овози бештар ҷамъ карданд, мақола омода ва таҳти рукни “Аз ҳаёти як мактаб” дар рӯзнома чоп мегардад.
Инчунин, мухбирони мо дар бораи мактабҳои “пасмонда”, ки овози КАМТАРИНРО ҷамъ овардаанд, фаъолият, камбудиҳо, яъне сабабҳои ақибмондагии ин боргоҳҳои таълимӣ низ мақола омода хоҳанд кард.  

Бо эҳтиром ҳайати эҷодии рӯзномаи "Овози тоҷик".

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: