Ёдбуди Хоҷа Аҳрори Валӣ

Носириддин Убайдуллоҳ ибни Маҳмуди Шошӣ, машҳур ба Хоҷа Аҳрори Валӣ, дар моҳи рамазони соли 806-и ҳиҷрӣ мутобиқ ба март-апрели соли 1403-юми милодӣ дар деҳаи Боғистони кӯҳпояи Тёншони Ғарбии қарибии Тошканд чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1490 дар деҳаи Камонгарони Ургути вилояти Самарқанди кунунӣ вафот кардааст.

Мувофиқи васияти Хоҷа Аҳрор муридонаш ӯро дар қабристони Хоҷа Кафшӣ ба хок месупоранд. Ҳоло  қабристон ва масҷиди он бо номи Хоҷа Аҳрор машҳур аст. Дар шафати ин масҷид мадрасаи Нодир Девонбегӣ ё Шердори хурд мавҷуд аст, ки яке аз зиёратгоҳҳои машҳури ноҳияи Самарқанд мебошад.

Тадқиқ ва омӯзиши ҳаёт ва фаъолияти Хоҷа Аҳрор, ки дар таърихи ислом ҳамчун яке аз пирони тариқати Нақшбандия шинохта шудааст, аз ҷониби олимони ватаниву хориҷӣ ҳанӯз аз овони ҳаёташ оғоз ёфта, то ҳол муттасил давом дорад.

Аз ҷумла, яке аз донишмандони шарқшиноси Покистон Ориф Навшоҳӣ доир ба Хоҷа Аҳрори Валӣ  муттасил тадқиқот бурда, бо ҳамин мақсад борҳо ба қадамҷойҳои Хоҷа Аҳрор сафарҳо кардааст.

Ориф Навшоҳӣ дар ташрифи навбатии худ ба Самарқанд бо ду китоби тозанашр – яке рисолаи пурмуҳтаво доир ба ҳаёт ва фаъолияти Хоҷа Аҳрор, дигаре китоби Фахриддин Алии Сафӣ ибни Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Рашаҳот айналҳаёт», ки ба Хоҷа Аҳрор ва ҳамсафони ӯ бахшида шудааст, омад, ки ҳар дуро дар Эрон нашр кардааст.

Дар Маркази байналхалқии илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ бахшида ба ёдбуди пири тариқати нақшбандия, донишманди маъруфи Шарқ Хоҷа Убайдуллоҳ Аҳрори Валӣ бо иштироки ин олими покистонӣ ҷаласаи илмӣ  баргузор шуд.

Директори марказ, доктори илми таърих, профессор Шовосил Зиёдов дар бораи мавқеи Хоҷа Аҳрори Валӣ дар таърихи тамаддуни Шарқ мулоҳизаҳои ҷолиби диққат баён кард.

Баъд Ориф Навшоҳӣ, ки ба қарибӣ соҳиби Ҷоизаи байналхалқии ховаршиносон ба номи Мирзо Абдулқодири Бедил гардида буд, дар бораи тадқиқотҳои илмии худ дар бораи Хоҷа Аҳрори Валӣ, ки чандин китоб дар ин мавзӯъ нашр кардааст, ҳарф зад. Вай инчунин дар бораи китоби Фахриддин Алии Сафӣ ибни Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Рашаҳот айналҳаёт», ки ба Хоҷа Аҳрор ва ҳамсафони ӯ башида шудааст ва ӯ дар асоси чандин нусхаи дастнавис ин китобро омодаи нашр намуда, ба қарибӣ дар Теҳрон аз нашр баровардааст, суханронӣ кард.

Донишмандони таърихи Самарқанд Комилхон Каттаев, Назирҷон Қамаров, мудири бахши дастнависҳои Маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ Йӯлдошхон Исоев дар бораи нусхаҳои нодири «Решаҳот айналҳаёт» дар китобхонаҳои Самарқанд ва заҳмати Ориф Навшоҳӣ дар нашри мукаммал ва саҳеҳи ин китоб мубодилаи афкор намуданд.

Дар ҷаласа ходимони илмии Маркази илмӣ-тадқиқотии Имом Бухорӣ ва донишмандону омӯзандагони Маркази ҳадисшиносӣ низ доир ба ин мавзӯъ мубодилаи афкор намуданд.

Дар шуъбаи дастхатҳои осорхонаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Комилхон Каттаев дар асоси манбаъҳои гуногуни дастнавис ва интишори осори Хоҷа Аҳрори Валӣ ва адабиёт доир ба ӯ мулоҳизаҳои худро баён намуд.

Вай китоби тозанашри худ оид ба Махдуми Аъзами Даҳбедӣ ва наздикони ӯро, ки ба қарибӣ аз нашр баромадааст, манзури хонандагон гардонид.

Олими покистонӣ дар давоми сафари худ дар Тошканд, Тирмиз, Насаф, Кеш, Бухоро ва Хоразм бо қадамҷойи Хоҷа Аҳрор ва салафҳои ӯ шинос шуда, барои китоби навбатии худ мавод ҳозир менамояд.

Мулоқоти ӯ бо эътиқодмандони Хоҷа Аҳрор ба омӯзандагони таърихи ислом ва мавқеи донишмандони гузашта ва имрӯзаи мо нисбат ба мероси ниёгон хеле муфид буд.

Аслиддин ҚАМАРЗОДА.
Вилояти Самарқанд.

 

 

 

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: